Бахшҳо

Академики узбак: “Пешниҳоди бомбаборон кардани Роғунро ман нагуфтаам"

Рустам Абдуллоев - академики узбак мегӯяд, муаллиф матлаби “Сетразия.ру”, ки дар он даъват ба бомбаборон кардани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистон шудааст, ӯ нест.

Ин академики узбак, ки бо номи ӯ ин матлаб дар торнамои “Сетразия.ру” рӯзи 4 августи соли ҷорӣ нашр гардида буд, бо ирсоли як раддия аз масъулини ин сомонаи русзабон хостааст, матлаби мазкурро пок кунанд.

Дар раддияи Абдуллоев, аз ҷумла омадааст, “матлабе, ки дар сомноаи Сетразия.ру таҳти унвони “Узбекистан должен предпринять срочные меры для укрепления своей гегемонии в ЦАР” нашр гардидаасту муаллифи он маро хонадаед, ба банда тааллуқ надорад ва ман низ ингуна матлаб ба суроғаи Шумо нафиристодаам.” Торнамои “Сетразия.ру”, ки дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба он маҳдуд аст, ибтидои ҳафтаи равон матлаберо аз номи Рустам Абдуллоев, доктори улуми иқтисодӣ ва академики узбак нашр кард. Дар ин матлаб муаллиф аз ҳукумати Узбакистон даъват кардааст, бо истифода аз нерӯи низомии худ монеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон шавад.

Ӯ гуфтааст, “ҳукумати Узбакистон бояд ба Тоҷикистон шарт ё “ултиматум” гузорад, ки ё аз сохтмони “Роғун” даст мекашед ё “мо даст ба иқдоми ҷиддӣ мезанем. Дар сурати беҷавоб мондани ин ултиматум, Тошканд бояд тамоми нерӯҳои низомии ҳавоии худро ба Роғун сафарбар карда, садди онро ҳадафи бомбаҳои замонавӣ қарор диҳад. Инчунин, ҳамлаи пешгирикунандеро алайҳи артиши Тоҷикистон тавассути вилояти Сурхандарёи Узбакистон ба самти Турсунзода-Ҳисор-Душанбе анҷом диҳад.”
Мӯҳр
Рустам
Гап аллакай гуфта шуд ва он корашро кард. Дигар узбак чи хакталошй кунаду чи не...

мухтарам Рустам Абдуллоев. Шумо шахси босавод хастед аз ин ру мебояд фикр карда сухан кард. Мо точику узбаку киргизу казоку туркман дар Осиеи миена чой гирифтаем.ва бо шарофати русхо ин миллатхои номбурдаро аз аморати Бухорои шариф чудо карданд ва моро миллатхои гуногун карданд. дар аморати Бухорои шариф мо ТУРКЕСТАНСКИЙ ОКРУГ БУДЕМ.на точику узбаку киргизу казоку туркман.мо хама якем вале забонхоямон дигар аст гарчанде бухорогиву самаркандихо моро миллатхои пастсифат хисоб мекунанд.

Точик
Аклаш даромад чи? Мегуянд узбакхо дар нисфи руз акл доранду дар нисфи дигараш онро аз сар гум мекунанд. Ин хакикат доштааст. Лекин тир аллакай аз камон паронда шуд, оби рехтаро чамъ карда намешавад.

нисочон
Тано бо изхороте, ки ин суханони шумо нест, ором нанишинед, мо мехохем, ки шахсе, ки чунин суханонро аз номи шумо навистааст чавоб гуяд.

Ин узбакро диди ду паго дорад ,э акдемики беакл гапатро хоида хоида зан ин давлати ман бесохиб нест бомбаатро гардонит ба хавли худат мезанад бигузор ин пири фартутро бурда ба духтур нишон диханд шояд девона шуда бошад !!!

4andqadareki zurnazanan a dastshon Namebiya

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)