Бахшҳо

Дафтари матбуоти Президент: Таваллуди чоргоник фоли нек аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми феврал ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кардааст, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки кӯдакони чоргоники модари 26-сола Гулшан Маҷнунова, ки яке писар ва сеи дигар духтар мебошанд, дар таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадаанд: “Хабари ҷудо шудани хонаи сеҳуҷрагӣ ва мавриди ғамхорӣ қарор додани ин оила ба Гулшан Маҷнунова аз ҷониби муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ва дигар шахсони расмӣ, ки ба табрики ӯ омаданд, расонда шуд.”

Манбаъ мегӯяд, модари ҷавон ва аҳли хонаводааш пеш аз ҳама аз сиҳату саломат таваллуд шудани чор кӯдак ва албатта аз чунин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, яъне хонаи сеҳуҷрагӣ басо шоду мамнун шудаанд: “Падари Гулшан Аҳлиддин Маҷнунов низ аз таваллуди наберагони чоргоник ва ғамхории Президенти кишвар хушҳолу сипосгузор аст ва ба рӯзи эълони Соли оила рост омадани таваллуди ин кӯдакони дӯстрӯякро фоли наку меномад.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур аз қавли табибони таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадани чоргоникҳо ва ба хусус солиму бардам таваллуд шудани онҳо падидаи нодир аст: “Онҳо басо хурсанданд, ки таваллуди чоргоникҳо ва он ҳам дар рӯзи Соли оила эълон шудани соли 2015 ба ин таваллудхона насиб гардидааст.”

Тавре иттилоъ доданд, барои солиму бардам ба дунё омадани ин кӯдакон модари онҳо тайи қариб ду моҳ дар ҳамин таваллудхона таҳти назорати табибони ботаҷриба қарор доштааст, зеро вазни умумии чор кӯдак ба ҳангоми таваллуд ба 7,9 кило баробар будааст.

Мӯҳр
бо фолбинида гузаштен?!

ЭЙ ХУДОЧОН ,БИГУЗОР ЗАНАМ ДУГОНИК КУНАД.ШОЯД ЧАНОБИ ОЛИ АКАЛАН ХОНАИ ЯКХУЧРАГИ ТУХФА МЕКАРДАГИСТАН.

Президенти Точикистон барои зинда ба зинда сузонидани халабони урдунй Муоз Ал-Касосбех ба Шохи ин давлати арабй номаи тасаллият фиристод. Барои чй шахрванди точикро дар Россия охирхои соли 2014 чисмашро пора-пора карда, издиватся карданду то ба хол кисме аз баданаш ёфта нашудаст, ба оилаи ин чавонмарг ва Русия овоз набаровард?! То ба хол ин оила хун мегиряд. Соли 2015- Соли оилаи кй?

Худованд умри дароз дихад ба ин кудакон ва ба модари онхо. Точикистон обод бош.

Якгоник
Хеши махрум, Кори Худо насибаш будаст мегун ку. Аз Худо бинед. Гила фоида надорад. Рузаш хамин будаст де..

Ё тавба ин авлоди чаноб хамеш духтар будаст ...

Муборак шавад хохари азиз, ба Сарвари давлат хам ташакури зиёд барои тухфааш ва барои хизматхояш ба халк.Аллохи мехрубон нигохбони хаммаи мардуми Точикистони азизи мо.Бехтарин Рохбар дорем мо ношукри накунед бародарон.

Барои чи ягон масъули хукумат ай холи чоргоникхои Панчакенти хабар нагирифтанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)