Бахшҳо

Кабирӣ ба президенти Академия: Илм ки сиёсӣ шуд, дигар илм нест

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз ин ҳизб имрӯз, 14 январ зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон аз президенти Академияи илмҳо хост, илмро аз сиёсат ҷудо намоянд.

Ӯ аснои қабули лоиҳаи қонун “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” гуфт, сиёсат бояд олимона шавад ва дар заминаи илм ташкил ёбад, на ин ки илм дар заминаи сиёсат, “илм ки сиёсӣ шуд, он дигар илм нест”.

Муҳиддин Кабирӣ дар идома аз кормандони соҳаи илм даъват намуд, бештар ба ихтирокорӣ машғул шаванд, зеро ба қавли ӯ, “имрӯзҳо аз фаъолияти илмӣ дида, дар кори онҳо фаъолияти сиёсӣ бештар шудааст”.

Райиси ҲНИТ рӯзи 30 ноябри соли 2014 низ дар вохӯрияш бо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳор дошт, бархе аз кормандони академия ва дигар ниҳодҳо, ки аз ҳисоби андози мардум маош мегиранд, танҳо корашон навиштани мақолаҳои зидди ҳизби ӯ ва руҳониён мебошад: “Ба ҷои он ки корманди академия андешаи нав тавлид кунад як ихтирои ҷадид намояд, мунтазир менишинад, ки як нафар раҳабари ҳизб ё аъзои раёсати наҳзат як мусоҳиба диҳад ва ё мақолае нависад онгоҳ бармехезанду қалам ба даст мегиранд ва навиштанро шурӯъ мекунанд. Магар чунин афродро мешавад корманди соҳаи илм ё академик номид? Магар рисолати академик ё корманди соҳаи илм ҳамин аст? Чунин афрод ҳеҷ рабте ба тоҷику Тоҷикистон надоранд, ҳатто агар дар сатҳи баланди давлат ҳам кор кунанд. Кормандани соҳаи илм бояд ба фикри ихтироъкорӣ бошад, ба фикри тавлиди андешаи нав бошад.”

Дар пайи ин суханон як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтанд, “мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”

Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломидошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хатари ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест.
Мӯҳр
Пажухиш
Кабири худатро политолог мегири, боз суханхои гайриилми мегуи. Рисолати Академия васеъ аст. Барои олимони Академия, тахкики хилау найранг ва фоши ниятхои муллохо, ин худ низ ихтирокори аст.

Хамном, "парадокс" гуфтагияш хамин-дия! Ин академияи мисли хизби шумо будааст-ку. Ба шунидам шумо хам таргиботи номзадхои хизб гуфта, имрузхо пешину асрро казо мехонед. Пас, магар шумо динро сиёси накардаед?! Пеши муридон тавки кабуд дореду дар навбати маош галстуки ленини. Э монеде, ба имони мардум бози накунед...

Мухиддин Кабири мегуяд, ки илмро сиёси накунед оё аз у касе намепурсад, ки чаро дини исломро сиёси кардааст дар кадо ояти куръони азимушаън гуфта шудааст ки мусалмон даъвои сиёсату мансаб кунад. Мухиддин ин мардумфиребиат дер давом намекунад

точик
Кормандони академия дар пеши компютер кам шинеду ба хар капи Кабири Комент нанависед, равед аз паи ихтироъкори бошеду фикр кунед ки то соли 2020 чихел мардумро бо барк таъми карб, чунки боз интихобот аст ва шумо бояд ба саволхои мардум чавоб пайдо кунед, зеро дар 23 сол хеч неки проблемаи светро хал кунед аз баски бо бахонаи ифротиву эктремизму атесисту хоказо пули муфта гирифта дар сандукхои чармин хоб будед...

бисьер хуб мешуд агар хамон карикатуристхои яхудии фаронсаро насихат мекардед ки мукаддасоти дини исломро масхара накунанд,

Олим аз Тоҷикистон
Ба фикрам М.Кабирӣ худаш ҳам "номзади" илми сиёсатшиносӣ аст. Пас ӯ дар Парлумон барои чӣ ба сиёсат мшғул аст ва ё барои чӣ вазифаи сиёсӣ дорад- раиси ҲНИТ, барои чӣ ба тадқиқотҳои илмӣ машғул намешаваду сиёсат ба даст задагӣ. Кабирӣ то ҳатто дини мубини Исломро ҳам сиёсӣ карданӣ. Ҳақиқатан ҳам бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки кори ҳамин Кабирӣ на ба фоидаи миллату на ба фоидаи давлат, кори асосиаш фақат иғвоангезӣ асту халос.

Фарход
Кабири дуруст мегуяд, мухтарам хозирчавобони АИ. Вагарна чаро академикхою докторони илм дар идораи давлат сари мансаб нишастаанд, чаро ба тахкику навовари машгул нестанд, чаро касе на танхо дар хорич хатто дар дохил аз навоварии олимони АИ чизе намедонад? Шеъру шеърхонии олимон навовари нест! Ихтироот лозим, на достону шеъру газал.

олимони точик танхо проблемахои сиёсиву шархи хизбхоро диханд, пешрави- ихтирокориии нав ва дигар дастовархоро аз олимони ачнаби гирифтан мегирем.

