Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:44

Номзади ҲНИТ дар Файзобод маълум шуд

10 январ 2015, 09:50

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз пешбарии номзадии Раҳматуллоҳи Раҷаб - раиси бахши худ дар навоҳи тобеи маркази ҷумҳурӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар дар интихоботи парлумонии моҳи март хабар медиҳад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 10 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номзадии раиси бахши ин ҳизб дар навоҳии тобеи маркази ҷумҳурӣ аз ҳавзаи рақами 11-и ноҳияи Файзобод пешбарӣ шудааст.

Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ин тасмим дар пайи пешниҳоди 40 вакили ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ гирифта шудааст, ки рӯзи 9 январ дар конфронси пешазинтихоботии бахши ҳизб ироа шуда, дар он инчунин намояндаи Комиссияи ҳавзавии интихобот - Ёрибек Қаҳҳоров, раиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод - Файзуллоҳ Наҷмиддинов, муовини раиси ҲНИТ - Маҳмадалӣ Ҳайит иштирок доштаанд.

Ҷобир Раҳматуллоҳи Раҷаб 5 июни соли 1958 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод хатм намудааст. Ӯ қаблан раиси шӯъбаи интихоботи ҳизб буд ва ҳоло раиси шӯъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ мебошад.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!