Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:34

Салимзода гуфт, онҳо фоҳишаҳоро аз дигар беморон ҷудо намекунанд

9 июл 2014, 15:38

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеяш ба суолҳо дар бораи афзоиши саффи танфурӯшони бемор, ки аз сӯи маъмурони пулис боздошт шудаанд, "посух" дод. Ӯ гуфт, “нисбат ба нафароне, ки аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ дастгир шуданду ҳамчун фоҳиша муаррифӣ гардиданд, ягон чиз гуфта наметавонам, чун онҳо муассисаи тиббии худро доранд. Онҳоро дар ҳамон ҷо ташхис кардаанд.”

Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ гуфт, тайи се рӯзи рейд алайҳи ҷиноятҳои ахлоқӣ 505 фоҳиша боздошт ва аз ташхиси тиббӣ гузаронда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа муайян гардидааст, ки аз ин теъдод танфурӯшони боздоштшуда 450 нафари онҳо мубталои касалиҳои сирояткунанда будаанд.

Вале вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз миёни нафароне, ки ба бемористонҳо муроҷиат мекунанд, муайян карда намешавад, ки чанд нафарашон фоҳишаанду чанд нафари дигарашон гирифтори кадом беморӣ. “Онҳо барои мо мисли дигар шаҳрвандон ҳастанд. Ҳарчанд медонем, ки онҳо гурӯҳи осебпазиранд, аммо ягон нафари онҳоро наметавонем маҷбур барои ташхис барем. Фоҳишаҳо низ мисли дигар шаҳрвандон омада муроҷиат мекунанд ва аз ҷониби табибон агар беморие муайян шавад, табобат мегиранд”,-гуфт Нусратулло Салимзода

Дар идома масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар кишвар бештар онҳое аз фарзанд рӯй мегардонанд, ки бе шавҳар таваллуд мекунанд. Ин нуқтаро Шералӣ Раҳматулло, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакони Вазорати тандурустӣ қайд карда, афзуд, теъдоди модароне, ки аз кӯдакони худ даст мекашанд дар ҷумҳурӣ майли камшавӣ дорад: “Одатан онҳо дар хонаи кӯдакон дер намемонанд ва аз ҷониби оилаҳои дигар дар муддати кӯтоҳ ба фарзандхонӣ қабул мешаванд. Аз аввали сол инҷониб ҳамагӣ 27 нафар ба хонаи кӯдакони шумораи 1 ва 2–и шаҳри Душанбе дохил шудаанд. Дар ҳоле, ки соли гузашта ин теъдод 43 нафарро ташкил медод”.

Шералӣ Раҳматулло бо такя ба таҳлилҳои кардаашон афзуд, одатан занҳое аз фарзандонашон даст мекашанд, ки шавҳар надоранд: “Кӯдакони маъюб аз ҷониби волидайн нисбатан кам партофта мешаванд. Чунин ҳолатҳо дар як сол ҳамагӣ 3-4 нафарро ташкил медиҳанд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!