Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:11

Файзиннисо Воҳидова: “Гуфта наметавонам, ки тарки Тоҷикистон нахоҳам кард”

19 август 2014, 09:43

Дар ҳоли ҳозир бештари сокинони кишвар дар фикри ба даст овардани шаҳрвандии кишварҳои дигар, бахусус Русия, мебошанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати ба даст овардани шаҳрвандии он кишвар зиндагияшон ба таври мусбат тағйир карда, рӯзгори шоиста хоҳанд дошт. Аммо мухолифони чунин кӯчбандӣ ҳам кам нестанд ва бештар аз “фирори мағзҳо” норозиянд. “Озодагон” ин дафъа аз мусоҳибони худ пурсид, “Шумо тарки Тоҷикистон карданӣ нестед?”


Нуралӣ ШОҚУРБОНОВ, сухангӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдо:
“Не, итминони комил дорем, ки вазъи иқтисодӣ, иншоаллоҳ, боз ҳам беҳтар мешавад ва имкониятҳо бошанд бештар. Чи гуна аз зиндагии худ розӣ набошам, вақте дар карйераи худ пешравиҳои назаррасро мебинам, албатта, бо меҳнати қавӣ ва сабурӣ”.

Файзиннисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқдон:
“Дар ин шароите, ки қарор дорем, шахсан ҳеч кафолат дода наметавонам, ки қатъиян тарки Ватан нахоҳам кард, агарчӣ Тоҷикистонро дӯст медорам. Ватанам, кишвари мо биҳишти рӯи олам мебошад. Бубинед, мақомоти давлатӣ, шахсони алоҳидаи мансабдор, вазорату чиновникҳо баҳри ноил гардидан ба натиҷаҳои мусбати хизматӣ, бо мақсади ширин нишон додани худ дар назди роҳбарони худ ва содиқ будан ба президент ба оморбозию пешниҳод кардани оморҳои бардурӯғ машғул шуда, шаҳрвандонро азият медиҳанд, айбномаҳои сунъӣ ташкил карда, ба зиндон равон менамоянд. Мухолифин ва ҳар як фарди рӯшанфикр саркӯб мешавад. Хукумат мисли як мошине имрӯз танҳо алайҳи мардуми бечораю бенаво мубориза мебарад. Қонунҳои хуб дорем, аммо аз тарафи худи назораткунандагони қонун ва чиновникҳо иҷро намешавад ва иҷрои онро танҳо аз мардум талаб мекунанд. Шиканҷа дар авҷ аст. Додгоҳи мустақил нест. Хақро аз ботил ҷудо намекунанд. Зулм болои мазлум. Гоҳе фикр мекунам, шояд соли 1937-и Сталинӣ бозгаштааст. Имрӯз, ки ҷомеа дар чунин вазъ қарор дорад бо боварӣ гуфта наметавонам, ки ман тарки Тоҷикистон нахоҳам кард.”

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил:
“На, Тоҷикистон ватани ман аст! Фазо хеле муташанниҷ аст, вале зиндагии ман аз ҳунари худам вобастагӣ дорад. Душвор аст кору зиндагӣ дар Тоҷикистон, вале ҳама тарки ватан намоянд, кӣ камбудҳоро фош мегӯяду баҳри ислоҳи онон иқдом мекунад? Бечоранолиро дӯст намедорам.”

Абдулфаттоҳ ШАФИЕВ, коршинос:
“Ба дурустӣ, баъзан ин ҳама мушкилоти сунъиро дар кишвар мебинаму барои ояндаи беҳтаре барои фарзандон азми ҳиҷрат мекунам. Вале боз ҳам волидону дӯстону бародарону хоҳарон пеши назарам меоянд. Намедонам, то кай меҳри ватан аз ояндаи фарзандон болотар хоҳад монд. Ва оё ки ватан танҳо ҳамин маҳдудаи ҷуғрофист ва ё маконе, ки зиндагӣ оромтару роҳаттар мегузарад? Ба ҳар навъ, тавре мебинед, сарфи назар аз онки худро дар инҷо нолозим ба ватан мешуморам, ҳанӯз ҳам талоше барои шиносномаи дигаре ва талоше барои ҳиҷрат накардаам”.

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Дар ҳақиқат, шахсони зиёде ҳар сол тарки Тоҷикистон мекунанд. Ба фикри банда, ин сабабҳои объективӣ дорад, пеш аз ҳама ингуна шахсон шароити хуб ва мусоидро шояд дар Тоҷикистон пайдо накардаанд. Аз тарафи дигар шояд маоши муносибе намегиранд. Вале, барои ман ватан беҳтарин неъматест, ки ба ягон моли дунё иваз намекунам. Ватан ин модар аст, мулки бегона, забони бегона ва урфу одати бегона хело сахт аст. Тоҷикистонро дӯст медорам ва тарки онро ҳеч гоҳ дар гӯшаи хаёл наовардаам.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • said

  • 19 август 2014 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бону Файзиннисо Вохидова. Тезтар равед точикон аз баромадхои фитнаангези шумо халос шавад. Зинда бод Точикистону точикони асил. Мо бо ватанем.
Посух додан
  • Чурушалим

  • 19 август 2014 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон чону чонон.. Тарки ВАТАН - чудои аз аслу хешу пайвандон.
Юсуф, ки ба Миср подшохи мекард, Сад кош гадо мебуд ба Канъон ..
Посух додан
  • Исфара

