Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 03:38

Сайфулло Сафаров: “Онҳое, ки аз Ватан рафтанд, пушаймон шуда меоянд”

14 август 2014, 11:55

Гуруҳе аз сокинони Тоҷикистон ба далели наёфтани ҷои кору шароити муносиб барои зиндагӣ кишварро тарк мекунанд ва барои худ дар хориҷ, аз ҷумла Русияву Амрико, ҷой меҷӯянд. Ин дафъа “Озодагон” аз мусоҳибони худ пурсид, дар Тоҷикистон худро то куҷо роҳат ё “комфорт” эҳсос мекунанд?


Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Дар Тоҷикистон, ҳатто дар замони ҷанги дохилӣ, худро роҳат эҳсос мекардам. Зеро ин Ватани ман аст, зодгоҳи ман аст. Ватан ҳатто дар мушкилӣ, барои ватандӯст як ҷойи роҳат бояд бошад. Ҷойе бошад, ки беҳтар аз онҷо макони дигаре набошад. Бубинед, мардуми Украина дар кадом вазъият замини худро ҳифз мекунанд. Онҳое, ки рафтанд, боз пушаймон мешаванд ва ба Ватани худашон бармегарданд. Онҳое, ки зиндагии роҳатро дар шароити иҷтимоӣ мефаҳманд, дар Амрико ҳам бошанд, нороҳат мешаванд. Чунки ҳолати равонии онҳо чунин аст. Онҳо ҳамеша аз ҳамсоя, худ, Ватан норозӣ боқӣ мемонанд. Ҳатто дар Амрико ва дар кишварҳои мутараққӣ ҳам одамоне ҳастанд, ки хонаву дар надоранд. Дар истгоҳу дигар ҷойҳо хоб мекунанд. Дар Ватани мо чунин нест, шояд ягон ақлгумкарда ва ё майзадае бошад”.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, ҳуқуқшинос:
“Бо дарназардошти шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳозира гуфтан мушкил аст, ки дар Тоҷикистон касе зиндагии роҳат дошта бошад. Чунки шароити иҷтимоии мо чунин имконият намедиҳад. Инчунин, аксар шаҳрвандони мо дар муҳоҷират қарор доранд. Инҷо чанд мушкил аст ва дар заминаи ин мушкилот мушкилоти фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳам пайдо мешавад”.

Асомиддин АТОЕВ, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон:
“Ҳама чизи олам нисбист. Дар умум гуфтаниам, ки, бале, зиндагии шоиста дорам, алҳамдуллилоҳ. Худро хушбин меҳисобаму бовар мекунам, ки тадриҷан зиндагӣ беҳтар мешавад. Барои беҳтар шудани он кӯшиш ҳам мекунам, ки то қадри имкониятам саҳмгузор бошам. Ҳамчун шаҳрванди ҷомеа на танҳо ҳуқуқи худро ҳифз намоям, балки масъулияти худро низ шиносаму ҳадди аққал ҳуқуқи дигаронро поймол накунам. Ҳамчун коршинос мушкиливу камбудиҳои соҳаро ошкорову бо далел нишон диҳаму роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод кунам. Ҳарчанд ҳис мекунам ки хомӯш истодану дурӯғ гуфтанро баъзеҳо авлотару боз ҳам авлотар медонанд. Албатта, чунин муносибат заифкунандаи эътимод аст. Лек боз ҳам дар умум, онҳо муваққатианд. Офаридгор бузург аст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Cаид

  • 14 август 2014 12:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хамингуна рафтан гирад чомеа хатман Точикистон худаш ба Русия ворид мешавад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сайфулло Сафарович шумо зиндагии хуб доред барои хамин ин суханхоро мегуед лекин дунё хама чояш якхел аст фарк надорад дар амрико хасти ё бразилия лекин дар кучое боши зиндагии хуб ва шароити бехтар дошта боши бех аст. Дар Точикистони мо ин чунин шароитхо нест барои хамин аксарияти мардуми мо ру ба мухочират нихода истодаанд. Ман мехохам раванду кору зиндагии навро дар хамончохо бо шароити нагз пеш баранд то ки умри худро хамту нагузаронанд. Лек хамаи ин бо хости худованд мебошад.............
Посух додан
  • ова

