Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:04

Карзай Эрону Русияро дар мудохила ба интихобот муттаҳам кард

18 сентябр 2014, 10:25

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар суҳбат бо намояндаи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, барои ҳалли бунбасти интихоботӣ ва ба тавофуқ расидани ду номзад бояд бо Эрон ва Русия ройзанӣ анҷом шавад.

Ба бовари оқои Карзай, ин ду кишвар барои ба тавофуқ нарасидани номзадҳои раёсатҷумҳурии кишвараш дахолат кардаанд. Райиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар ҳузури ӯ ба тавофуқ мерасанд, вале баъди чанд фурсат аз он даст мекашанд, ки ба қавли ӯ, бо дахолати ин кишварҳо анҷом мешавад.

Нашрияи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон бо такя ба як манбаъ дар Арги раёсатҷумҳурӣ менависад, оқои Карзай аз намояндаи вижаи Брак Обама хостааст, барои ҳалли сареъи бунбасти интихоботӣ дар Афғонистон кӯмак кунад. Ба бовари Карзай аз онҷо ки Амрико дар интихоботи кишвараш дахолати фаъол доштааст, бояд барои расидан ба роҳи ҳалли бунбасти интихоботӣ фазои тафоҳум бо сойири кишварҳои минтақаро ҷустуҷӯ кунад.

Изҳороти Карзай дар мавриди дахолати Эрону Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби ӯ – Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро дастнишонда ва ҷосус хитоб мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бархе чеҳраҳои сиёсии Афғонистон аз ин изҳороти Карзай интиқод карда, гуфтаанд, ӯ бояд дахолати кишварҳои ғарбиро низ таъкид мекард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!