Раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, дар соли хониши 2010 -2011 ҳудуди 71 ҳазор синфҳои 9 ва 11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва миёнаро дар ин вилоят ба итмом расонидаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин мақомот иттилоъ доданд, аз шумори 71 ҳазор 44 ҳазор нафар хонандаҳои синфҳои 9 ва 27 ҳазор хатмкунандаҳои синфҳои 11 будаанд. Сайфулло Раҳматов, муовини сардори идораи маорифи Суғд мегӯяд, қарор аст, 28 ҳазор нафар аз теъдоди умумии хатмкунандаҳои синфи 9- и соли гузашта дар соли хониши 2011-2012 таҳсил дар синфи 10 -11-ро идома диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, мушоҳидаҳо аз он бозгӯӣ мекунанд, ки аксар наврасони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва ин омил бойиси коҳиш ёфтани теъдоди хатмкунандагон дар синфҳои болоии макотиби мутавассита мегардад.
Мӯҳр