Абдуллоҳ Абдуллоҳ: “Ҷафое, ки Ҳомид Карзай дар 13 сол ба мардуми Афғонистон кард, касе накарда”
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз натиҷаи муқаддамотӣ ё пешакии даври дувуми интихоботи кишвараш норозигӣ карда, худро баранда эълон дошт. Ӯ дар ҳоле ки дар ҳузури садҳо тарафдоронаш сухан мегуфт, аз онҳо хост, барояш фурсат диҳанд, то ваъдаи додаашро амалӣ кунад.
“Ҳукумати мардум омаданӣ аст, ба ман чанд рӯз вақт бидиҳед. Ман ба раъйи Шумо, ба орзуи Шумо, ба ормони Шумо хиёнат намекунам”,-таъкид дошт ӯ.
Доктор Абдуллоҳ дар идома афзуд, “аз мардум мехоҳам, чанд рӯз ба ман вақт бидиҳанд, то ман он чиро ки ба Шумо ваъда додаам, ба курсии амал бинишонам. Мардум таваққуъ доранд, ман ба зудӣ ҳукумати худро ташкил диҳам. Ман ба мардуми Афғонистон ваъда медиҳам, ки ба зудӣ ҳукумати Шумо ташкил хоҳад шуд. Бидуни шубҳа барандаи интихобот мо ҳастем”.
Вай дар ин суҳбаташ, инчунин, гуфт, субҳи 8 июл бо Барак Обама – раиси ҷумҳур ва Ҷон Керрӣ – вазири умури хориҷии Амрико суҳбати телефонӣ доштааст. “Суҳбатҳои муфассал доштем. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа ба Афғонистон хоҳад омад. Ӯ ваъда кард, дар ифшои тақаллуб ва дифоъ аз ҳақиқат, Амрико дар канори Афғонистон хоҳад буд”,-баён дошт ӯ.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳангоми суханронияш ба Ҳомид Карзай ҳам ишора кард ва аз ҷумла гуфт: “Ман имрӯз хабар шудам, ки ин ҷо тасвири раиси ҷумҳур пора шуд... Қалбан бо ин амал мухолиф ҳастам. Қалбан! Дар ҳоле ки медонам, ҷафоеро, ки ҳамин оқои Карзай ба мардуми Афғонистон карда дар 13 соли гузашта ва фурсати таърихиву тилоии мардуми Афғонистонро бардбод дода, дар ҳеч фурсате ин ҷафо ба мардуми Афғонистон сурат нагирифтааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |