Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 16 октябр 2021, 23:23

Сафари Аслов ба Ҷопон ва мулоқоташ бо Фумио Кишида

26 июн 2014, 14:28

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ рӯзи 26 июн озими Ҷопон шудааст.

Тавре дафтари матбуоти ВУХ хабар медиҳад, қарор аст, Аслов дар ҷараёни ин сафараш бо Фумио Кишида – ҳамтои ҷопонии худ мулоқот кунад. Инчунин вохурии вазири умури хориҷии кишвар бо гурӯҳи байнипарлумонии Ҷопону Тоҷикистон ва дигар намояндагони баландпояи ин кишвар дар назар аст.

Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, интизор меравад, дар ҷараёни сафари Аслов ба Ҷопон миёни Душанбе ва Токио санадҳои дуҷониба ба имзо расад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • андозсупоранда

  • 27 июн 2014 07:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайфи пули халк чи фоида аз ин сафархои бехудс бо телефон сухбат мекарди барои мо андозсупорандагон арзон меафтид

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!