Парлумон 15 масъули нави КМИР-ро тасдиқ кард
Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9-уми декабр, раис, муовин ва 13 узви нави Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиро, ки аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуданд, тасдиқ намуд.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз парлумон хабар дод, ба мақоми раиси КМИР -Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовиниаш - Зокиров Саидбой таъин шуданд. Зокиров Саидбой, раҳбарии Иттифоқи касабаи вилояти Суғдро ба уҳда дорад.
Дар қатори 13 узви тасдиқшудаи КМИР аз ҷумла Наимова Вера, дотсенти Донишгоҳи славянӣ, аз ҳисоби коммунистҳо, Азизова Моҳистон, директори мактаби рақами 98-и шаҳри Турсунзода аз ҳизби ҳокими ҲХДТ, Алиф Изатулло, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Пойтахт 80, Ёрматова Олима, директори мактбаби рақами 38-и Сино, аз ҳизби сотсиалистҳо, Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи рузноманигорон, Нуралӣ Саидов, котиби Шурои ҳамоҳангсози ҷумҳурӣ, узви ҲХДТ, Зиё Раҳмон, муовини директори “Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ аз ҳизби аграрӣ, Маҳмудов Ҷамолиддин, мушовири раиси ҲНИТ, Раҷабов Маҳмадёр, мудири кафедраи ҳуқуқшиносиии ДМТ, узви ҲХДТ, Шодмонбеков Юсуфбек, мушовири ректори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ оид ба масоили ҳуқуқӣ, узви ҲХДТ, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи улум, Файзова Муҳаббат, раиси ҷамоати шаҳраки Оби Киики ноҳияи Хуросон ва Зоиров Муҳаммадборон, корманди Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон номбар шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни пешниҳоди аъзои нави КМИР охири ҳафтаи гузашта онҳоро ба ҳузур пазируфт ва дастур дод, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур зимни мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки "татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 1 марти соли 2015 баргузор мегардад, дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидати фаъол менамояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |