Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:30

Духтари президент ба Аргентина фирор кардааст?

14 октябр 2014, 16:46

Моҳи сентябри соли ҷорӣ додситонии Узбакистон аз боз шудани парвандаи ҷинойӣ алайҳи Гулнора Каримова хабар дод. Ин изҳороти ҷасуронаи мақомоти узбакро наметавон майли воқеии онҳо барои ба маҳкама кашидани духтари раиси ҷумҳур тавзеҳ дод. Ин амалкарди додситонии Узбакистон барои бартараф кардани таваҷҷуҳи мардум аз як воқеаи дигар аст. Ин нуктаро Усмон Ҳақназаров, як сиёсатшиноси узбак баён кардааст.

Ӯ дар матлабе, ки “Тарҳи “Аргентина” идома дорад ё дар мавриди “фирор”-и Гулнора Каримова” ном дошта, дар торнамои “Ҳаракати мардумии Узбакистон” нашр шудааст, менависад, Гулнора Каримова ҳанӯз 10 сентябри соли равон аз Тошканд ба Маскав рафта, дубора барнагаштааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо аз ҳабси хонагии духтари президент хабар доданд. Гуфта мешуд, Гулнора ва духтараш Имон беш аз ҳафт моҳ аст дар манзиле дар пойтахти Узбакистон қарор дошта ва амниятиҳо ба ӯ иҷозаи берун шуданро намедиҳанд. Аммо Усмон Ҳақназаров навиштааст, ҳоло, дар кадом кишвар будани ӯ маълум нест: “Танҳо чизе ки маълум аст, ин аст, Гулнора аз Маскав ба яке аз кишварҳои Аврупо - Олмон ё Бритониё рафтааст. Ва ин ҳам маълум, ки бо иҷозаи падараш тарки Узбакистон кардааст”.

Ҳақназаров дар идома менависад, Гулнора дар сафарҳои қаблиаш тавонист аз чандин кишвар дидан кунад ва ба Тошканд баргардад, аммо ин бор сафараш барои як моҳ тӯл мекашад, ки ҳамчун “фирор”-и ӯ аз Узбакистон дониста мешавад. Оқои Ҳақназаров бар ин назар аст, Гулнора пеш аз “фирор” аз Узбакистон падарашро огоҳ кардааст. Ӯ менависад: “Мо вожаи “фирор”-ро дар нохунак мегирем чун ин воқеа саҳнасозии оилаи раиси ҷумҳур ва қисме аз тарҳи “Аргентина” мебошад. Имкон аст, ки вобаста ба вазъ ё бо дархости волидон ба кишвар баргардад”.

Сиёсатшиноси узбак бо такя ба манбаҳояш навиштааст, “фирори Гулнора Каримова кори дасти модараш - Татяна Каримова аст. Ӯ моҳи август аз додситони кулли Узбакистон Рашидҷон Қодиров ва раҳбари Хадамоти амнияти миллӣ Рустам Иноятов дархост кард, духтарашро дар СИЗО ҷой кунанд”. Ба навиштаи Ҳақназаров, модари Гулнора гуфтааст: “Чаро одамони оддии ин гуруҳи ҷиноӣ дар маҳбас қарор доранд, вале саркардаашон дар ҳабси хонагӣ аст?!”

“Ҳатто, пас аз ин изҳороти модари Гулнора на Қодиров ва на Иноятов тасмим нагирифтанд, духтари раиси ҷумҳурро зиндонӣ кунанд. Онҳо аз хашми Ислом Каримов тарс доштанд. Пас аз хомӯшии Додситонии кулл ва Хадамоти амнияти миллӣ модари Гулнора тасмим мегирад, ин масъаларо бо шавҳари худ дар миён гузорад. Дар суҳбат бо раиси ҷумҳур Татяна Каримова на танҳо тақозои зиндонӣ кардани духтарашро мекунад, балки аз хомӯшии Қодиров ва Иноятов низ хабар медиҳад”, -мегӯяд Ҳақназаров.

Бар бунёди навиштаи сиёсатшинос Иноятов ва муфаттишони додситонии кулл Гулнораро аз гуфтугӯи волидонаш огоҳ мекунанд: “Пас аз 10 рӯз ҳамаи муфаттишони Хадамоти амнияти миллӣ ва Додситонии кул бо иттиҳоми хабардор кардани Гулнора аз кор озод мешаванд”.Аммо муаллифи матлаб мегӯяд, ба фирори Гулнора аз хашми модараш шак дорад. Ин як саҳнасозии оилаи раиси ҷумҳур ва ҳукумати Узбакистон аст ва далеле ҳам дар даст дорад.

