Бахшҳо

Рамзан Қодиров Исроилро дар терроризм алайҳи фаластиниҳо муттаҳам кард

Рамзан Қодиров, президенти Чеченистон ҳамлаҳои Исроил ба сарзаминҳои ишғолии Ғазаро, ки сабаби марги садҳо сокини осоиштаи Фаластин гардид, шадидан маҳкум кардааст. Бино ба иттилои расонаҳо, Қодиров ҳамчунин Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро дар “бефаъолиятӣ” нисбат ба ин қазия муттаҳам кардааст.

“Дар Фаластин боз хун мерезад. Аз бомб ва снарядҳои Исроил одамони бегуноҳ кушта мешаванд. Исроил кӯдакон, занҳо ва солмандонро мекушад”,-навиштааст президенти Чеченистон дар Инстаграм.

Рамзан Қодиров ба хонавода ва наздикони қурбониён ҳамдардӣ баён намуда аз ҳама даъват ба амал овардааст, ки аз мардуми Фаластин пуштибонӣ кунанд. “Дар ин моҳи мубораки Рамазон аз ҳамаи шумо даъват мекунам, барои барқарории сулҳ дар Фаластин дуо кунед! Ҳамчунин аз раҳбарияти Исроил даъват мекунам, ки ҷанг алайҳи мардуми Фаластинро қатъ намуда, роҳи осоиштаи ҳалли низоъро пайдо созанд”,-илова кардааст ӯ. Дар идома аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро барои наандешидани ҳеч чора гилла кардааст, дар ҳоле ки ба гуфтаи вай “амали Исроил терроризми давлатӣ аст”.
Мӯҳр
САИДЧОН
ШУЧОАТРО БИНЕД РАМАЗОН КОДИРОВ КИ ДАВЛАТИ ИСРОИЛРО МАҲКУМ КАРД ВА АМАЛИ ИСРОИЛРО БА ТЕРОРИЗМИ ДАВЛАТИ ЭЪЛОН КАРД РАҲМАТ БА РАМАЗОН КИ НОМУСИ МУСУЛУЛМОНИ ДОРАД НА МИСЛИ ДИГАР РОҲБАРОНИ ДАВЛАТҲОИ МУСУЛМОНШИН КИ ХОМУШИРО ПЕША КАРДАН

Мегум
Ин часорати Рамзан нест. Вай ин суханонашро дар мувофика бо Путин гуфтааст. Агар у часорат медошт ба Путин дар бораи поймоли хукуки мардуми Чечен харф мезад.

Ах,сан ба РАМЗАН Кодиров , вок,еан дар байни президенхои собик, давлати шурави ,ки к,ариб нисфаш мусулмонанд ягонтоаш ч,уръат намекунанд,ки вокунише нишон диханд, офарин ба шери нари Чеченхо худое мардуми мазлуми Фаластина аз дасти ин золимони ях,уди нач,от бидех, омииин...

Марги яхуд
Офарин бобои Рамазон.Дархакикат дар мохи шарифи Рамазон танку туп кашидани душмани Оллох Исроили террористи бисёр сангин ва боиси надомат аст. Ин "баргузидахои худо" аз хад гузарониданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)