Бахшҳо

Нархи об дар Душанбе боз 20% қимат мешавад

Аз 1 январи соли 2015 нархи об ва системаи фозилоб дар шаҳри Душанбе дастикам 20 дарсади дигар боло бурда мешавад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” нархномаи нави хизматрасонии истифодабарии оби нушокӣ ва оби ихроҷиро дар асоси фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод кардааст, ки аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор мегирад.

Бар асоси ин нархнома, корхонаҳои буҷавӣ барои 1 метри мукааб оби нушокӣ як сомонию 18 дирам (бо андоз аз арзиши иловашуда) ва барои ин миқдор оби ихроҷӣ 53 дирам, дар маҷмуъ 1 сомонию 71 дирам хоҳанд пардохт. Корхонаҳои ғайрибуҷавӣ бошанд, бар ивази истифодаи як метри мукааб оби нушокӣ 2,95 сомонӣ ва барои оби ихроҷӣ 1,53 сомонӣ (дар маҷмуъ 4,48 сомонӣ) пардохт мекунанд. Барои сокиноне, ки обҳисобкунак доранд, як метри мукааб оби нушокӣ 38 дирам ва оби ихроҷӣ 14 дирам (52 дирам) муқаррар шудааст.

Барои хонаҳои аз 1-12 ошёна, ки обҳисобкунак надоранд, истифодаи як метри мукааб оби нушокӣ дар як моҳ 4,14 ва оби ихроҷӣ 1,55 сомонӣ (5,69 сомонӣ) мешавад. Аммо онҳое, ки аз ошёнаи 12 баландтар зиндагӣ мекунанд, мутаносибан 5,52 ва 1,61 сомонӣ (7,13 сомонӣ) пардохт хоҳанд кард.

Барои хобгоҳҳои умумӣ ва ба коррезии шаҳр пайваст, нархнома барои оби нушокӣ 3,45 ва оби ихроҷӣ 1,27 сомонӣ (4,72 сомонӣ) ва барои хонаҳои маҳаллие, ки ба корезии шаҳр пайвастанд, 2,87-у 42 дирам (3,30 сомонӣ) муайян гаридидаст.

Болоравии нархи об дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта низ дар ин шабу рӯз ҳаққи об наздик ба 20% боло рафта буд.
Мӯҳр
Учкуду
Хамин нархои ОБ барои сари хар як одам дар оила муайян карда шудааст, ё ин ки барои як оила дар мачмуъ.

25
Мардума магар масхара карданиед о наход ки нархи обе ки ЧТ сохиби 60%-и захирахои оби ОМ мебошад чунмин баланд бошад?Ин чо менечменти нодуруст шояд бошад ки хар сол нарха баланд мекунанд.

Фирдавс
25,
Агар хисобкунаки оби надоед. Вагарна ин нарх барои сарикаси аст, я'не аз руи шартномаи басташуда.

Фирдавс
25,
Ягон чиз дар ин дунеи фони бепул нест, лекин як чиз нофахмо чаро корхонаи (ташкилотхои) бучави аз хама кам месупоранд. Инхо муфтхуро аз хисоби халк кайфу сафо карда истодаанд.

Мухаммад
Дар кишвари мо об ва намак ройгон бояд бошад

Ситора
Аз Худованд Шарм кунед Наход 60% Чумхурии Точикистонро Об Ташкил кунад Шумо Обро кимат кунед Дод аз дасти Ин Худонотарсхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)