Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:37

Луганск аз Қазоқистон хост, мустақилияташро эътироф кунад

12 июн 2014, 11:55

Вилояти Луганск, ки худро ҷумҳурии мардумӣ меномад, аз 15 кишвар бо шумули Қазоқистон хостааст, истиқлолияташро эътироф кунанд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба дафтари матбуотии Ҷумҳурии мардумии Луганск хабар додааст.

“Муроҷиатнома аз номи Шӯрои олӣ (парлумон)-и Ҷумҳурии мардумии Луганск ба кишварҳое назири Русия, Абхазистон, Белорусия, Осетияи Ҷанубӣ, Ингушистон, Чеченистон, Қазоқистон, Арманистон, Сурия, Сербия, Венесуэла, Чин, Куба, Никарагуа ирсол шудааст”, - навиштааст манбаъ. Аз ин пештар, вакилони Луганск аз Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони миллали муттаҳид хоста буданд, ки мустақилияти онро эътироф кунад.

22 феврал дар пайи табадулоти давлатӣ дар Украина чанд минтақа бо баргузории раъйпурсӣ истиқлолияти худ аз Киевро эълон карданд, ки миёнашон Луганск ҳам буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гургулисаро

  • 12 июн 2014 12:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аллакаи чомеаи чахони Шуморо эътироф кардаги, Шумо яке аз вилоятхои шаркии давлати Украина.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!