Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 22:04

Раиси ҷумҳур барои боздошти бародари бузургаш амр кард

6 август 2014, 17:27

Алмосбек Отамбаев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, барои боздошт ва бозпурсии бародари бузургаш Калийбек Шаршенов ба Вазорати умури дохилии ин кишвар супориш додааст. Шаршенов як моҳи пеш аз сӯи марзбонҳои Русия боздошт ва баъдан раҳо гардида буд.

Ӯ яке аз одамони асосӣ дар қазияе дониста мешавад, ки 20 сол пеш дар ноҳияи Октябри Бишкек рух додааст. Бародари бузурги Отамбоев он замон молики ширкати “Адис” буда, ӯро дар иҷро накардани уҳдадориҳои шарики тиҷоратиаш гунаҳкор мешуморанд. “Аз ин парванда ба соддагӣ фаромӯш кардаанд. Дар он замонҳо Отамбаев ҳанӯз ба сиёсат напайваста буд. Ба назар мерасад, ҳеч кас ба дунболи хешовандии Отамбаев ва Шаршенов нарафт”,-навиштасаст нашрияи “Вечерний Бишкек”.

Мақомоти пулиси Қирғизистон мегӯянд, Алмосбек Отамбоев баробари огоҳ шудан аз қазияи ахири бародараш ба масъулон амр кардааст, нисбат ба ӯ аз қонун кор бигиранд. “Ҳангоме кормандони мақомот аз ин ҳодиса ба раиси ҷумҳур хабар доданд, ӯ супориш додааст, аз қонун кор бигиранд. Бидуни иҷозаи раиси ҷумҳур ба ҷавобгарӣ кашидани бародари ӯ баид буд”,-гуфтаанд кормандони мақомот.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо мо хурсанд шудем дар аввали сарлавха,ки адолат пайдо шуда истодааст дар Точикистон.Ин Киргизистон будай ку......
Посух додан
  • некном

  • 7 август 2014 08:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намунаи ибрат мешуда бошад?
Посух додан
  • Изаура

  • 7 август 2014 08:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст. Конун- дар чомеа баробариро таъмин менамояд на бародариро.
Посух додан
  • nosi

  • 7 август 2014 10:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
маневри сиёси, агар бе ичозат боздошт мекарданд, ана демкратия мешуд...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!