Бахшҳо

Вазир: Дар интихобот ба ҲХДТ овоз медиҳам

Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Нусратулло Файзулло дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки узви ҲХДТ аст ва ба ҷонибдории он овоз хоҳад дод. Вазири тандурустӣ таъкид намуд, ки инчунин дар маъракаи интихоботӣ ҲХДТ-ро таблиғ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоботи вакилони нави Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар кишвар 1-уми март ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ палатаи болоии парлумони кишвар 27 марти соли 2015 таъйин шудааст. Феълан ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар номзадҳояшонро барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ пешниҳод кардаанд.
Мӯҳр
точик
Охир агар овоз надихи вазифа капут, мансаб капут.

О албатта овоз медихи ба ХХДТ ин хочати гапам нест.Боз ба ХНИТ овозатро надихи,ки аз вазифаат мони.

дардманд
Вазири мухтарам, як бор нархномаи ташхисгоххои Точикистонро бинед. маоши хадди акал 250 сомони ва як ташхис дар Рухафзом Караболо (агар хато накунам номаш чунинаст) 200 сомони. Ин дар кучо рост меояд? На хамчун Вазир балки хамчун инсон аз Шумо хохиш дорем хамин нархномахоро дида боинсофтар наргузори кунед. Медонам ин пешниход ба Шумо асар намекунад чунки боре барои ташхи (анализ) Шумо пул намесупоред аз ин хотир дарди моро наметавонед фахмидан. Ба хар хол таманно мекунам як бор мариз шавед ва ташхисхотонро пулаки супоред ,,,,,,

Фирдавс
Нусратулло Файзулло ҳамчун корманди давлатӣ набояд аз мақом истифода бурда ба таблиғи ягон ҳизб сӯистифода кунад.

Доруфуруш
чаноби вазир кай Шумо пеши рохи ГНСЭЛро(хадамоти фармасевти) мегиред.,ки кормандони ин макомот хамаашон аз рохбар саркарда факат ба порагири машгул хастанд. Мо сохибкорони ш.Душанбе аз рафтори кормандони ин макомот ба танг омадаем. Илтимос пеши рохи ин порагиронро хатман гиред,ки онхо аз хад гузаронидаанд.

57
Дар хакикат нархномахои ташхисгоххо ва хизматгузории касалхонахо ба ягон нишондихандахои омории даромади шахрвандон рост намегирад.Хатман ба болои ун пуле ки месупори боз чойпули низ додан ростмеояд.Ашхосе ки ин нархномахоро чори мекунанд бояд сари ин масъала андеша кунанд чунки барои табакаи камбизоат гарони мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)