Андарз аз Шугнон
Устод Кабири! Хеле мутаассифам,ки аз сиёси кардани илм мзхори нигароиву ташвиш кардаед. Ма хам чонибдори Шумоям. Вале сабаби асосии инро аз дигар чой бояд чуст. Ин хам бошад махз аз зиёд шудани нафарони ба ном "уламо"-ву "донишманд" дар сафи хизбе, ки Шумо рохбариашро ба душ доред. Зеро чанд соли ахир аз чониби рохбарияти олии хизб ва ахли уламои Хизби нахзат маколаву гузоришхои зиёде руйи нашрияхои чопи ва дигар расонахои хабари рехтанд, ки мардумро ба сардаргуми мебурданд. Ин уламои нахзати худро ахли илм вонамуд карда, худашон аз илм манфиати сиёси мечустанд. мафкураи хонандагонро бо андешахои мазхаби ва гуё илми гирифтор карда буданд, ки рохи начот надоштанд. Зеро хама начот,ободи ва пешрафтро дар чахорчубаи танги афкори мазхаби медиданд. Гуфторашон ончунон мураккабу печида буд, ки дигар бандагони худо ба халосгар зор шуданд. Нафаре лозим буд, ки асли хакикати ислом,сиёсатро аз нигохи илми ба мардум кушоду равшан гуфта диханд. Зеро тарси андешахои хурофотии беасос касеро мачоли гуфтан намедод. Яке аз сабабхои асоси даст ба чунин икдом задани олимони чавони Академия низ хамин аст, ки онхо асли сиёсати диниро ба мардум фахмонанд. бо забони одди мардумро аз зери таъсири андешахои носолими дини, ки мардумро солхои зиёд дар гафлат монда, ба пешрафти чомеа монеъ мешавад рахо кунандт. Ин хам чуръат аст. Барои хамин хам заминахои пайдоиши сиёси кардани илм аз ХНИТ огоз шудааст ва сахми рохбарияти олии хизб низ дар ин чода кам нест. Матолиби аз чониби уламои хизб тахиякарда бо номи ислому дин вале бе заминаи илми пешниход мешуданд. Барои хамин хам пешниходи ман хамчун як мусулмони одди хамин аст, ки хар кас кори худашро кунад. Исломро бо гаразхои сиёси ва хизби истифода набурдан. Ходими илми бошад ба корхои илми машгул шавад.

Мухтарам Кабири! Наход то имруз надонед, ки бо шумо танхо як гурухи хурди чавонони Академияи идмхо бахс доранд, на Академияи илмхо!
Ё шумо махсус академияро ном гирифта бо хамин худро реклама мекунед, ки бо АКАДЕМИЯ ракобат доред? Академия зиёда аз 20 Институту шуъбахо дорад, ки ба суханбозиву сиёсатбозихои шумо таваччухе надоранду ба кори хеш машгуланд. Бинобар ин, шумо бахсро бо ин гурух идома дихед ва номи академияро камтар ба забон гиред!!!

сиёсатшинос
“дин ки сиёсӣ шуд, он дигар дин нест”. Ба ин шакл ҳам бисёр аҷиб мебуд.

Адл
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки Олим шудан осону Одам шудан мушкил аст.Агар ҳамин нимчаолимҳои мо, ки худро дар ҳақиқат олим мегиранд агар! олим мебуданд пеш аз ҳама китоби Қуръонро яъне Каломи Худоро дуруст мехонданд! ки дар он кушоду равшан гуфта шудааст, ки дар Исломи Азиз ду ҳизб вуҷуд дорад. Якум ҳизби Аллоҳ дувум ҳизби шайтон, ки дар он ана ҳамин хел нимчаолимони бесавод ворид гашта баҷои пешрафти ихтироот ва кашфиёти омилҳои нав пайдо кардан дар ҷомеа ба роҳи шайтони ва шайтонсифати рафта дар байни мардум тухми низо ва якдигарбадбиниро мекоранд, ки ин гуноҳест азим ва нобахшидани! Инро ҳам олимони АЗИЗ аз ёд набаред, ки гарчанде илми нимколае доред ҳамаи инро аз ҷониби Худованд донед! вана худписандиву писханди дигарон. Инро ҳам бояд ҳамчун бандаи махлуқ хотиррасон кунам, ва аз ёд набаред, ки вақте таваллуд шудед падару модар аз шоди барои мусалмони воқеъи шуданат ва Худоро шинохтанат аваллин калимае,ки дар гушат хонда шуд ин Азон буд,ки бо калимаи Аллоҳу Акбар садо дод. Ва дар вақти мурданат дар ҷасадат ҳам пеш аз ба қабр гузоштан ҷаноза гуфта калимаи Аллоҳу Акбар хонда мешавад агар насибат карда бошад! бо мақсади бандаи Худо будан ва ба фармудаҳои Он зоти пок Аллоҳ амал намуданат. Барои ҳамин ҳам чизеки набошад ҳамаи моён махлуқони оҷиз аз Худоем ва бозгашти ҳамаи мо зуд ва ё дертар ба назди уст! Чуноне,ки гуфтаанд: Тире зи Худо садо надорад. Чун мерасадат даво надорад! Мағрур машав зи мансаби хеш. Ин дорӣ ФАНО бақо НАДОРАД !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)