Бахшҳо

1300 калима -- талабот барои дарёфти шаҳрвандии Русия?

Вазорати маориф ва илми Русия сатҳи донистани забони русӣ ҳамчун забони хориҷиро муайян кардааст. Барои муҳоҷирон донистани 850 калима бо русӣ кофист, то ҳаққи кор дар Русияро дарёфт кунанд. Барои дарёфти шаҳрвандӣ бошад, 1300 калима лозим аст. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, вазорат ҳафт сатҳи забондониро муайян кардааст: ибтидоӣ, заминавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, заминавӣ, 1-4.

Талабот барои забондонии заминавии забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ин буда, ки шаҳрванди хориҷӣ бояд матнҳои кӯтоҳ ва содаро аз сарчашмаҳои мухталиф, назири номи маҷалла, рӯзнома, навиштаҷот ва эълон хонда тавонад. Ба ҷуз ин, ӯ бояд мазмуни ҳарфҳои ҳамсуҳбаташро фаҳмад.

Яке аз шартҳо барои дарёфти шаҳрвандии Русия донистани забони русӣ дар сатҳи муколамаи катбӣ ва шифоҳӣ дар дохили кишвар аст. Ин дониш бояд бо сертификат дар мавриди гузаштани санҷиши давлатӣ тасдиқ шуда бошад, менависад манбаъ.
Мӯҳр
Худо зад! Дигар, мебиники тамоми мардуми Тоҷикистон осонакак шаҳрванди Русия мешаванд. Русия ғурӯри худро як сӯ гузошта, аз асб ба замин фаромадааст, чӣ бало? Зеро чанд сол пеш ҳатто русҳои аз берун омада, наметавонистанд шаҳрвандии русро дарёфт бикунанд. Акнун ҳукумати Путин ин намуди таблиғро пешаи худ кардааст. Онҳо пас аз ҳодисаҳои Украина сахт тарсиданд, ки чанд боқимондаи дигар низ аз онҳо мегурезанд. Зинда бод Украинаи озод! Украинҳо бо муборизаи хеш вазъи мардикорони дар Русия бударо осон карданд. Акнун, ба пеш, ба сӯи дарёфти паспорти рус! Хуб мешуд, агар касе шаҳрванди Русия шавад, дар ҳамонҷо бимонад! Онгоҳ фазои Тоҷикистон тозатар хоҳад буд. Забони Русия низ дароз намешавад ва бо баҳонаи ҲИМОЯИ ШАҲРВАНДОН ба хоки дигарон таҷовуз намекунад. Аслан мақсади стратегии онҳо ҳамин сат: дигарбора барқарор кардани империяи рус. Астағфуриллоҳ!

агар мо 850 калима бо забони руси донем метавонем бе монеъа ба Россия равем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)