Бахшҳо

“Гузашти идона”-и Кумитаи дин: Масоҷиди баста муваққатан боз шуданд

Кумитаи дин дар вилояти Суғд аз 98 масҷиди панҷвақтаи басташуда қисматеро ба хотири моҳи шарифи Рамазон муваққатан боз намудааст.

Дар ин бора манбаи “Озодагон” аз шўъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Суғд хабар дода, афзуд, фаъолияти аксари ин масоҷиди панҷвақта бинобар саривақт нагузаштан аз қайди Кумита ва нуқсонҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ боздошта шудааст: “Феълан бар асоси муроҷиати шаҳрвандони намозхон дар моҳи мубораки Рамазон дари бархе аз масҷидҳоро, аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод, ба таври муваққат боз намудаем. Вале пас аз хотима ёфтани ин моҳ, фаъолияти ин теъдод масҷид низ то ҳангоми аз қайд гузаштан, муваққатан боздошта мешавад”.

Мусоҳиби мо қайд кард, ки пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ин масҷидҳо соҳиби иҷозатнома гашта, расман ба кори худ шурўъ карда метавонанд. Ба иттилои расмӣ дар қаламрави вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 91 масҷиди ҷомеъ ва 960 масҷиди панҷвақта фаъолият мебаранд.
Мӯҳр
Аз -Беруни
Тавба , ман ки худ на он кадар дар чорчубаи шариати ислом, хаёти заминиро ба сар мебарам. Локин? ба КЛАССИФИКАСИЯИ гурхубандии масчидхо рози нестам. Пас махфуми ОЗОДИИ ВиЧдон кучочт ?

Abdulloh
Шумо Худоро масхара доред он руз дер нест чунон задане мекунад дигар даво намеёбед

Налог
Ин муваккати барои пулчамъкуни аст, медонанд ки вакте мисли гадо сандуки хайрияро гирифта дар сафи намозхонхое барои намози ид меоянд, гаштанд, пули калоне барои кумитаи дин чамъ мешавад. ин пул камутум нест милионхо сомони чамъ мешавад ана баъди чанд рузи дигар боз бахона карда масчидхоро мебанданд.

Шанбе
ЯГОН ХЕЛ БА МУНОСИБАТИ ИД МУВАКАТАН КУШОДА НАШУДААНД МАСЧИДХОИ БАСТА ШУДА,БАЛКЕ БАРОИ АЗ ОНХО ЧАМЪ НАМУДАН БА МАБЛАГИ 600 СОМОНИ КУШОДА ШУДААНД...

егт
Э то ба кай бо худо мечангед. Вой бар холи шумо барин рохбарони золим.

Шахло
Аз сардорони масчидхо пурсон шуданиям. Гушнаед? Хамин ки рамазон шуд мардум ба Шумо хар бегох хурок мебаранд. Шумо медонед барои чи мебаранд? барои он ки хама мебаранд ман хам бояд кафо намонам - гуфта. Як бор ба мардум фахмонед, ки гушна нестед, гуед, ки ба сагирахона, хонаи маъюбон ё пиронсолон баранд. Забон доред? Охир хамаи онхое, ки ба масчид намозхони меоянд, дасту пои сихат доранд, кор мекунанд, мошину хонаи хуб доранд. Шарм мекунам аз рафтори Шумо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)