  • 14 август 2014 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафаров агар илочашро ебад, худаш тарки ватан мекунад. Он кадар чойи кори равгани надорад, ки худро барохат хис кунад.
Посух додан
  • Хоки Ватан

  • 14 август 2014 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин шеърро дар васфи ВАТАН Бозор Собир офаридааст ва форамтарин овоз аз Устод С. Билолов - хамсадои он аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
касе ки аз ноилочи аз ватан рафт барои кутти лоямут ва чояшро ефт онхо хеч гох намеоянд баръакс оилахояшонро бо худ мебаранд. вале ба касе ки дар мухочират омад накард онхо ноилоч бармегарданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман фикр дорам,ки хеч гох ин СС акидаи шахсии худро сохиб нест ва суханаш пур аз кибру гурур нисбати кулли мардуми точикистон аст Хаел дорад ки танхо хамамаслакони худ механпарасту сарсупурдаи ин миллат мебошанд ва содик ба ин хукумат хатои махз
Посух додан
  • Махфи

  • 14 август 2014 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устоди азиз С. Сафаров андешахои Шумо дуруст, аммо агар як руз кудакат нон гуяд ё пули мактам вакте пайдо накарди мачбур мешави, ки тарки Точикистони азиз куни. Шумо нагз медонед. КИХО ДАР ИН ВАТАН ЗИДАГИИ ХУБ ДОРАНД! ХАМА КОРХОНАХО ШАХСИ КАДОМ РУЗЕ ИН ВАТАНРО ХАМ ШАХСИ МЕКУНАНД. ОНХЕ, КИ МЕГУФТАН БИГЗОР ГАДО БОШУ ДАР ХОКИ ВАТАН, АММО ТОКАТИ ГАДОИРО НАКАРДА АЗ ТОЧИКИСТОН РАФТАНД. ВАКТЕ, КИ БАРОЯШОН ДАР ИН ВАТАН ЗИДАГИИ ШОХОНА ВАДА ДОДАНД БОЗ ПАС БАРГАШТАН. АЛБАТАРА БЕВАТИНИ МУШКИЛ АСТ, АММО МАРДУМИ БЕЧОРАИ ТОЧИК ЧИКОР КУНАД МАЧБУР АСТ АЗ КАМБАГАЛИ ТАРКИ ИН ДИЁР КУНАД. ХАМА МИСЛИ ШУМО ФАЙЛАСУФ БО САВОД НЕСТ ТО БАРОИ ИН ВАТАН ХИЗМАТ КУНАНД МАЧБУРАНД ТО ГУЛОМИ РУСХО Ё АМРИКОХИЁ ШАВА.ОЗОДАГОН МАН ФАРОШИ ЯК КОРХОНАМ 400 СОМОНИ МАОШ МЕГИРАМ АЗ ИН ЗИДАГИ БЕЗОР ШУДАМБА НАЗДИКИ БА МХОЧИРАТИ МЕХНАТИ МЕРАВАМ. ОХИР ЧАН СОЛ МЕШАВАД, КИ ДАР ИН ВАТАН ГУШТРО НАДИДАМ. ХУРОКАМ ТАНХО ГАРОХ ШУРБО ВА КАНЧОЙ АСТ.
Посух додан
  • Ahmad

