Бахшҳо

Муовини раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ ба Кабирӣ: “Бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард”

Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ноҳияи Ҷалоллидин Румӣ имрӯз, 12 январ аснои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, райисми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул бо нишони эътироз толорро тарк кардааст.

Торнамои ҲНИТ менависад, “вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард”.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс 120 вакил ва 300 меҳмон ширкат кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин конфронс номзадии Абдуқаҳҳори Давлат аз ҳавзаи якмандатии Ҷалолиддин Румӣ, №30 ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, иштирокдорон аз он пуштибонӣ кардаанд.

Абдуқаҳҳори Давлат 5 августи соли 1975 дар деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р), факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
раби
Вой вои хукумат бо чунин раисону муовинонаш, ин тоифахо моро то кучо мебурда бошанд? Ба андешаи ман онхоро рузи киёмат наздик аст. Инхо, ки аз як Кабири дар тарс хастанд, албатта аз оммаи мардум дилкаф хоханд шуд.

Маҳмудов д
Ғаффорова М қаблан аз Шумо пӯзиш мехоҳам, аммо бояд қайд намоям, ки ин усули бархурди Шумо хоси на давлати демократӣ ҳасту на ҷомеаи шаҳрвандӣ.

adl
In honum magar janobi oliro az hudo bolo medonad ki meguyad az janob shukr kuned. Ana kadroi bosawodi mo ki hatto hudororo az bandaash fark namekunand. Hamin kadro boshan boz 23 soli digar dar holati pauza memonem.

ман шахсан аз ин суханҳо нигарон нестам ҳамаруза дар каналҳои дохили такрор ба такрор таърифу достони ҷаноб меравад

чинди
Сабох
Хонум Гаффорова низ узви чомеа мебощад. Амали вайро набояд махкум кард. Вай хак дорад мавкеъ ва акидаи худро химоя кунад.

Олим
Ин хонум барои вазифа шуда Президента аз Худованд боло донистааст.

насихатгар
Ин зан кадри миллату давлатро паст мекунад лоики вазифаи баланд нест!

sos
Ин эътироз нест, балки бесаводй ва ноухдабароии чунин шахсро нишон медихад, ки рохбар аст. Яъне у лоики чунин вазифа нест. Дар ин маком Майрамбй Гаффорова тасоддуфист ва махбубияти худро набояд бо сарвари давлат чунин нишон медод. Мешуд, ки то охир ба суханони ракибаш гуш медод ва баъдан бо изхорот баромад карда, аз муваффакият ва хизматхои шахсе ёдовар мешуд. Рохбарони мо, ки дипломатияи мардумй ва чахонй надоранд, солхо боз мардумро дар гирди худ чамъ оварда наметавонанд. Майрамбй то ба ин маком расидан дипломатияи мардумй ва чахониро аз Меркел, Теччер ва ахиран аз Сергей Лавров бояд меомухт. Суст, сус (SOS) афсуссс!

точик
Ман харонам ин намояндаи хукумат кораш чи ба кори як хизби дигар? у худаш аъзои ХХДТ аст рафта дар конфронси хизбаш хар чизе дилаш мехохад гуфтан гирад чи хак дорад ки ба конфронси як хизби дигар кордор шуда халал мерасоанд, инро суистифода аз мансаб мегуянд.

Худовандо хамаи моро магират намо.

Гаффоровахо зиёданд. Онхоро вазифа болотар аз хама чиз аст. амин ки сабукдуш шуданд, бибиотун мешаванд. Президент одами хуб аст ва у хам медонад, ки аз у болову аъло Худованди мутаол аст. Гаффорова бечораи бесаводи хар ду олам аст. Кудрати шунидани сухани хаккро надорад. Бо конуни чангал зиндаги мекунанд. Модоме, ки дигарон ба ислому кабири мечанганд, пас у набояд канора бошад. Фикри худро надорад.
Хонум, шумо аллакай мусалмонед ва хоху нохох дар давлатхои дигар ба туву ман, ки мусалмонзодаем бовар намекунанд, кач менигаранд. Лучьше, оставайтесь самым собой, не навредит.

Ин майрамбиатон кишлоки дия ана барои хамин аз этика аз дипломатия ва одоб дур аст.

Толиб
Худи ман дар ин конфронс иштирок доштам. Муовини раиси нохия нисбати М. Кабири ягон сухани бад нагуфтааст. Танхо хаминро гуфт,ки сахми Президент дар пешрафти кишвар хеле калон аст. Чи даркор аз пашша фил сохтан. М. Кабири дар ин конфронс гуфт, ки "мо гайр аз сулху вахдат дигар дастовард надорем" мебахшед ин кадар пешравихое, ки дар тули 20 сол ба вукуъ пайвастанд, магар дастовард нест. Наход устоди нахзатихо ин кадар пешравихои точикистонро нодида мегирад? Магар ин ношукрию курнамаки нест. Аз тарафи дигар бахши хизби нахзати исломи дар нохия чи корхоро бахри тараккии диёр анчом додааст, гайр аз тухматбозихошон?
Толиб аз нохияи Ч. Руми

ин хизби нахзат факат барои манфиати шахсии худаш талош меварзад. парвои мардуми камбагал надорад. рохбарони хизб факат паи зиндагии худашонро бехбуд бахшидан талош мекнан. он кадар аъзо хам надоранд. вохимашон дар осмон аз дастшон ягон кор намеояд,,, хамашон курнамак хастанд....

Хоким-Давлат
Хамин Майрамби Гафорова барин кадрхои бечо обруи давлат,миллат ва чаноби олиро паст мезананд.Бовар кунед хамватанони азиз чунин падхалимаж хеч вакт ба худи хамин чаноби олии мо Эмомали Рахмон намефорад....Хайр шерхониву пеши пояш гулпоши кардан ва мадху сано гуфтан дигарасту аммо уро аз Худованд боло донистан ин ба акли ягон мусулмони хакики рост намеояд...Садхазорбор аввалан шукри парвардигор ва охиранхам шукри парвардигор ки мо хастему тинчу осоишта умр басар бурда истодаем ва баъдан шукри он,ки бо мадади парвардигор ин марди асил тавонист зиёда аз 22-сол точикистону точиконро рохбари кунад...Хукумати точикистонро мебояд ба чунин амалхои нодурусти кадрхои рохбарикунанда хотима гузошт зеро окибаташ начандон хуб аст..шахсан худи президент бояд амри махсус барорад ва зери назорати катъи гирифта шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)