Он гаҳ мо чӣ кор кардем? Таҳаммул, сабр, хомўшӣ, ғуломӣ… Бар ивази ҳамаи ин ба Искандар Рухшонабонуи тоҷикро алорағми таҷовузкориҳояш потахсӣ додем. Бо арабҳо ба хотири исломи наҷотбахш мувофиқа кардем. Ба шоҳони турку муғулу чингизиву манғиту узбак қасида гуфтему мадҳиясаройӣ намудем. Ленину Сталинро доҳиву пайғамбар гуфтему ҳайкалашонро, ки пайкараи хиёнат буданд, сохтем ба хотири барандозии ҳайкалҳояшон бародарони якдигарро куштем… Онҳоро оварандаи тамаддун ва фарҳанги асил гуфтем… Натиҷааш чӣ шуд. Ба як ғулом ва тўдаҳои берабту бетафовут бадал шудан дорем…
Имрўз акнун русҳо фақат сари тоҷик мебуранд. То ҳатто дар сатҳи як шоири хиёлпардоз, ки замоне ба маҳбубааш гуфта буд «Моро зи сари бурида метарсонӣ» ҷасорат надорем, ки бигўйем. Дирўз буд, ки сафорати кишвар дар Русия нома ирсол кардааст ба Вазорати хориҷаи Русия. Аммо фақат як нома. Баъзе аз расонаҳо навишта буданд, ки номаи эътирозӣ, сафорат гуфтааст, ки мо номаи эътирозӣ надодем. Яъне сари буридаи тоҷик, ки занбурўғчинҳои рус онро аз таги кадом занбурўғе дарёфтаанд, наметавонад мояи эътирози сафорат ва ё порлумони кишвар бошад. Аҷаб ғуломхўйие!
Ҳукумати Русия скинхеду калсарҳояшро барои одамкушиву барангезиши хусумати нажодӣ танҳо бо авбошӣ иттиҳом медиҳад ва аз маҳбасу маҳкамаҳо озод мекунад, аммо дар ҳоле, ки модари тоҷик сари буридаии фарзандашро рўйи даст дорад, мо эътироз намекунем.
Агар мудофеини ҳуқуқҳои мо, порлумону ҳукумату вазорати дохилаву хориҷа, хадамоти муҳоҷирату Омбудсмен ва тамоми ниҳодҳои зирабт аз мо дар ҳамин шакл дифоъ мекунанд, пас вақти он нест, ки худи насли имрўз ва муҳоҷирин бо нишони эътирозу ҷасорат ба Русияву скинхедҳои аз ҳукумат пуштибонӣ мешудааш бигўйем, ки « ИСТ!!!». На танҳо бояд бигўйем, балки амал кунем. Мо бояд эътироз кунем, сабаб бипурсем, натиҷа дарёфт кунем. Ин чӣ мантиқ аст, ки яқ қисм русҳо сари моро мебуранду қисми дигарашонро барои 49 сол дар кишвар ройгон иҷозаи иқмаву лашкаркашӣ медиҳем:
Одам аз бебасарӣ саҷдаи одам кард,
Гавҳаре дошт агар назри Қубоду Ҷам кард.
Яъне аз хўйи ғуломӣ зи сагон хортар аст,
Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.
Агар ҳам, ки мушаххас бишавад, ки боз ин тоҷикро тоҷикон куштаанд натиҷаи бесоҳибиву беҳуқуқиву оварагардиву дарбадарии тоҷик аст. Бисёр айб аст, ки мо ба ин сатҳ расидем ва ё аз ин сатҳ вонамераҳем.
Тоҷики Асилзода{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |