Бахшҳо

Ҳақталошӣ ва ҳукми истирдоди 7 тоҷик барои даргирӣ бо доғистониҳо

Аз 21 нафар тоҷики иштирокчии задухӯрди шаби 28-уми октябр бо доғистониҳо дар анбори ширкати “Рекстрой”-и ноҳияи Сходня феълан ҳукми истирдоди 7 нафарашон бароварда шудааст.

Дар ин бора намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба "Озодагон" хабар дода, афзуд, ки намояндагони тоҷик аллакай аз ҷои ҳодиса дидан намуда, бо масъулини пулиси ноҳияи Сходняи шаҳри Химкии вилояти Маскав мулоқот намудаанд: “Андрей Хавханов, ноиби шуъбаи пулиси ноҳияи Сходня изҳор доштааст, ки феълан ҷузъиёти ин ҳодиса мавриди омӯзиш қарор дорад ва нисбати ҳамаи иштирокдорони қазия аз рӯи қонунгузории Русия чораандешӣ хоҳад шуд. Аз ҷараёни тафтишот мақомоти тоҷикро огоҳ хоҳем кард.”

Дар ҳамин ҳол ҳукми истирдоди 7 тоҷик дар ҳолест, ки онҳо барои гирифтани маоши яксолаашон аз раҳбарияти “Рекстрой” талош кардаанд.

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, Николай, раиси ширкати “Рекстрой” ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро надода, бо ҷалби доғистониҳо хостааст, амволи ширкаташро аз анбор дар Сходня ба ҷои дигар барад: “Аммо муҳоҷирони тоҷик монеаи ин кор шуда, талаб кардаанд, ки аввал маошашонро диҳад. Дар натиҷа задухӯрд ба миён омада, доғистониҳо сӯи тоҷикон тир холӣ кардаанд.”
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик аз қавли шоҳидони ин ҳодиса афзуд, пулис дар қазия тоҷиконро гунаҳкор намудааст. Ӯ афзуд, ки қаблан бо Николай, корфармои тоҷикон дар Сходня мулоқот кардааст ва ӯ ваъда додааст, ки маоши яксолаи тоҷикон дар ҳаҷми 4 миллион рублро то 10-уми октябр пардохт хоҳад кард, аммо иҷро накардааст.

Иззат Амон муътақид аст, ки қазияи шаби 27 ба 28-уми октябр махсус роҳандозӣ шудааст ва Николай мехоҳад бо мусоидати маъмурини пулис маоши тоҷиконро надода, онҳоро ба ҳар иттиҳом аз Русия хориҷ кунад. Тибқи иттилои ӯ аллакай амволи марбут ба Николай ба дигар ҷой кӯчонда шудаанд.
Мӯҳр
Garib
Бовар кунед агар маошамро 1 моҳ надиҳанд ҷои дигар мекобам. Ба ин бародарон ҳайрон мешавам, ки чихел як сол бемаош, тоқат карда кор мекунанд?!

Ситора
Мухтарам Каромат Шарипов Дар кучои ки Хаки Халоли мардуми бечораи Точикро гирифта дихи Ба тамоми Сардорони Мухочирони Точик Хохиш ва илтимос менамоям ки Хаки мардуми бечораро гирифта дихед

Агар имруз давлати мо ё хyди мо Тоҷикҳо аз инхел бародари ҳақталаб дастгири накyнем ва инҳоро аз Русия биронандy дигарҳо инро бидонанд ки Тоҷик қадре надорад, дар оянда миллати Тоҷикро ҳар ноҳақие дар сараш анҷом диҳанд, садо баланд нахоҳад кард. Биоед ин ҷавонҳоро барои далери ҳақталаби боло бардоштани номи миллат дастгири кyнем. Инҳо кори нодyрyсте накардан фақат мехостанд маблағи кор кардагии хyдро аз дасти ин касофат бигиранд.

Спартани
Мо аз касе ва чизе наметарсем.Мо точики соли 92 нестем,ки чор ифлос бо хай-хайи турку славян ва ким кадом хайкали бекалаи Ленин моро нифок андозанд.Аминам,ки ин миллат чою мавкеъи худро дар хама чо пайдо хохад кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)