Бахшҳо

Раҳимзода дар бораи боздошти аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Мусулмонони солеҳ”, “Толибон” ва “Салафия”

Раҳимзода Рамазон, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз боздошти аъзоёни “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Мусулмонони солеҳ”, “Толибон” ва “Салафия” хабар додааст.

Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Раҳимзода зимни ҷаласа, ки 5 сентябр дар Қирғизистон ба кори худ шурӯъ кард, ба ҳамтоёни худ гуфт, “дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 30 аъзои ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла 12 аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, 7 узви “Мусулмонони солеҳ”, 3 тан аз “Толибон” ва як узви “Ҷабҳат-ан-нусра” боздошт гардидан”.

Раҳимзода Рамазон боздошти ин афродро ба “пурзур намудани мубориза аллайҳи терроризм” дар Тоҷикиcмтон рабт додааст. Вазири умури дохилӣ ҳамчунин аз боздошти 25 аъзои ба гуфтаи ӯ, ташкилотҳои экстремистӣ, аз ҷумла 18 узви равияи “Салафия”, 4 аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир” ва 2 аъзои “Ҷамоат-ул-таблиғ” хабар дода гуфтааст, аз ҷониби онҳо 12 ҷинояти хусусияти экстремистидошта анҷом шудааст. “Фаъолияти 14 гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 61 нафар ошкор карда шуданд, ки 98 ҷиноят содир намудаанд”,-афзудааст ӯ.

Бино ба иттилои манбаъ, Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар ин нишаст барои рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори умед намуда, аз ҳамтоёни худ даъват намудааст, ҷиҳати пешгирии гурӯҳои ҷиноятпеша ҳамкориро бештар намоянд.
Мӯҳр
Корвон
Барои онки ин хукумат аз хочагони хоричиаш пули бисёр гирад бар дуруг эълон мекунад ки дар Точикитсон ссадхо гурухи терористиву ифроти аст,

Ҳамаш намоишкори, як камбағалро меқабандy зада зада yро маҷбyр мекyнанд ки хyдро yзви ягон гуруҳе терористи елон кyнад. Дар ҳамаи давлатҳои мyсалмони барои ба маблағи ҳамгyфт аз кишварҳои қyдратманд пайдо кандан ҳамин корро нисбати мардyми бечора амали мекyнанд.

Комментарияхои дуругу росту беаклона нанависед. Дар Точикистон гурруххои террористию экстремисти зиёданд. Агар куру кар шудабошед Алии бедакиро ба ёд оред ки дар нохияи Гарм бо гуррухи худ мусаллахона мехост Точикистонро боз ба майдони чанг таблид дихад. Ягон далел дори ки ягон касро хукумат барои террорист шудан мачбур карда бошад? Дар Точикистон бархак садхо гуррухои террористи хаст. Агар чугрофия хонда боши бингар кистанд хамсоягони мо. Лекин ба фикрам ба Шумо дар интернет навиштанро кадоме ёд додаасту халос. Дар интернет бихон чи тавр точикбачагон дар Сурия вафот карда истодаанд. Чи тавр онхо ба ончой афтоданд? Наход инкадар беимону беинсоф боши ки дуруги руирост гуи .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)