Садамаи ду ронандаи тоҷик дар Брянски Русия ду кушта бар ҷой гузоштааст
Дар пайи бархӯрди ду сабукрави “Опел” дар ноҳияи Погари вилояти Брянск ду нафар ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Брянск ҳарду мошинро шаҳрвандони Тоҷикистон идора мекардаанд.
Манбаъ гуфтааст, сабукрави “Опел Астра”, таҳти идораи шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар шоҳроҳи Брянск-Новозибков-Погар ба мошини “Опел Зафира”, ки онро як тоҷики 26-сола идора мекардааст, бармехӯрад: “Дар натиҷа ронандаи “Астра” ва як мусофири 34-солаи он ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин сабукрав, ронандаи “Зафира”-ву шаш мусофири он бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона мунтақил шудаанд”.
Раёсат дар мавриди шахсияти ронанда ва мусофирон иттилое надодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |