Бахшҳо

Таъини як тоҷик ба мақоми амири ар-Раққаҳ бо амри халифаи ДИИШ

Созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ), ки аз он созмони террористӣ ном бурда мешавад, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳри ар-Раққаҳи Сурия амири худ таъин кардааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ин мақом бо дастури Абубакр Бағдодӣ – раҳбари ДИИШ, ки ахиран худро халифаи мусулмонони ҷаҳон эълон карда буд, таъин шудааст.

Расонаҳои арабзабон далели баргузида шудани як тоҷик ба ҳайси амири шаҳри ар-Раққаҳро дар фаъол будани ӯ ҳангоми ғасб шудани ин минтақаи Сурия аз сӯи ҷангҷӯёни ДИИШ арзёбӣ кардаанд. Аммо дар бораи ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳо чизе нагуфтаанд.

Созмони террористии ДИИШ рӯзи 24 августи соли ҷорӣ баъд аз панҷ рӯзи задухӯрди мусаллаҳона бо нерӯҳои низомии ҳукумати Сурия шаҳри ар-Раққаҳи ин кишварро таҳти тасарруфи худ қарор дод. Манобеи хабарӣ мегӯянд, дар ин задухӯрд ҳудуди 550 нафар аз ду ҷониб кушта шудааст.

Давлати исломии Ироқ ва Шом зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбараш Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард.
Мӯҳр
ПИВТ, ЧО ДАИ, ку гап зан, бо читари шуд яку якбора.

Араб худро ба Нури Мустафо сухт,
Чароги мурдаи Машрик барафрухт.
Валекин он хилофат рох гум кард,
Ки аввал муъминонро шохи омухт.

Аллома Мухаммад Икболи Лохури.

точик
Нест бод чахолати асримиенаги!

Ин як рохи чалби Чавонхои содаи ки. Аклашон
Дар ихтиёри ин гуна Чиходе,ки. Дузахт интизори
Инхо хаст. Даъват мекунанд. Афсуз

ин точики дузахии зархариди амрикои боз дар сурия чи номаъкул мехурад. самозванец.

имруз хар касе ки гуяд чиход уро терорист мегуяд, аммо имруз давлати исроил ин кадар берахмона мардуми фаластинро кушта истодаян онхоро чизе намегянд

Салм
ин шогирдони Турачонзодахо ва ХочиМирзо чаро хомушанд??? дар дигар маколахо забонашон 1 метр дароз буданд ку! ана махсули дасти Шумо

Али
мухочир,
чунки имруз хама чахони Ислом лабайгуи яхуду насоро шудаанд... имруз фарзанди мусалмон масчид вайрон мекунад, имруз фарзанди мусалмон зиди мусалмон мубориза мебарад ва душмани Исломро дуст мешуморад, Имруз Ислом гариб аст хамчуноне ки дар огоз гариб буд, Худованд доно аст имруз ошкор шудаистодааст ки мусалмони забони асту ки мусалмони вокеи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)