Бахшҳо
13 авг 2014 12:51Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Каромат Шарипов барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамдиёронаш ба Душанбе омадааст

Каромат Шарипов, раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора торнамои tajmigrant.com, ки ба созмони ҷаноби шарипов мутаалиқ аст, хабар додааст.

Торнамо далели сафари ӯ ба Тоҷикистонро “иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳимояти ҳуқуқи ҳамватанони дар қаламрави Русия буда” унвон кардааст. Бар асоси ин хабар, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” қасд дорад, бо Маҳмудҷон Сангов, ки аз сӯи ҳамдиёронаш “фурӯхта” шуд ва зери дасти як соҳибкори инфиродӣ дар Русия ҳамчун ғулом кор мекарду ҳангоми фирор ҷароҳат бардошт, суҳбат кунад. Дар Русия аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва Каромат Шарипов ба ҳайси адвокат баромад мекунад.

“Ҳамчунин Каромат Шарипов як қатор мулоқоти ғайрирасмӣ дар робита ба муайян кардани ҳолатҳои марбут ба “миёнаравҳои пинҳонӣ” анҷом хоҳад дод, ки дар маркази савдои “Маскав” нақши нозирро мебозанд. Маҳз “миёнаравҳо” бозори ғуломдорӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистонро созмон додаанд”,-навиштааст манбаъ. Торнамо мегӯяд, маълумот дар мавриди ин ки маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон “миёнаравҳои сиёҳ”-ро раҳбарӣ мекунанд, ҷаноби Шарипов аз Хадамоти амниятии маркази савдои “Маскав” гирифтааст. Каромат Шарипов умед дорад, ӯро мақомот ва намояндаҳои ВАО-и давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ “гӯш” хоҳанд кард.
Мӯҳр
метрасем ки бо акаи кароматулло ро дар гушхояш лапша кашол кунанд да бо 6-соли дигар хап мешинем

Кулоби
Каромат Шарипов як ба Кулоб ташриф биоред,Ю мардуми Кулоб шуморо ба он суханонатон,ки нисбати ин мардумси сарбаланд гуфтаед посухи аноатманд хоанд дод.

Ба шухихои аловудин монандай

Салом Кароматако инкадар зур назанед ин бригадирои хочихои садоводу Тц Москва бойбача ино хам да инчо ва хам да ватан кришаи калон доранд инхоро наметони шикаста хар як генерал меояд аз ЧТ ки хушат мепарад боз ба худта душман нахаред

Кулобшох
Якбора ш.Кулоб хам биё то ба ту дарси инсондусти омузему аз калбу рухат махаллгароиву бадбини нисбати кулобихоро дур кунем.Харчанд баъди он баромади "таърихи"-ат дигар хамчун инсон курбатро гам кардаи...

Хокирох
Каромат барои гирифтани доляаш омад. Тазохурот мекунам гуфта вохима карду хап шуд бад ин точикистон омаданаш хамин маънора медихад, ки Хукумат хаккаша метияд, ки аз ин кор даст каш. бад инам рафта ун мухолифои дигара мефурушад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)