  • 14 август 2014 14:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Сайфулло Сафаров агар давлатмардони мо адлy инсофро дар ватан ҷори мекарданд ҳеҷ як инсони оқил ватанро тарк нахоҳад кард. Ин ватантарк мекардагиҳо аз беадолатиҳо дар кишвар ба дод омада ватанро тарк мекyнанд то тавонанд дар хориҷ аз кишвар yмри азизи хyдро бидуни кадом як фишорy таҳдид гузаронанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Банда чун як шахрванди катори ва узви ин чомеаи пурпечутоб, ба Сайфулло Сафаров се саволи оди дорам. Аввал гуед, ки дар Точикистон бо маош метавон зиндагии рохат дошт? Дуввум гуед, ки зиндагии рохат гуфта чиро дар назар доред? (Бебарки?, Беадолати? Андози гарони миёншикан? Махалгарои?...) Севум, Оё барои Шумо бо хакки дигарон зиндаги кардан рохатбахш аст?
Агар гуед, мешвад дар Ватан имруз бо маош ва мехнати халол зиндагии рохат дошт, бояд аз вазифаатон истеъфо дихед, ки ба он намеарзидает ва хонандаи харфхои Шумо то фаромуш кардани ин мавзуъ бояд харруз дусоати хандат.
Посух додан
  • Кремлин

  • 14 август 2014 14:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Махфи. Хатто дар давраи СССР хуроки асосии мардумаш ГАРОХ, ШУРБО ВА КАНЧОЙ буд. Аммо мардумаш ШАРАФ ба КПСС мегуфт.Чои бахсаш нест.
Посух додан
  • ГАФУРЧОН

  • 14 август 2014 14:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикр мекунам Сайфулло Сафаров, дар Душанбе хонаи шахси дорад! Агар мисли мо 700 сомони маош мегируфту хар мох 1000 сомони пули хонаи ичораро медод кайхо тарки ин Ватан карда буд. Усод хай Шумо мачбурен, ки чунин андеша ронед зеро аз директори барканорат кардан метарси, ки аз муовинхам мегиранат. Аммо гамгин нашав чои Шуморо кае намегирад охир равгани нест ман нагз медонам, ки Шумохам ба маош зиндаги доред. Хай вазифахам рафтед гамгин нашавед Шумо бо савод дар лубой Донишгои Точикистон шуморо ба хайси омузгор кабул мекунанд кор карда дар ин ватан хурда "Худат гул баданат гул" гуфта мегарди...
Посух додан
  • Инсоф

  • 14 август 2014 15:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамин Сайфулло Сафаров як фикри хубро гуфтанӣ мешаваду баъдан онро хеле дағалона ва подарҳавоӣ мегӯяд. Як фикри хубе, ки ҷомеа аз чунин шахсон интизорандро аз ин шахс нашунидем, агар тадқиқоти стратегиро ин гуна афрод анҷом диҳанд пешниҳод менамоям, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ минбаъд Маркази "тадқиқоти стратегӣ" номгузорӣ шавад, ин тавтология нест. Як бор фикри худро ҳамчун шаҳрванд гӯи чӣ мешавад ?! Ё надорӣ умуман чунин фикрро ? агар набошад, гила надорам, лекин агар бошаду систематикӣ дурӯғ гӯи ин хатокорӣ ва бесалоҳиятӣ аст.
Посух додан
  • Tojik

  • 14 август 2014 16:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ruta siyoh naku Ustod!!! Ma dar Amrico zindagi dorum yagon vaqt fikri bozgashtan ba Dushanbero nadorum. Zinda bod Amrico zinda bod litsei Hoji Kamol!!!
Посух додан
  • tojikistoni

  • 14 август 2014 16:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Muhtaram Saifullo Safarov savsata naxoned!
Serro chi parvoi gurusna - guftaand dar urfiyat.
Посух додан
  • said

  • 14 август 2014 16:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Россия пухта мондаги рафта лаззат баред. Ман хам 800 сомон маош мегирам хеч гап не хамааш нагз мешавад Иншооллох. Дар Россия хам будем мардуми худаш гурусна гаштаанд, зиндагии баъзеашон саг барин. Мардуми одди шукрона гуфта кор карда гаштаанд факат вазифаталабхои обижании пушти компютер норози аз хама.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!