Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 15:09

Файзинисо Воҳидова: “Сюрприз”-ҳои ҲХДТ ҳамаро шок мекунад

28 ноябр 2014, 08:19

Файзинисо ВОҲИДОВА

Баъди чанд рӯз интригаи интихоботӣ оғоз мешавад. Дар моҳи декабр аҳзоби сиёсӣ дар анҷуманҳои худ номзадҳое, ки аз рӯи феҳристи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ бояд вориди парлумон шаванд, муайян месозанд. Аз замоне, ки парлумонро “касбӣ” эълон карданд, шумораи зиёди курсиҳои вакилӣ дар ихтиёри ҳизби ҳоким қарор дорад. Ҳоло низ 70-80 дарсади парлумон аз аъзои ин ҳизб ташкил ёфтааст. Маҳз ҳамин таҷриба асос шуд, ки ҳокимияти қонунбарор номи “парлумони муйсафедон”-ро гирифт. Тӯли ин ҳама солҳо фаъолияти ғайримустақили парлумон мунтаззам мавриди интиқоди ҷомеа қарор мегирад. Воқеан мо як ҳокимияти мустақили беғарази қонунгузор надорем. Ба назар чунин мерасад, парлумонро ба як ниҳоди муҷозотӣ табдил додаанд. Ҳар нафаре, ки дар соҳаи худ лозим нест ва ё умри мансабиаш ба охир расид, ба парлумон фиристода мешавад. Ин таҷрибаро аслан ҲХДТ ҷорӣ намуд.

Тибқи рӯйхати ҳизбӣ мансабдорони давлатиро аз вазифа барканор ва шомили парлумон мегардонанд. Ман шахсияти вакилонро зери шубҳа қарор доданӣ нестам ва ҳадаф ин нест, ки онҳо сазовори парлумон нестанд. Баръакс, шояд парлумон сазовори ин шахсиятҳо набуду нест, чун вакилии онҳо аз худи онҳо вобаста набуду нест. Ҳеч кадоме аз онҳо интихоб нашудаанду интихобӣ набуданд. Онҳоро таъин намудаанд. Тақдирашонро мақомот ҳал карду мекунад. Мутмаинам, ҳеч кадоме аз онҳо курсии мансабии худро ба курсии вакилӣ иваз карданӣ набуду нест. Аммо дигар илоҷе надоштанду надоранд. Аз бекор мондан, вакил будан беҳтар. Ин дафъа ҳам чунин мешавад. “Сюрприз”-ҳои ҲХДТ ин навбат ҳамаро шок мекунад. Бояд қоил шуд, ки воқеан ҳизби ҳоким тавонист худро миёни мардум ва ҷомеа муаррифӣ кунад, новобаста аз он ки он ба захираҳои ҳукуматӣ ва ресурсҳои давлатӣ дастрасӣ дорад ва аз шахсияти райисҷумҳур сӯиистифода менамояд.

Бояд эътироф кард, ҲХДТ аз рӯи шумораи аъзо низ дар ҷойи аввал меистад, чун ягона ҳизби сиёсӣ мебошад, ки узвият ба он, соҳиб шудан ба вазифаҳои давлатӣ аст. Яъне, собиқ ҳизби коммунист. Дар аҳди Шӯравӣ танҳо коммунист имкон дошт вазифаи давлатӣ бигирад. Танҳо фарқ байни коммунистҳои Шӯравӣ ва ҲХДТ он аст, ки барои ба КПСС қабул шудан шахс бояд як мактаби ҳаётро паси сар мекард ва дар “горком”-у “райком” аз имтиҳони давлатӣ мегузашт, барои узви ҲХДТ будан бошад, кофист, ки мақсади соҳиб шудан ба вазифаро дошта бошад.

Имсол низ дар рӯйхати ҲХДТ, ки мутмаинам чанд моҳ қабл аллакай тайёр буд, даҳҳо чиновники воломақом ҷой мегиранд, ки ҳукумат дар ин 23 сол шояд ба онҳо дилбастагии зиёд дораду намехоҳад барои ноуҳдабароӣ ва иҷрои номатлуби вазифаи давлатӣ барканор шаванд ва ё бинобар синни нафақа давлати пирӣ ронанд.

Кӣ мераваду кӣ меояд? Бо дарназардошти ҳаводиси як соли ахир дар кишвар эҳтимол дорад дар рӯйхати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ номҳои раисони Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, коллегияи ҳарбии Суди олӣ, Суди вилояти Суғд, Суди иқтисодии вилояти Суғд, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Шӯрои адлия, Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, вазири корҳои дохила, вазири кишоварзӣ ва боз чанд нафар роҳбарони ниҳодҳои интизомию қудратӣ навишта шавад.

Пешгӯӣ кардан нашояд, аммо фикри шахсии ман буд. Баъди чанд рӯзи дигар албатта боз шоҳид хоҳем буд, ки чӣ мешавад ва кадом “сюрприз”-ҳое моро интизоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ghareeb

  • 28 ноябр 2014 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salom ba hamma
Agar chunin surprizho boz ham shudan giradu mardum onhoro intikhob nakunand voy bar holi millati tojik!
Gutted ki az gamma a,zoo ziyod ham in hizb dorad in durust vale aksari a,zoyonash namedonand ki a,zo hastand az ai maqom suiistifoda mebarand ! Pas oyandai Tojikon ba qavle turb ast!!!
Посух додан
  • ghareeb