Боздиди дипломати аргентинӣ аз Тошканд

Аз 5 то 7 сентябр вазири умури хориҷии Аргентина- Эдуардо Антонио Зуаин дар Тошканд будааст ва зимни ин сафар бо ҳамтои худ Абдулазиз Комилов ва райиси ҷумҳур Ислом Каримов мулоқот доштааст. Дар ин дидор ба гуфтаи Ҳақназаров, сафири Аргентина дар Русия Пабло Анселмо Теттамани ба ҳайси тарҷумон иштирок мекунад. Мавзӯи гуфтугӯ дар ин дидор ба касе маълум нест гарчанд дар расонаҳои Узбакистон гуфта шудааст “дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-башардӯстӣ баррасӣ шудаанд”.

“Аммо чизи ҷолиб ин аст, ки пас аз 4 рӯзи ин мулоқот, 10 сентябри соли 2014, Гулнора Каримова аз Узбакистон берун меравад. Эҳтимол аст, Каримов ва Зуаин амалӣ кардани тарҳи махфии “Аргентина”-ро баррасӣ карданд”- мегӯяд Усмон Ҳақназаров. Ба қавли ин сиёсатшинос ҳоло ҳадс зада мешавад, Гулора Каримова дар Аргентина қарор дорад ва ба омода кардани аснод барои оилаи Каримовҳо ба мақсади зиндагии доимӣ дар ин кишвар машғул аст.

Каримов аз қавӣ кардани иқдомоти амиятӣ даст намекашад

Ба нақли Усмон Ҳақназаров моҳи сентябри ҳамин сол намояндагони Хадамоти амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон сафар карданд ва бо дархости Ислом Каримов аз генерали узбактабори ин кишвар - Абдурашид Дустум даъват ба амал овардаанд, ҳангоми гуфтугӯ бо Толибон миёнҷигарӣ кунад. “Тарс аз “Толибон”, ки дар миёнашон ҷангиёни узбак низ кам нестанд, Каримовро водор кард, моҳи августи соли равон эмиссарҳои режимашро ба Ашқобод равон кунад. Ба назар мерасад, Каримов фикр мекунад, ки “Толибон” дар Афғонистон бар сари қудрат меоянд ва аз Тошканд барои кумак ба нерӯҳои НАТО дар соли 2000 қасди худро мегиранд”,-менависад Ҳақназаров.

Ин сиёсатшинос аз қавли манобеи худ менависад, моҳи августи соли ҷорӣ бо фармони Каримов 2 ҳазор ҷангҷӯи Маҳмуд Худойбердиев ба қисматҳои марзии Узбакистон бо Тоҷикистон, Фарғона ва Сурхон-дарё фиристода шудаанд. “Ҷангҷӯёни Маҳмуд Худойбердиев пас аз расидан ба ин мавзеъҳо ба бедодгарӣ шурӯъ мекунанд. Фарзи мисол, дар Сурхон-дарё ба дуздидан ва таҷовуз кардани духтарон даст мезананд. Дар Фарғона яке аз сарбозон ба хотири садои трактор, ки хобашро “парондааст”, ҳамаи тирҳои “Калашник”-ашро шилик мекунад”,-мегӯяд Ҳақназаров ва меафзояд: “Ислом Каримов на танҳо аз таҳдидҳои берунӣ метарсад, балки аз эҳтимоли сар задани низоъҳои дохилӣ низ дар ташвиш ҳаст. Ба ин хотир моҳи июли ҳамин сол амниятро дар ҳамаи ноҳияҳо пурзӯр кардааст”.

Хулоса

“Мутаассифона, хабар дар атрофи Гулнора Каримова бо ҳамон сенарияе, ки мо дар мақолаҳои қаблиамон гуфта будем, пеш меравад. Барои мисол, хабар дар бораи истихдом кардани ширкати тарғиботӣ аз ҷониби Гулнора дар яке аз кишварҳои Аврупо тасдиқ шуд. Он вақт мо хабар додем, ӯ бо ширкатҳои олмонӣ ва инглисӣ дар ҳоли гуфтугӯ ҳаст. Чанде қабл, тасдиқ шуд, ки ин ширкати бритонёии “Davidson Ryan Dore” аст”,-мегӯяд Ҳақназаров.

“Ғайр аз ин мо гуфта будем, дар доираи ин “пиар”-и Гулнора фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбакистон ба ҳимояти Гулнора бармехезанд. Ба ин минвол, пас аз иттилои расмии Додситонии кулли Узбакистон ҳаракати мардумии “Бирдамлик” ва вакили мудофеъ - Саидҷон Зайнабиддинов ба ҳимояти ин духтари раиси ҷумҳур шурӯъ карданд“,-гуфтааст ӯ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пожалуйста, пишите граммотно! Узбек а ни Узбак!!!!
Посух додан
  • Таджик

  • 30 октябр 2014 14:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узбак есть Узбак
Посух додан
  • Лар

  • 30 октябр 2014 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узбако бароии як харфи "у" бо точикон дар чанг хастанд.Узб"а"к ё Узб"е"к.
Набошад фаркаш чи; Гозималик ё Зогималик.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НУ КОНЕЧНО УЗБЕК, А НИ УЗБАК.БЕЗГРАМОТНЫМ ОБ ЭТОМ НЕ ЗНАТЬ.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!