Бахшҳо

Ҷавонон дар бораи интихобот: Ба парлумон роҳ меёбӣ, агар...

Сайф САФАР

Назари бархе аз ҷавонон, ки қисми аъзами ҷамъияти беш аз 8 миллионии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ба раванди интихобот манфӣ аст. Онҳо мегӯянд, ба шаффофияти интихобот бовар надоранд.


Хурсанд Хуррамов, унвонҷӯйи улуми сиёсии донишгоҳи Дӯстии халқҳои Русия мегӯяд, мардуми он кишваре ба интихобот умед мебандад, ки онҷо волоияти воқеии қонун таъмин аст: “Мутаасифона, дар шароити кишвари мо ин чиз номумкин аст. Таърих нишон дод, интихобот дар кишварҳое, ки ба мардумсолории воқеӣ даст наёфтаанд шабеҳи афсона аст”.

Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ расман сабти ном шудаанд, ки ҳамагӣ иштироки худро дар интихоботи парлумонии моҳи марти имсол эълон доштанд. Қисме аз соҳибназарон иддао доранд, бархе ин ҳизбҳо танҳо манфиати ҳизби ҳокимро ҳимоят мекунанд. Рустам Гулов, блогнавис аз шимоли кишвар ҳам мегӯяд, дар саҳнаи интихоботии имсол низ ҳизбҳое, ки аз мустақилият бархурдор нестанд, мавҷуданд. Ҷаноби Гулов ба суоли чаро ҷавонони берун аз аҳзоби сиёсӣ ба интихобот номзад намешаванд, гуфт, эҳтимоли ғолиб шудан дар интихоботҳои Тоҷикистон хеле кам аст, магар ин ки узви ҳизби ҳоким бошед. Ӯ мегӯяд: “Агар хоҳӣ узви порлумон шавӣ бояд узви ҳизби ҳоким бошӣ. Вале, идеологияи онҳо бо ҷавонони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқат намекунад. Тағйир додани фикру ақидаи худ ба хотири вориди порлумон шудан барои ман душвор аст”.

Бархе ҷавонон бовар надоранд, ки интихоботи имсол сабаби кадом тағйир дар порлумон мешавад. Алишер Иддизода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд: “Тағйироте, ки шояд дар интихоботи имсол ба миён ояд ин аст, ки ба ҳизбҳои мисли демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар порлумон курсӣ бидиҳанд”. Ин устоди ҷавон низ номзад нашудани ҷавонони берун аз аҳзоби сиёсиро дар интихобот ба набуди шаффофият рабт медиҳад. “Аммо, ҷавонони марбут ба аҳзоб дучори монеаҳои бузургсолҳои ҳизбҳояшон мешаванд”,-таъкид мекунад Иддизода.

Ба ин тартиб Дмитрий Завялов, як ҷавон аз Душанбе мегӯяд, вақте барои ҷавонон ҷиҳати иштироки фаъолашон дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ монеа месозанд, бархе барои ибрози мавқеи сиёии худ аз роҳҳои ғайриқонунӣ кор мегиранд.
Мӯҳр
Истиклол
шумо ба ман бигуед хамин чавононе,ки Шумо дар рох аз онхо пусох гирифтед, барои Ватанашон ягон хизмат карданд, акалан як дарахт шинонданд.Шумо аз чавонони фаъоли мамлакат пурсед на балки аз он чавононе, ки дар Ташкилотои гайри давлатии кору фаъолият мебаранд. Дмитрий Завялов акидахояшро рафта дар Госдума гап занад

Парчам
Ба Истиклол. Барои таъмини ИСТИКЛОЛИЯТ ва чомеаи демократии имрузаи мо гуногунандешаги зарар надорад.Рангоранги ба табиат хусн мебахшад ва кабулу ва ё тахаммули акидаи дигарон ба чомеа рушд, албатта агар солим ва созанда бошад.

Истиклол
Чавоб ба Парчам, дидаем Шуборин шахсоне, ки солхои 91 ва 92 мехостанд, ки чомеаи моро рангоранг бинанд, кариб буд, ки давлати точиконро ба кисмат пора пора мекарданд. Шукри Худо ба рохбари давлатамон, ки тавонистанд миллату давлатамон Вахдату Сулх оварданд. Мо Вахдати миллатамон ва пешравии Точикистонро дар симои Президенти кишвар Эмомали Рахмон мебинем.

Нишон
Истиклол! Набошад дуо мекунем президент 1000-соли дигар умр бинаду давлати мо завол наебад.

Фикр мекунам ин харочоти зиёдиро ба ягон бепарасторхона ё ба ягон оилахои камбизоат дихед хуб мешуд, зеро дар кишвари кучаки мо ягон интихобот шаффоф намегузарад харчанде, ки мансабталабон инро нахоханд аммо аъзоёни онхо инро мекунад то аз курси барканор нашавад. дар интихоботи гузаштаи парлумони дар яке аз дехагони дурдасти кишвар ду мансабталабе барои вакил шудан харочотхои зиёдеро намудаанд. хулоса ин бозиро ман он вакт фахмидам, ки дар ин маърака бояд пул, аммак, таго доштабоши баъд муваффак мешави. чаро мо чавононро фиреб медихед, фикр намекунам, ки писари вакил ё ягон мансабдори болои дар ин маъракаи сиёси аз ишголи курси дур монад.

Dev
Истиклол,
Safsata nahon, har zodai Tojikiston hakki suhan dorad, novobasta az nazhodu millatash. Didem farzandoni ba Vatan hizmatkarda chi guna nomardona pasi panjara raftan.Javononi faoli mamlakat gufta kiro dar nazar dori? Agar hudatbarinhoro dar nazar dori , pas shumo faoled fakat baroi dumjunboniaton chun sagchai bofavo na chizi digar. Chi hele meguyand bo shumo ba Vatan "na garmivu na hunuki", shoyad duyumi zijodtar.

Парчам
Ба Истиклол. Субхи ИСТИКЛОЛУ, ВАХДАТИ МИЛЛАТ бахайр. Фикри Шумо баланд баданд болои сатрхо парвоз мена, акалан каме байни сатрхо посадка куна, баъд бугуша ИСТА, ТО ЯК ДАМЕ ГУЩАТ КУНА.. Солхои 91-92 натичаи хаёти якрангии даврони коммунистхо буд. Ва охиран, ман хам ба мисли Шумо аз ВАХДАТУ СУЛХИ ТОЧИК ифтихор менм. Зинда бод ПАРЧАМИ ТОЧИК.

Истиклол
Чавоб Dev, сафсата ин Шумо мегуед, бахонаи демократия, чомеаи рангоранг гуфта мардумро гумрох карда, сохиби мансабу вазифа шудан мехохед. лекин мардум сол ба сол бофахм шуда истодаанд, хубу гандаро фарк мекунанд. Масъалаи он фарзандоне, ки дар холо панчара мебошанд, гуфтани хастам, ки солхои 91 ва92 мисли Шумо барин Ватандорон хостанд чомеаро рангоранг кунанд, вале баръакс шурандози, бародаркушию хунрези карданд,хамин чавонони дар панчара буда дар вакташ ба Ватан хизмат карданд, ба мисли шумо барин номардхо на гурехтанд.Онхо чавону далер буданд, дар вакту замонаш тавонистанд хизмат карданд. Лекин ба мисли Додочон Атовулоев ва дигарон бе Ватанхо шишта аз дури танкид накарданд. Онхо дар панчара бошанд хам, вале дар Ватананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)