Бахшҳо

Хоҳиши Тӯраҷонзодаҳо аз бонувоне, ки сатр мепӯшанд

Торнамои Тураҷон.Орг, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар пайи зиёд шудани вокунишҳо ба тарзи ҳиҷоб ё худ рӯсарипӯшию сатри духтарони мусулмон шартҳои асосии онро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст.

Торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “сифатҳои аслии сатри исломӣ сето мебошад: аввал ин ки ба ҷуз рӯй ва кафу қадам, дигар тамоми бадани занро аз фарқи сар то қадам пӯшонад, кушоду васеъ бошад, то нуқтаҳои барҷастаи андоми занро зоҳир насозад ва низ тунук ё нозуку баданнамо набошад, ки андомҳои шаҳватангези занро ба намоиш гузорад.”

Тураҷон.Орг дар шарҳи ин навиштаҳояш таъкид мекунад, паёмбар (с) занонеро, ки либосҳои тангу тунук ва баданнамо мепӯшанд лаънат кардааст: “Паёмбар онҳоро “Косиётун ориётун" - яъне, занҳои дар зоҳир пӯшида, вале дар асл бараҳна ва нимбараҳна хондаанду ин тарзи либоспӯширо яке аз нишонаҳои охируззамон гуфтаанд.”

Вале торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо пӯшидани сатрҳои тангро аз либосҳои нимбараҳна авло дониста, мегӯяд, аз назари андоза ва дараҷаи гуноҳ байни зане, ки сатри танг мепӯшад, бо зане, ки бараҳна ва нимбараҳна либосҳои аврупоӣ ба бар кардааст, фарқ вуҷуд дорад. Ин торнамои исломии кишвар дар охир аз бонувон ва хонумон, аз ҷумла корбарони худ даъват кардааст, аз пӯшидани ин навъи сатр (танг) худдорӣ варзанд, чун аз нигоҳи шариати Ислом нораво мебошад.
Мӯҳр
Чашмаи фотима захро
Зан бояд пушида бошад, чунки у мукаддас ва муаъмо аст. Се сифати сатр ки шариат пешниход кардааст, кобили кабул аст. Аммо баъзе ифротгарон зан- модарро ба пурраги НЕВИДИМКА кардагианд.

Abdulloh
Mo sho Alloh.... Holo fabrikai javob chi megufta boshand?

Muslim
Кош хамаи занхои мо ба ин чиз риоя кунанд аммо афсус намефахманд...

алфия
сатр ин либоси мо нест мардум

Muhammad
Ҳиҷоб, сатр ва пушиши исломиро ба туркию тоҷикӣ ва иронию арабӣ тақсимбанди намудан кори дуруст нест. Балки ҳиҷоб ва пушиши исломӣ сифатҳои хос ва вижаи худро дорад. Ҳар навъ либос ва пушише, ки дорои он сифатҳо бошад, пас онро ҳиҷоб ва сатри исломӣ гуянд. Бигзор он ба ҳар ранг ва ҳар навъ модиле духта шавад.Сифатҳои умдаи сатри исломӣ, ки бар гирфта аз Қуръону суннат ва гуфтори уламо аст, сето мебошад:
1 Ба ҷуз руй ва каффу қадам, дигар тамоми бадани зан аз фарқи сар то қадами уро бипушонад.
2 Кушоду васеъ бошад, то нуқтаҳои барҷастаи андоми занро зоҳир насозад
3 Тунук ва ё нозук ва баданнамо набошад, ки андомҳои шаҳватангези занро ба намоиш гузорад.

Паёмбари акрам алайҳиссалом дар ҳадиси саҳиҳе, ки имом Аҳмад ва Ҳоким ривоят мекунанд, занонеро, ки либосҳои танг ва тунук ва баданнамо мепушанд (ва ба гумони худашон онро сатр ва ҳиҷоби исломӣ мепиндоранд, ва ё бараҳна ва нимбараҳна либосҳои аврупои мепушанд) лаън ва нафрин кардаанд. Ва онҳоро "Косиётун ориётун" -яъне занҳои дар зоҳир пушида вале дар ҳақиқат бараҳна ва нимбараҳна - хонданд. Ва ин тарзи либоспуширо яке аз нишонаҳои охируззамон талаққӣ карданд.
Дар ҳадиси Муслим ин тоифа занонро на танҳо маҳрум аз биҳишт, балки маҳрум аз буи биҳишт хонданд.

