Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июн 2019, 22:16

Сафари дурӯзаи Ислом Каримов ба Ашқобод

22 октябр 2014, 10:20

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон дар доираи як сафари расмӣ ба Туркманистон меравад. Ба иттилои расонаи “Gazeta.uz”, сафари Ислом Каримов ба Ашқобод рӯзҳои 23 ва 24 октябри соли равон сурат хоҳад гирифт.

Манбаъ мегӯяд, раисҷумҳури Узбакистон дар ҷараёни ин сафараш бо ҳамтои туркмани худ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карда, баъзе аз мушкилиҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро ба баҳс хоҳад кашид.

Инчунин имзои санаду созишномаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои Узбакистону Туркманистон дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Коршинос

  • 22 октябр 2014 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун дар халалдор шудани равобити хуби байни Душанбеву Ашқобод омода бошед.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!