Бахшҳо
29 янв 2015 15:31Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси рекламаҳои сиёсии ҲНИТ дар суҳбати Кабирӣ бо нозирони САҲА

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо нозирони САҲА мулоқот карда, аз қонуншиканӣ ва фишорҳо ба аъзои ҳизбаш дар арафаи интихоботи парлумонии 1 марти соли равон дар кишвар ҳарф задааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, вохӯрии Кабирӣ бо Маклош Харастӣ - сардори намояндагии Миссияи нозирони интихоботи парлумонии 2015, Ксения Дашутина - коршиноси миссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Даря Папротска - коршиноси миссия оид ба масъалаҳои сиёсӣ дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо дар ин вохурӣ “вазъи Тоҷикистон, масоили марбут ба интихоботи парлумонии соли 2015, аз ҷумла омодагии ҲНИТ ба он, марҳалаи муаррифии номзадҳо, вуҷуди баъзе қонуншиканиҳо ва фишору маҳдудиятҳо болои ҳизб ва фаъолони он ва масоили дигарро баҳсу баррасӣ карданд.”

Раиси ҲНИТ зимни вохурӣ бо нозирони САҲА изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳайати нозирони байналмиллалӣ дар интихоботи апрлумонии моҳи март рисолати худро холисона ва бетарафона анҷом дода, ҳамкории хуб бо номзадҳо, аҳзоби сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва нозирони миллӣ хоҳанд дошт. Инчунин дар ин вохурӣ ба нозирони САҲА намунаҳои маводи таблиғотӣ, плакатҳо ва шиорҳои интихоботии ҲНИТ нишон дода шудааст, ки шаҳрдории Душанбе барои насби онҳо ба хотири “рекламаи сиёсӣ” буданашон иҷоза надода буд.
Мӯҳр
точик
бо хочагонаш. кабири монед ором зиндаги кунем

Мухтарам Кабири Аллох худаш дида истодааст дигар назортчихо ба давлати худашон хизмат намекунанд бо омада барои халки мо хизмат мекунад.Бовар кунед бародар бо Сарвари Давлат хамкори кунед бехтар аст.Хамаи одам хато мекунад гайр аз Аллох.Якчоя ба мардум хизмат кунед бехтар аст,бегона ба мо дар хаёташ хизмат намекунад,агар хизмат кунад хам бефоида намекунад.Аллох дар ватанамон тинчиву оромиро биёраду хамавакт мардуми Точикистон хушу хурсанд бошанд омин.

Оғои Кабирӣ бо кадом ҳисси миллатдӯстӣ ва ватандӯстӣ ба ин хориҷиҳо давлату миллати худро танқид кардааст? Оё изо намекашад аз ин амали худ, ва фикр намекунад, ки ин хориҷиён пагоҳ номи Тоҷикистонро, ки дар он Кабири ҳам зиндагӣ дорад, ба Дунё бадном карда нишон медиҳанд?

мусалмон
Точик бародар чихели ором зиндаги дорем, ? Ё шумо аз ахволи кишри чомеа хабардор нести? Ё шароити хуби зиндаги аз хисоби камбагало дори ва намехохи камбагало аз ин бо хабар шаванд! !!!!

муосир
Хатто дар интихоботхои аврупо озоди дида намешавад, демократиюяашон реклама дигар чизе нест. Зиндонхои Точикистонро эрод мегирифтанд дар амрико бошад ба зиндониён бадтарин рафтор ва азобу машакат медоданд

Рауф: ба точик
Зиндагии ноороми туро касе ноором накардааст, ки биноли. Аробакашиатро карда гаштан гиру давраи боз оромтарро интизори каш. Кабири бе таънаи ту хам Кабирист ва новобаста аз хохиши тую ту баринхо боз Кабири мемонад. Хамаи ин таънаю маломату игвогарихо дар атрофи Кабири танхо качбинию сухтану баъд пухтан аст....

революцияхои ранга бо сардории хамино сар мешава

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)