Бахшҳо

Ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихоботи 2015

Сафар Сафаров, ноиби аввали Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, анҷумани онҳо барои интихоботи парлумонии 2015 моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

“Он вақт тамоми нақша ва ҳадафҳоро эълон дошта, феҳристи довталабони курсии Маҷлиси Намояндагонро низ ошкор хоҳем кард”,-афзуд ӯ. Оқои Сафаров, ки дар ин бора дар ҳамоише бахшида ба 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ суҳбат мекард, гуфт, дар остонаи интихоботи парлумонӣ ҳизбу ҳаракатҳо фаъол мешаванд ва набояд аъзои ҲХДТ зиракиро аз даст дода, зиёдаравӣ намоянд.

“Хусусан ба кори ташкилоти ибтидоӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ташкилоти ҳизбӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи татбиқи шиорҳои созандаи ҳизб “Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!”, ҳамзамон дар партави ғояи ваҳдатсоз “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” ба роҳ монанд”,-таъкид дошт ӯ.

Муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мегӯяд, онҳо талош хоҳанд кард, ҳарчи бештар бо мардум дидор намуда аз мушкилашон огоҳ ва барои ҳалли он мусоидат намоянд. Ӯ бовар дорад, аз ин тариқ тарафдорони зиёдеро ҷамъ намуда, пирӯзии намояндагони ҳизбашон дар интихоботи парлумониро таъмин хоҳанд кард.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки дар садри он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо бештар аз 200 ҳазор узваш ҳизби бузургтарини сиёсӣ дар кишвар дониста мешавад ва қсимати аслии курсии вакилони Маҷлиси Намояндагон низ дар ихтиёри намояндагони ин ҳизб аст. Ҳарчанд соҳибназарон мегӯянд, аксар аъзои ин ҳизб кормандони идораҳои давлатӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон буда, аз рӯи мақому вазифаашон ба ин ҳизб омадаанд, на довталабона.
Мӯҳр
Ilyos
Ҳарчанд соҳибназарон мегӯянд, аксар аъзои ин ҳизб кормандони идораҳои давлатӣ, донишҷӯён ва омӯзгорон буда, аз рӯи мақому вазифаашон ба ин ҳизб омадаанд, на довталабона.

АНАМИ ГАПО 100%100 ДУРУСТ АСТ АЗ КОРГАРОИ ДАВЛАТИ ТО ОМУЗГОРУ ДОНИШЧУ АГОНТАИ ОНХО БО ИХТИЁРИ ХУД АЪЗОИ ИН ХИЗБИ ХХДТ НАШУДААНД МИСОЛИ ОДИМАН ХУДАМ 4-СОЛЕ ПЕШ ВАКТЕ ЯКУМ КУРС ШУДАМ БА МАН ДАФТАРЧАЕРО ОВАРДАНД КИ БЕ ИЧОЗАТИ МАН ДАФТАРЧАИ АЪЗОГИИ МАН ДАР ХИЗБИ ХХДТ ТАЁР БУДА ФАКАТ ИМЗО КАРДАН МОНДАСТУ ХАЛОС МАН АЛЪОН ДАР ХОРИЧ ХАСТАМ ВОРИДИ ТОЧИКИСТОН,КИ ШУДАМ ХАТМАН АЗ ИН ХИЗБ ХУДРО БАРКАНОР МЕКУНАМ.

хайрон
агар намехохи баро бо барои он ки аз хизб мебарои ягон орденат дихем.

сафар
МАН ОМУЗГОР.....
ХУДАМ НАМЕХОХАМ ВАЛЕ ШАРТ МОНДААНД КИ АГАР АЬЗОИ ХХДТ ШАВИ ОНГОХ БА КОР КАБУЛ МЕШАВИ....
ЧИ КОР КУНАМ?????
КАБУЛ КУНАМ .....МУХОЧИРАТ РАВАМ?????

Ин х,изби х,оким ном дошта барои х,окимон аст.К,асам ба тамоми бузургих,ои дунё,ки вай як одами содик, ба ин х,изби хасаки надорад!

Халкия
Дар Хизби Коммунисти Шабдолов чи кадар коммунисти содик монда бошад.

Сайф аз ИМА
Ин бародар хуб кайд кардааст. Рости манам вакте донишчуй будем ва дар хобгохи №6 ДМТ зиндаги мекардем хамон вакт интихобот шуд ректор агар хато накунам Саидов Нуриддин буд хозира Вазири маорифи кишвар омада мо доничуёнро гирифта ба хавзахои интихоботи бурданд ва гуфтанд, ки дар инчо имзо кунед яъне дар хамон варакахои интихоботи... Пас худ биандешед ин чигуна интихобот аст аз ин интихобода набуданаш хубтараст!!! 22-сол мешавад, ки мо худамон худамона фиреб медихем аз ин ру намехохем мо чавонон дигар аз хорича ба ватан баргардем боки Худо хамаатона нигохдорад.

Гум кн хами хизба дига кор намета

Саид
Омузгори мухтарам Шумо худатон як андеша кунед, ки ичбори вакте дар як хизб аъо мешави ва ба насли наврас дуруги махз мегуи пас дар оянда метавон кадри хуб ба воя расонид? Пас хамчу як бародар мегуям хубтараш ба мухочират раву ин нохакиро ба душ нагир чун, ки хар интихобот масъалаи хаёти мардуми чомеаро хал мекунад.

душанбегӣ
Ин ҳизб, воқеан ҳизби ҳоким аст ба маънои аслиаш. Он бо фигураи роҳбараш сахт алоқаманд аст, агар роҳбари он дар ҳизб набошад ва ё аз ҳизб барояд баъди 2 ҳафта ин ҳизб нуфузашро гум карда платформаи сиёсиашро низ фаромӯш месозад. Ресурси маъмурӣ набошад ин ҳизб ба рақобати сиёсӣ тобовар нест, чунки мағзҳои муосиру дурандеш кам дорад. Ва баъдан як чизи дигар Ҳизби халқӣ демократӣ (охир маънои демократия - демос (халқ) кратос (ҳокимият) боз ҳам ҳамон халқ аст, ва агар ҷиддӣ нигоҳ кунем ибораи халқ (халқӣ ва боз ҳам халқсолорӣ) ду маротиба такрор мешавад яъне дар номаш каме мушкилӣ дорад, ҳаминро ислоҳ кунед.

Зард
Э бародарон ин Хизб хи зби мачбури мебошад агар аьзо нашави мачбурат мекунанд ё дар ягон кори давлати намемонанат кор куни бовар кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)