Бахшҳо

Санҷиш аз депутатҳои оянда: Хонед, нависед, гап занед!

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, номзадҳои пешниҳодшударо барои вакилӣ дар парлумон аз рӯи се меъёр санҷиш мекунад.

Абдулманон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИР имрӯз, 16-уми декабр ба “Озодагон” гуфт, шарти якум дуруст навиштани тарҷумаи ҳол аз ҷониби номзад мебошад: “Шарти дувум хондани матн ва сеюм сӯҳбати озод бо забони давлатӣ мебошад. Аз рӯи ин шартҳо маълум мегардад, ки н то куҷо сатҳи забондонии номзад хуб аст. Мо қонун дорем, ки ҳар кас забони давлатиро бояд донад ва номзадҳо низ бояд забони давлатиро хуб балад бошанд”.

Додозода изҳор дошт, сатҳи забондонии номзадҳо аз ҳавазаҳои умумиҷумҳуриявиро комиссияи махсуси КМИР бо ҷалби мутахассисони забондон месанҷад: “Вале номзадҳо ба ҳавзаҳои якмандатаро худи комиссияҳои 41 ҳавза имтиҳон мекунанд.”

Тибқи иттилои КМИР бо номзадҳо ба маҷлиси шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳо танҳо суҳбат бо забони тоҷикӣ гузаронда мешавад. Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР ҳушдор дод, ки дар сурати балад набудани номзад бо забони давлатӣ мушкил пеш хоҳад омад, аммо ӯ мушаххас накард, ки ин мушкилӣ аз чӣ иборат хоҳад буд.

Шоҳиён инчунин дар посух ба суоли “Озодагон” таъкид намуд, ки назорат мекунанд, то ягон номзад аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон сӯиистифода накунад: “Ҳеч номзад ҳақ надорад аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон суиистифода намояд ва КМИР ин масъаларо таҳти назорат мегирад.”

Раиси КМИР илова намуд, “тақаллубкориҳое, ки дар бораашон аз тариқи ВАО гуфта мешавад, ҳатман меомӯзем ва мавқеи худро муайн мекунем. Тамоми тадбирҳоро меандешем, ки дар ҷараёни интихобот қонуншиканӣ нашавад. Мо бояд ягон хел монеа эҷод накунем, яъне намояндагони ВАО фаъолияти комиссияҳои участкавӣ, раванди интихоботро назорат карда тавонанд, чун кори хабарнигорон ба хотири ислоҳ ва пешрафти кори мо аст”.

Дар навбати худ Акбаралӣ Сатторов, узви КМИР ва раиси Иттифоқи журналистиони Тоҷикистон хостори инъикоси дуруст ва беғаразонаи ҷараёни интихобот аз ҷониби намояндагони ВАО шуда, таъкид кард, ба ҳама журналистон шароити яксон фароҳам шавад: “Дар гузашта ин хел ҳолатҳое буд, ки хабарнигори хориҷиро барои ворид шудан ба участкаҳои интихоботӣ роҳ додаанду, хабарнигори маҳаллиро не. Набояд чунин шавад. Хабарнигорҳо низ набояд аз доираи фаъолияти худ берун баромада, ба рафти интихобот дахолат кунанд”.
Мӯҳр
Хамин калимаи "якмандата" бисёр гушхарош аст. Намешавад ягон калимаи дигарро истифода бурд? Хадди акал "якваколата" гуем намешавад? Яъне хавзае, ки дар он номзадхо барои ба даст овардани як ваколат, ки мутаалик ба хамин хавза хаст, мубориза мебаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)