Албатта аз назари андоза ва дараҷаи гуноҳ байни зане, ки сатри танг мепушад, бо зане, ки бараҳна ва нимбараҳна либосҳои аврупои мепушад тафовут ва фарқият ҳаст. Вале ба ҳар ҳол ҳарду аз назари шариъати муқаддаси ислом гуноҳ аст, ва зани мусалмон бояд аз маъсият ва нофармонии Худо (ҷ) парҳез намояд. Худо нигаҳбонатон бошад.

сатр аз мо нест вале мо метавонем мисли занхои дореволюциони либос пушида баданро аз чашмхои бади мардон эхтиет бикунем.

алфияи алафии чии???? нигох ба ун акс кун, чи тавр руймол занро боз хам иффаташаро боло мебардорад, ба фикрм хдт на руймол мепуши на эзор вой бар холи ту ва ту барин алфияхо, вакте мо модар ё зан мегем пеши руи мо зане бо либоси кушоду руймоли калон намудор мешавад, вале имрузхо мебинем, ки занони мо бо либосхои урёну баданнамо ва бе ягон шарму хаё гашту гузор мекунанд, ки ин дур будан ва аз таълими Курони ва эхтиром накардани онхо ба фармудахои Худованд мебошад. Харки сатрро аз мо нест мегуяд пас у аз он модаре ба дунё наомадааст, ки бо сатру хаёаш хамчун зани точик шинохтамешавад. Зеро пушидани сатр ё хичоб фармудаи Худовандаст ва модарони мо онро аз тули асрхо инчониб риоя мекунанд. Муроди мо насихат буду гуфтем, Хаволат бар Худо кардему рафтем. Ба хама имони комил ва Худотарс буданро таманно дорам. Омин.

Салим
сатр айни хол на хамчун либоси исломи балки либоси терористон дар бисёр кишвархои чахон дида мешавад

Сатр пушидан ин як рукни ислом аст.онро дуруст пушидан даркор.вале вактхои охир духтарони мо сатро муд кардаанд.хеле либосхои танг мепушанд.тамоми баданашон маьлум аст.боз шарм надошта шавхарону бародархояшон фахр мекунанд.

Вактхои охир занхо аз сатр истифода бурда, ба корхои ношоям даст мезананд. Мисол бегохи дар таги дарахтону лаби дарьё бусобуси мекунанд, ки касе онхоро намешиносад. Аз дискатекахо баромада боз сатр мепушанду мераванд. Бовар накунед, як бор соати 12-и шаб ба тарабхонаи "тигровая балка" равед. Умуман, бозори Корвонро ки "пожар" кард? Хама видеояшро дидем: зани сатрпуш.....

Авесто
Наход ба ин дарача нафахмед! Зани худотарс бояд сатр дошта бошад.

нимсанч
домулло паембари аслии мо ЗАРДУШТ АСТ мо арабситйи намекунем

Авранг
Био ЗАРДУШТА гам натихем. Ин дин барои мо дар хамин шабу руз неприемлимаи. Боз мо аз кучо алову свети иловаги меовем, ки бе лимит шабу руз оташкадаи ура постоянно як температурада нигох дорем.

Сатр аз мо нест хой мардуми точик ба гуфтаи ин муллохо дода нашавед...

А-а
Боло сатр поён театр. Занро бо латаат мепечони хай чи оё бо пушидани ин лата зан боаклтар мегардад. Агар зан хохад бо хамон сатр хам корашро мекунад.

Айби занро бо сатр пушида наметавони. Агар хохед наворхоро пешкаш мекунам,ки зани сатрпуш чи корхое мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)