Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 13:54

Шоҳиён: Тоҷикистон 1 миллион муҳоҷир надорад, ин дурӯғ аст

16 декабр 2014, 12:53

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 16-уми декабр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, омор дар мавриди як миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дурӯғ аст.

Шоҳиён дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ барои қариб як миллион муҳоҷири тоҷик изҳор дошт, ки ҳанӯз ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар оғоз накардаанд: “Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо пешниҳоди Вазорати умури хориҷӣ ташкил мешаванд ва мо феълан ба ин кор оғоз накардаем. Он иттилоъ дар мавриди ифтитоҳи ҳамагӣ се нуқтаи овоздиҳӣ бепоя аст, чун феълан иттилои дақиқе дар ин маврид нест.”

Раиси Комиссияи интихоботӣ илова намуд, ки омор дар мавриди як миллион муҳоҷири тоҷик дар хориҷи кишвар низ воқеият надорад: “Тибқи иттилое, ки мо дорем, дар 11 моҳи соли равон аз Тоҷикистон 630 ҳазор нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки аз ин ҳудуди 400 ҳазор нафарашон баргаштаанд. Муҳоҷирони меҳнатии мо мавсимӣ сафар мекунанд. Чун интихобот дар парлумон 1-уми марти соли 2015, яъне зимистон баргузор мешавад, дар ин вақт аксари муҳоҷирон ба Ватан бармегарданд ва озодона метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо нашри як иттилоия теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки расман дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, ҳудуди 1 миллиону 100 ҳазор нафар арзёбӣ намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
2 million muhojir ast hamaw drugai politikai davlat
Посух додан
  • диёр

  • 16 декабр 2014 13:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй Шохиён, ту низ дуруғ мегуи! 1-март зимистон не- бахор аст.
Посух додан
  • Бонапард

  • 16 декабр 2014 13:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Руссия низ дуруг мегуяд, шояд доими з00 хазор бошад. Аммо боки мухочирони мавсими хастанд. Набошад аз кадом хисоб дар ватан шумораи ахоли зиёд шуда истодааст, агар генофон асоси, барандаи тухми миллат 1млн. 100 хазор ташкил дихаду, чор фасли сол дар Руссия карор дошта бошад.
Посух додан
  • ВОРИС

  • 16 декабр 2014 13:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОЗОДАГОН ОЗОД НЕСТИ ЧИ?????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Шохиен хоб хастед чи???агар хобед бедор шавед и давлати Русия 2 милиун мохочира рохи мекунад бад хонаи мо бе Ватан мешавад...
Посух додан
  • Точик

  • 16 декабр 2014 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э неи хамин акаи Шохиён аз хамин дуруггуияш намонд. Хамин як милион хам дуруг аст, блки адади мухочирони точики мукими Россия беш аз якуним милион аст.
Посух додан
  • Нозир

  • 16 декабр 2014 14:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шохиён рост мегуд. Ман дар Росия кор мекунам, дар интихоботхо сад хазор нафар хам иштирок намекунад. Хохиш надоранд.
Посух додан
  • ш

  • 16 декабр 2014 17:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар друг бошад 300000000000 пули мухочиронро ба 630хазор нафар таксим кунчи чандпули мерасад сони медони другчихо
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пас омор агар дуругин бошад маблаге ки танхо тарики бонкхо интикол мегардад аз суи мухочирин танхо тарики бонк зиеда аз 3млрд дуллори Амрико хаст боз маблагхое хаст ки перекидка мешаванд е мухочирин бо худ меоранд хамааш зиеда дар мачмуъ аз хатти 4млрд мегузарад пас мухтарам Шермухаммад бигуед ки ин маблагро 230хазор нафар мухочири мехнати интикол додаанд ин хеч бовар кардани нест нисбати ноноварони хона курнамаки хуб нест дехаи ки ман зиндагони менамоям худуди 30хазор ахоли дорад зиеда 5хазор мухочири мехнати дорад мана омор барои шумо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Шохиён эътимод накунед. У ин харфхоро ба он максад гуфт, ки ба чойи 1 миллион мухочирон аллакай блюетенхоро тайёр карда мондааст ва овозхои онхо аллакай ба фоидаи ХХДТ халшудаги аст.
Ин харфхо танхо ба хамин хотир аст.
Дар интихоботи президенти хам хисоботи расмии Россия шумораи точиконро дар Россия 1миллиону сесад нишон дода буд. Аммо Шохиёен онро камтар аз 600 хазор гуфта буд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо ки дуруг мегуфта бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АМАКИИИ... У ИТИООТЕ, КИ ШУМО ДОРЕН САР ТО ПО ХАМАШ ДУРУГ АСТ!
хамаи кадрхои точикиро дар як линча андохта линчаро алов задан даркор ки миллати точикро хору залил мекунанд инхо

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!