Бахшҳо

Кумитаи амният: Бе чуну чаро 97 ҳазорро мепардозем, аммо...

Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе, имрӯз, 24-уми декабр ба баррасии аризаи даъвогии хонаводаи Шаҳбол Мирзоев барои рӯёнидани 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 144 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ оғоз кард.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз рафти мурофиа хабар дод, Зоиршо Назиров, намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар нахустин мурофиа омодагии ниҳодашро барои пардохти бечунучарои 97 ҳазор сомонии зарари моддӣ ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев изҳор дошт. Ӯ таъкид намуд, ки бе мурофиаи додгоҳӣ низ дар сурати муроҷиати расмӣ қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният омода буданд, маблағи зарари моддиро пардохт кунанд. Дар қатори кӯмакҳое, ки то ҳол ба хонаводаи Шаҳбол Мирзоев расонда шудааст, Назиров гуфт, ки “ба маблағи 7 ҳазору 252 сомонӣ доруворӣ, дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ аз ҷониби раиси Кумита кӯмакпулӣ, 5 литр хун аз ҷониби афсарҳо ва 2230 сомонӣ аз ҷониби фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ пешниҳод шудааст.”

Аммо дар мавриди ҷуброни зарари маънавӣ, ки ҳудуди 144 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст, Назиров пешниҳод кард, ки он бозбинӣ шавад. Намояндаи қушунҳои сарҳадии Кумитаи амният изҳор дошт, ки ҳаҷми зарари маънавӣ аз рӯи ҷадвали профессори хориҷӣ Йевделевский таҳия шудааст ва он то куҷо ба шароити Тоҷикистон мувофиқ аст, бояд омӯхта шавад. Тибқи ҷадвали Йевделевский зарари маънавӣ аз рӯи зарби 576 сомонии маоши миёна ба 250 сомонии маоши ҳадди ақал дар кишвар ҳисоб шудааст.

Дар баробари ин намояндаи қушунҳои сарҳадӣ инчунин суол гузошт, ки дар ҳоле дастандаркорони зарари ҷисмонӣ ба Шаҳбол Мирзоев афроди дигар аз ҷумла сарбоз Усмоналӣ Ғайратов низ ҳаст, чаро бояд ҷуброни зарарро танҳо Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ пардозад?

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи хонаводаи Шаҳбол Мирзоев посух додааст, ки зеро Ғайратов дар вақти уҳдадориҳои хидматияш даст ба ҷиноят задааст ва тибқи қонунгузорӣ қушунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки ҷуброни зарари ин ҷиноятро пардозанд.

Дар ҳамин ҳол раисикунандаи мурофиа Зебуниссо Саидова мурофиаи навбатиро рӯзи ҷумъаи 26-уми декабр таъин кард.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латтукӯби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”.
Мӯҳр
Ифтихор
Офарин ба намояндаи Сарраёсати КСКД амнияти милли. Ба фикрам гап дар сари пул нест. Гап сари адолат ва киммату арзиши инсон меравад. Имруз маблагро пардохт менамоем ва минбаъд ба хама сабак мегардад, ки риояи КОНУН волотар аз хама чиз. Баъд эхтиёткори дар итоати КОНУН чизи мукаррари мегардад.

Абдулло
бисёр хуб ва хушҳолкунанда ина мешудастку одамворе ҷаласаи додгоҳ баргузор кардан ва инсонвор ба парванда расидагӣ кардан
двр ҳақиқат инсони бо саводу бо ҳарофат дар як суханаш маълум мешавад
агар ба ҷои муҳтарам Зоиршо Назиров, ягон сарвайронро мефристодан ҳатман ҳамара таҳдиду таҳқир карда аз ҷаласа баромада мерафт
агар системаи суд озод ва мустақил амал кунад чи биҳиште мешавад Ватанам

точик
Агар шуом аз ягон кас шикоят кунед намегуед ки аз руи кадом чадвал аст лекин хамин ки як камбагал шикоят кард хатман бахона меёбед э аз дасти шумо мардум хорузор шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)