Бахшҳо
23 янв 2015 11:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қурбонии навбатии дуди ангишт: Шавҳар вафот кард, занаш дар бемористон аст

Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз ҳалокати як сокини 24-сола дар пайи заҳролудшавӣ аз бӯйи ангишт дар шимоли кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, Аҳадҷон Ҳоҷибоев, сокини 24-солаи деҳаи Кучкаки шаҳри Конибодом ҳамроҳ бо ҳамсари 20-солаи худ – Ӯғулой Ҳоҷибоева аз бӯйи ангишт заҳролуд шуда, рӯзи 21 январи соли равон дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол ёфтаанд: “Дар натиҷа Аҳадҷон Ҳоҷибоев бар асари зиёд будани таъсири бӯйи ангишт дар беморхона ба ҳалокат расида, ҳамсараш дар Шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад”.

Заҳролуд ва ҳалокати сокинон дар вилояти Суғд аз бӯйи ангишт бори аввал нест. Рӯзи 11 январи соли равон низ мақомот дар шаҳри Истаравшан аз ҳалокати як ҷуфти ҷавон хабар доданд: “Тақрибан соати 03:00 Шоаюбов Баҳриддин ва ҳамсараш Ҷумаева Махлиё, ки соли таваллуди ҳар дуяшон 1993 мебошад, дар хонаи истиқоматиашон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд”.

Аз ин пеш, дар шаҳри Ваҳдат аз дуди ангишт як модару 4 кӯдак заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Ба ҳамин минвол теъдоди афроде, танҳо дар соли равон аз дуди ангишт ҷон додаанд, беш аз 10 нафарро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
нур
Вой доди бе доди, боз ки гунахгор бошад, ХНИТ? Раёсати дохила нагуфтед ин оилахо аъзои кадом хизбан худоро шукр. Чаноби вазири барк шумо кори нодуруст кардед,ки ба Авгонистон чавоби рад додед барои интмколи бештари барк, охир ина мешидай ку осон мурдан... Худо хидоятон кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)