  • 28 ноябр 2014 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salom ba hamma
Agar chunin surprizho boz ham shudan giradu mardum onhoro intikhob nakunand voy bar holi millati tojik!
Gutted ki az gamma a,zoo ziyod ham in hizb dorad in durust vale aksari a,zoyonash namedonand ki a,zo hastand az ai maqom suiistifoda mebarand ! Pas oyandai Tojikon ba qavle turb ast!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кандата зан Гурдофариди точик! Вокеан хукумат аз ин чиновникхои худ забонкутох аст барои хамин намехохад пеш кунад ва ба дисбаталони парламент гусел мекунад.
Посух додан
  • Узви СССР

  • 28 ноябр 2014 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муаллима, мо кам-кам миш-мишхои кампирхои лаби чуйборро шунидем. Аз одамхое, ки шумо номбар кардед, кариб касе дар он руйхат нест, бовар кунед. Баъди ин суханхо ва дидани руйхат хаккони "ШОК" мешавед, зеро шумо НОХАКЕД!
Посух додан
  • Чоми

  • 28 ноябр 2014 13:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
намедонам чаро хукукшиносе мисли Файзинисоро чи мачбур карда то мисли баъзе рузноманигорону баъзе ба ном коршиносон суханхои по дар хаво нависад. Зеро бовари аст, ки такрибан 60% парлумони ояндаи кишварро чавонону бонувон ташкил хоханд кард. Ин пешгуи нест, балки хулосае аз мушохидахо ва омузиши кору фаъолияти чавонону занон дар кишвар аст. такозои замонро касе тагйир дода наметавонад мухтарам Файзинисо...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То чахон буд аз сари одам фароз
Кас набуд аз рохи мансаб бениез
Мардумони бехирад андар чахон
Рохи нохакро (е ки мансабро) ба хар гуна забон
Гирд карданду гироми доштанд
То ба санг андар хаме бингоштанд.
Аз кучо дар мо чароги равшан аст?
В-аз хама бад бар тани мо чавшан аст?
Пирлумон аз бахри мо шармандагист
Зиндаги дар торики худ гандагист!
Хама сар ба сар барк ба куштан дихем
Аз он бех ки Рогун ба душман дихем!
Салом. Ин пирлумони мо "хонаи пиронсолон" шудаги будааст, онхое ки беинхам аз дасташон коре намеомад, баъди ба дигархо низ кор наомадан, баъди нафака инчо меоянд, дам мегиранд, нафака мегиранд ва он хам пули кам не - 3500 е 4500 сомони. Офарин. Шукрона кунед ба давлати пири рондану ба ин чои кор ефтан. Дигар чи кор хам мекардед?..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Момаи файзинисо вазифагири чи бало пенсата бги бху бгард дадавлати фарзандот
Посух додан
  • Kishvar

  • 28 ноябр 2014 18:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пирлумон,
Пирлумон,
Salom vale bozham inhama durugi mahz ast dar Tojikiston palumon kullan murda ast va yagon naksh bagayr az knopka zer kuni digar naksh namebozad. Un bonuvonu javononi SHOK namoi shumo hama ba kavle LUKHTAKe ziyod nestand. Dar tuli faoliyati chandsolai khud parlumoni yagone amale ki ba nafi millatu kishvar bajo naovardaast. Iltimos chop kined.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ҶОМӢ
Ҷомӣ бачам хестӣ, ки хобӣ! Ҷовони тоҷик барои ҳукумати имрӯза аслан қадр надорад. Зиёда аз ду миллион қувваи кориву фикрӣ дар хориҷи кишвар бошад, пас шумо парлумонатонро ба ҷуз муйсафедону нафақахӯрон, дигар бо кӣ месозед? Ту ҳайрон мондӣ, ки чӣ чиз ин зани ҳуқуқшиносро маҷбур кардааст, ки суханони подарҳаво бигӯяд. Вале, дониста бош, аввал ин ки ин суханони подарҳаво нестанд ва сониян, ин зани тоҷикро ҳаёти фақр, зулму бедодгарии ҳокимон ва дурӯғу найрангбозии онҳо дар ҳамаи маъракаҳои сиёсӣ, худномоиву риёкороӣ ва чоплусиву тамаллуқи раисону масъулони ҳукумати имрӯза ва ҳамчунин зери пои мансабдорон мондании ҳуқуқи инсон ва каромати инсонӣ ва садҳо мушкилоти дигар ин зани равшанфикри тоҷикро маҷбур кардааст, ки ба чунин хулоса биояд......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акобир, бародар чони гапа гуфти. Ин Чоми аз хамон чавонакхои хизби хоким мебошад, ки дар хизмати хизбашу умеди мансаб хаст. То чавонон ба парлумон рох меебпнд, ки ин муйсафедони дарозумр 80 солу 90 сол умр дида курсиро холи намекунанд ва он чавонони мегуфтаи Чоми низ пир мешаванд. Ха ха ха ана боз хам парлумони муйсафедаконе, ки носро ба дахон партофта хумор карда даст дар кнопкаи тарафдор хахаха
Посух додан
  • эхе

  • 1 декабр 2014 09:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом, Шумо хаминкадар менависед ва аз дастатон чи меояд, хамаашон дар дасти Худашон чи коре хоханд мекунан фахмо аз дасти мо хеч чиз намеояд...
Посух додан
  • Чоми

  • 1 декабр 2014 10:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акобир,
аз харфхои навишта сину солро муайян карда намешавад. Ба кавли шумо ки атаву ки бач? ин баъди натичаи интихобот маълум мешавад. Мову Шумо ва сафари поёнгиатон мешавад харфу ракамхои овардаи хамидигарро баъди натичаи интихобот ба хотир биёрем. Шасти моро фаромуш накунед)))

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!