Бахшҳо
09 дек 2014 16:52Хабарҳои ҷаҳон

Раъйи 122 кишвари дунё барои узвияти Фаластин дар додгоҳи Гаага

Фаластин ба ҳайси узви нозири Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ пазируфта шуд. Ин қарор дар ҳошияи ҷаласаи охири намояндагони кишварҳои узви додгоҳи мазкур гирифта шудааст.

Ба иттилои расонаҳои хабарии Фаластин, намояндагони 122 кишвари узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар ҷаласаи мазкур барои қабули Фаластин ба ҳайси узви нозир мувофиқат кардаанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, қабул шудани кишвари онҳо ҳамчун узви нозири Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ роҳро барои расидагӣ ба шикоятҳояшон тавассути ин додгоҳ ҳамвор мекунад.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ далели пазируфта шудани Фаластин ба ҳайси узви нозири ин додгоҳро қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи ноябри соли 2012 арзёбӣ кардааст, ки бар асоси он мавқеи Фаластин дар СММ аз узви нозир ба кишвари узву бидуни ҳаққи раъй табдил ёфт.
Ин дар ҳолест, ки ин додгоҳи байналмилалӣ ташкилоти худгардони Фаластинро ҳамчун “мавҷудият”-и сиёсӣ дониста, аз ҳаққи узвият маҳрум карда буд ва мақомоти Фаластин низ тайи чанд сол мешавад, барои дарёфтани узвият дар ин додгоҳ барои шикоят бурдан аз болои қонуншиканиҳои Исроил дар қаламравашон талош доштанд.

Ҳавзаи салоҳияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шомили баррасии иттиҳомоти наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият, қонуншиканиҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои узв ё давлатҳое мебошад, ки парвандаи онҳо аз сӯи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ин додгоҳ ирсол мешаванд. Ин додгоҳ як ниҳоди мустақили ҷаҳонӣ буда, мақараш дар шаҳри Ҳейг ё Гаагаи Ҳоланд аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)