АКС: Хонадоршавии Фатҳуллоев дар “Ҳаят Реҷенсӣ”: Танзим риоя шуд?
Дастаи футболи “Истиқлол” аз хонадоршавии нимҳимоятгараш Фатҳулло Фатҳуллоев хабар додааст, ки 21-уми октябр дар “Хаят Реҷенсӣ Душанбе” баргузор гардидааст.
Ба иттилои манбаъ Фатҳуллоев, ки ҳамчунин дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, бо Мадина ном духтари тоҷик ақди никоҳ баста, маросими хонадоршавии Мадинаю Фатҳулло дар ҳузури сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Муҳсин Муҳаммадиев, футболистони дастаҳои гуногуни Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба вуқуъ пайваст.
Дастаи “Истиқлол” ишора мекунад, ки қонуни танзими расму оин зимни хонадоршавии Фатҳуллоев риоя шуда, ҳамагӣ дар маросим 150 меҳмон иштирок намуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |