Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 25 апрел 2019, 02:09

Марги Сафоуддин, захмӣ шудани 7 сокини Ворух, шарҳи Бишкек ва назари табибони тоҷик

10 июл 2014, 13:52

Табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи тирпаронии рӯзи 10 июл дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Ба иттилои манбаи “Озодагон”, феълан вазъи саломатии се нафар аз маҷруҳон вазнин буда, як нафараш дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Манбаъ таъкид намуд, ҳамаи маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз тир дар қисмати дасту пой ҷароҳат бардоштаанд. Мусоҳиби мо илова намуд, миёни маҷруҳон як нафар сарбоз низ буда, боқимонда шаҳрвандони мулкиянд.

Манобеи мо дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мегӯянд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи сокинони одии Тоҷикистон тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон бо пахши як иттилоия тирпарронии 10 июлро дар марз бо Тоҷикистон шарҳ дода, дар сар задани он шаҳрвандони тоҷикро муттаҳам кардааст.

Тибқи иттилоияи марзбонони қирғиз “ҳудуди 30 шаҳрванди Тоҷикистон азм доштаанд, аз қаламрави Қирғизистон аз дарёи Каравшин ба деҳаи Бедаки Ворух қубури об гузаронанд. Ҳайати марзбонони қирғиз ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, талаб кардаанд, ки кор қатъ шавад, чун ин минатақаи наздисарҳадӣ аломатгузорӣ нашудааст. Дар ҷавоб шаҳрвандони Тоҷикистон ба суи марзбонон санг партофтаанд ва марзбонон ба сӯи ҳаво тир холӣ намудаанд. Ҳайати марзбонони тоҷик, ки дар он наздикӣ қарор доштааст, ба сӯи қирғизҳо тир холӣ намудааст. Дар натиҷа миёни марзбонҳо тирпаронии кӯтоҳ сурат гирифтааст.”

Мақомоти қирғиз мегӯянд, барои ташаннуҷ наёфтани вазъ ташкили мулоқоти ду ҷониб дар назар аст. Ин манбаъ мегӯяд, зимни қазия аз ҷониби Қирғизистон касе зарар надидааст.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, имрӯз бояд ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара мавзӯи сохтмони роҳҳоро баррасӣ мекарданд. Бо ин ҳол, то кунун мақомоти Тоҷикистон тирпаронии ҳарбиёни қирғиз ва ҳалокати як сокини Воруху маҷруҳ шудани ҳафт нафари дигарро расман тасдиқ нанамудаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, гуфт, "ба мо ҳам чунин хабар расид, аммо тафсилоташ нест".

Дар сурати таъйидаш, ин дувумин тирпаронии маргбор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд. Рӯзи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя тирпаронии сарҳадбонони тоҷику қирғиз сурат гирифт, ки дар пайи он аз ду тараф чанд нафар маҷруҳ шуданд. Агарчӣ ҷонибҳо якдигарро барои оғози тиркушоӣ муттаҳам карданд, вале то ҳол натиҷаи таҳқиқи он ошкор нашудааст. Он вақт Қирғизистон сафири худро аз Тоҷикистон фаро хонда, гузаргоҳҳои марзиро баста буд. Танҳо баъд аз чанд даври музокироти ҳайатҳо Бишкек гузаргоҳҳоро боз намуда, инчунин, сафири навашро дар Душанбе таъин кард, ҳанӯз ба кори худ шуруъ нанамудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Толиб

  • 10 июл 2014 13:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он аскарони қирғиз доим мегуянд мастанд. Шояд дар вақти мастӣ ин корро карда бошанд?
Посух додан
  • точик

  • 10 июл 2014 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хар як тангчашм чуръат карда ба мо хамла мекунад. Ин балоро хукумат ба сари миллат овардааст. Мардума хамика факир кардан ки одамо дига рох наёфта худшона фолбину дуохон мекнан барои рузгузаронишон бад ино мардма мло гуфта чанга кати мардми хдошон сар кардиян. Брен кани пеши киргизора бгирен. Хами коротн боша пага бо кадоми дигаш ними заминой дигамона талаб мекнад. Худо хдаш ба холи мо рахм кнад.
Посух додан
  • урметанӣ

