Бахшҳо
18 июл 2014 10:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҷаримаи фарзандони вазир, занги президент ва гумшавии ноболиғон (ВИДЕО)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, дурбин ё камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” ҳамаи иштирокдорони ҳаракати роҳро, сарфи назар аз мансабу мақомашон, ҷарима мебандад. Оқои Раҳимзода ин ҳарфҳоро дар нишасти матбуотии 18 июл дар Душанбе баён дошт.

Ӯ дар идома ба суоли хабарнигори “Озодагон” дар бораи он ки оё боре худи вазир ҳам ҷаримабандӣ шудааст, ё не, чунин ҷавоб гуфт: “Бо мошини хидматӣ бошам, ҷарима намебанданд. Агар бо мошини шахсӣ бошам, ҳатман ҷаримабандӣ мешавам.”

Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи ҷаримабандиҳои "Шаҳри бехатар"

Раҳимзода изҳор дошт, барои гузашт накардани кормандони “Шаҳри бехатар” дастур додааст, ҳама, аз ҷумла фарзандони худаш низ ҷаримабандӣ шаванд: “Чанд бор фарзандонам ҷарима шудаанд.” Ба итилои вазири умури дохилӣ, феълан марҳилаи дуюми “Шаҳри бехатар” пурра фаъол шуда, дар 71 чорроҳаи пойтахт дурбинҳо назорат мекунанд. Ӯ илова кард, то кунун тариқи камераҳои назоратӣ ронандаҳо дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, барои вайрон намудани тартиботи корӣ 11 корманди “Шаҳри бехатар” ҷазо гирифтаанд.

“ГУНАҲКОРОНИ ҚАЗИЯИ ХОРУҒ МУҶОЗОТ МЕШАВАНД”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон, инчунин, аз фаъолияти гуруҳи корӣ, ки ба таҳқиқи қазияи ахири Хоруғ машғул аст, тавсиф намуд. Ба иттилои Раҳимзода, ҳоло тафтиши тирпаронии рӯзи 21 май дар Хоруғ идома дорад. Ӯ изҳор дошт, баъд аз анҷоми тафтишот ва муҷозоти гунаҳкорон дар бораи ин ҳодиса иттилои бештар дода хоҳад шуд.

“ҶУСТУҶӮИ АРАЛОВАҲО ИДОМА ДОРАД”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишасти хабарияш ба масъалаи гумшавии ноболиғон дар кишвар низ дахл кард. Рамазон Раҳимзода гуфт, аз 167 ноболиғе, ки беному нишон шудаанд, маъмурони пулис 164 нафари онҳоро пайдо намудаанд. Дар мавриди хоҳарон Араловаҳо, ки баҳори соли 2013 гум шуда буданд, вазир афзуд, “феълан кофтукоб идома дорад”. Раҳимзода дар идомаи мавзӯи ноболиғон махсусан ҷинояткории наврасонро мояи нигаронӣ хонд, ки сарфи назар аз талошҳои пулис ин раванд рӯ ба афзоиш доштааст.

ЗАНГИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар лаҳзаҳои гуфтугӯи вазири умури дохилӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилу хориҷ, телефони ӯ занг зад. Рамазон Раҳимзода гуфт, президент занг мезанад ва бо иҷозаи хабарнигорон барои 5 дақиқа дар нишасти матбуотӣ танаффус эълон шуд. Баъди танаффус вазири умури дохилии Тоҷикистон ба ҳолатҳои худкушӣ дар кишвар дахл карда, изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 318 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки аз ин ҳисоб 24 нафар ноболиғ ва 153 нафар зан мебошанд.

Вазири умури дохилӣ иллатҳои асосии худкуширо дар Тоҷикистон бемории руҳӣ ва муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намуд.

Наздикони Эмомалӣ Раҳмон мошинҳои дуздӣ надоранд


Раҳимзода бори дигар дар дасти атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доштани мошинҳои дуздиро аз Олмон рад карда, афзуд, аз 78 мошини дуздие, ки дар кишвар ошкор шудаанд, ягонтояш ба корманди давлатӣ тааллуқ надорад: “Мо ҳар яки соҳибони ин мошинҳоро медонем.”
Мӯҳр
АХсан ба кормандони хифзи хукук, ки чамъиятро ором нигох медоранд.

озодагон ачаб игвоангез шидай вазир да нишаст сулфид инашам чоп кун ё гуй соаташ суст кор кад дар нишаст. хай 1занг аз чониби сарвари давлат хеч гап не шарт нест да сарлавха чо кадан ина. ку бинем назар чой дода меша ё не да сахифа

Исм
Бачаи Ҳукумовро всё-таки бегуноҳ баровардӣ, ҳа раис? Айб бешухӣ, айб. О ӯ 3 нафарро кушта, 4 касро маҷрӯҳ намуд-ку? Пушт доштан далели беҷазо монданаш гашта.
Бачаи пулдор давлат бар сарат,
Касе ҷуръат накунад их гуяд сӯи харат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)