  • 19 август 2014 10:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин хонум файзинисо ҳақиқатро гуфтед ман бо шумо ҳамфикрам!
Посух додан
  • Абдулло

  • 19 август 2014 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости тарки ВАТАН бисёр бадаст лекин Пайгомбари Ислом Мухаммад (с) гуфтанд: Хар вакте, ки шумо ризки худро дар ватани худ пайдо карда наметавонед хатман ба кишваре хичрат намоед. Ман фикр мекунам, ки ин бародарону хохароне, ки тарки ватан кардаан албата вазъи бади зиндаги дар ватан астЙ набудани чойи кор камии маош зулм нисбати мардуми бечораву мазлум ва гайра мебошад....
Посух додан
  • Анушервон аз Хоруг

  • 19 август 2014 11:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба саводу фахмиши муаллима Файзинисо Вохидова коилам. Хичрат намудан аз Ватан ин ихтиёри хар кас аст. Вале тачрибахо нишон додаанд,ки инсони бе Ватан хеч аст. Зеро то хануз садои бузургони гузаштагонамон ба гуш мерасад, ки дар кучое буданд хамеша бо ёди Ватан буданд ва баъъзан бо хори ба ёди ватан чон додаанд:
Ватанро ёд кардам, ончунон дар хеш печидам,
Баромад оби чашми интизори ман, илочам чист?
Илочи ман ягона бозгаштам бар Ватан бошад,
Шабу рузе шуд ин максад шиори ман Ватан бошад...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назари Махди Собир, бародари моро кучо кардед? Хар хафта 7 назар будл. Дар агзет хам. Ин чо маслихат карда, онро намондетон. Бехтарин буд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бону Файзиниссо Вохидова ман хам ба гуфтахои Шумо хамфикрам. Худо кунад хамаи занхои мо мисли Шумо Бонуи азиз фикрхои дуруст карда тавонанд. мисли Шумо цивилизованные женщины шаванд. хар боре ки Шуморо мебинам е суханхои фархангии Шуморо мехонам хеле хурсанд мешавам. Худованд бароятон тани сихат умри дароз дихад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
said
tojikoni asil kiro dar nazar dori? hama tojikoni asil tarki kishvar kardaistodaand tanho kalugu uzbaku khitoi mondaistodaast dar tojikiston. baXudo kasam agar haminxel idomayofttangirad bad az chand sol tojikistonro az dast medihem
Посух додан
  • Бекор

  • 19 август 2014 15:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллима Ф.Вохидова бехтарин суханхоро гуфтааст,гуе Точикистон ба як кабила е авлод та.лук дошта бошад. Хамин хел зиндагии сахт ва беадолати рафтан гирад,дар Точикстон хек кас намемонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо халво гуфтан дахон ширин намешавад. Ин мардони мо боз хам лоф зада аз ватандустии худ мегуянду аз хакикат дар харосанд. Агар ки гурусна монди аввалин коре ки мекунед, ин куч бастанаш ба хичрат хохад буд ва имруз шарм накарда ватанамро дуст медорам, тарк на хохам кард, мисли булбул мехонанд. Файзинисои бузург ва Гурдофариди точик хакро гуфтааст ва Зихи хохари азиз, бехтарин обру ин хакикатро гуфтан аст.

Said, ин ту фитнаангезу хушомадгуйи макомот хасти. Файзинисо мардонавор рост ва хакикатро иброз намуда аст. Фочиаовар аст ки имруз бештари мардум хакикатро кабул надоранд, чунки шумоенро зомби кардаанд. Тарк кардан ин маънои онро надорад ки аз бахри ватан гузаштан бошад. Аз андешаи пурсидашудагон бармеояд, ки хама аз тарс дуруг гуфтаанд ва бовари дорам, ки дар дил андешаи дигар доранд. Боз хам хамин зан Файзинисо часурона, мардона хакикатро иброз намудааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсан ба бону Файзинисо Вохидова, ки хакикатро ба миён овард. Мо на танхо аз кадрхои бакувват танкиси мекашем, балки инчунин бокимондаи шахсони ба аклу бофросат, ки метавонанд давлатро ба по бардоранд, за даст дода истодаем. Онхо дар кишвархои хорича дар ширкатхои гуногун кор карда умр ба сар мебаранд ва маоши хуб хам мегиранд. Агар он корро да Точикистон мекарданду маоши хуб мегирифтанд, дар Осиёи Маркази мо давлати пуркувваттарин мешудем. Вале афсус...
Рахмат апаи Файзиниссо!
Посух додан
  • кулоби

  • 19 август 2014 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рута сиех кадай саид,точикистон хуб аст бихишт аст лекин конун нест ман аз кулоб гап доред нависед.
said,
Посух додан
  • Domullo

  • 20 август 2014 01:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az kam shudani shumorai odamoni qadid dar Tojikiston yagon digarguniye ehsos nameshavad. Asfus khonuma ham, ba misli man, po ba rohi muhojiratu tarki vatan meguzorad!
Посух додан
  • беном

  • 20 август 2014 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шукоран кунед ватанро ба шукронизация табдил доданд ку
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар тарчумаи вожаи "чиновник"-ро наёфтед? "Мансабдор" гуем мешавад-ку!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!