  • 10 июл 2014 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар ин хабар саҳеҳ бошад хеле кори нангин сурат гирифтааст, ворухиҳоро дар ин айём касе ҳаққи танҳо гузоштан надорад. Бояд ин ҳодиса таҳқиқ шавад оҷилан, бо мо танҳо дар он маврид гуфтугуи ҷиддӣ мекунанд, ки агар мо қудратманд бошем ва сарсахтона манфиатҳои миллию хунии худро ҳифз намоем.
Изҳори ҳамдардӣ мекунам ба бародарони зарардидаи Ворух.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллати буздили беномуса холаш хамин ва аз ин бадтар, вой бар мо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АГАР ХАЛКА ДИКАТ НАКУНАНД ЧАШМТАНГО ДАР ЯК СОАТ БОТКЕНДА МЕШАН НЕ КИ ИН МЕНТОИ МО ХУДИ МОРО ТАНГ МЕКУНАНД!
Посух додан
  • беном

  • 10 июл 2014 17:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
и киргизора сахт наказать кардан даркорай то даъфаи дигар и кора накунанд.
Посух додан
  • 99

  • 10 июл 2014 18:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз тоҷикони мо, ҳатто пашша ҳам наметарсад!
О, ин тангчашмон тамоман аз худ рафтаанд! Ин корҳо ҳама аз тарафи худи давлаташон дастгирӣ мешудагист. Зурҳои мо куҷо шуданд, ки аз тоҷиккушию ватанфурушӣ қаҳрамонҳои миллат шуда буданд!
Посух додан
  • точик

  • 10 июл 2014 23:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукумат миллатро хамикадар бекадру хор кардааст, ки хар як тангчашми басл хам чуръат карда ба мо хамла мекунад. Ин балоро хукумат ба сари миллат овардааст. Мардума хамика факир кардан ки одамо дига рох наёфта худшона фолбину дуохон мекнан барои рузгузаронишон бад ино мардма мло гуфта чанга кати мардми хдошон сар кардиян. Брен кани пеши киргизора бгирен.
Хами коротн боша пага бо кадоми дигаш ними заминой дигамона талаб мекнад. Худо хдаш ба холи мо рахм кнад.
Посух додан
  • salim

  • 11 июл 2014 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кани, бузургон, акнун флагштока хамчун автомат ба даст гиреду рафта Воруха химоя кунед... Миллати мо хору зор асту дарбориён туй доранд...
Посух додан
  • Муллокоммунист

  • 11 июл 2014 11:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мирзочага кани?Бовари дорам,ки агар у бо баталони мучохидинаш ончо мешуд,киргиз чи,балки узбак бинг намегуфт.Мо сиёсатмадор надорем.Чомеъаи бефикру андешае дорем.
Посух додан
  • диловар

  • 11 июл 2014 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом ба хамаи халки ворух махалаи майдон чураам сафоидин чоят чанат бод ин харомхоя худо худаш мезанад
Посух додан
  • мулло

  • 11 июл 2014 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муллокоммунист,
Аз хаёт анча окибмондаи мулло.Мирзочагай вакти хестануш шудагиай.)))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом дустон хеле мутаасифам аз оне ки сарбозони точик коре карда натавонистаанд е худ тир надоштанд.дар чойи ходиса бародари ман карор дошт.ходисаи нанг овар.ва на нахустин бор борхо мо чунин ходисахоро дидаем ки дар хамаашон точик маглуб шудааст.
Посух додан
  • умед

  • 13 июл 2014 22:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Масъалаи Ворухро кайхо хал кардан мумкинбуд.Вакте ки Шумо нотавонед барои халли ин проблемахо курсии мансабро холи кунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!