Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон: Пайравони Салафия дар пайи иғво ва фиреби мардуманд

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо дар як матлаб ба баҳси бемазҳабии пайравони равияи “Салафия”, ҷараёни фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон дахл карда, аз он гуруҳи иғвоангезу фиребдиҳандаи мардум ном бурдааст.

Дар ин матлаб, ки дар сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо - Turajon.org нашр гардид, руҳони тоҷик талош кардааст, то зарурати пайравӣ кардан аз мазҳаб ва дурӣ ҷустан аз бемазҳабиро шарҳ диҳад. Тураҷонзода гуфтааст, “тақрибан чаҳордаҳ қарн аст, ки ҷумҳури уммати Ислом - аам аз хавоссу авомаш - аҳли тақлид ва пайрави мазоҳиби чаҳоргона буданд ва ҳастанд. Оре, тақлид ба мазоҳиби чаҳоргона аз асри аиммаи арбаъа, ки асри табаъа тобиъин аст ва Паёмбари Худо (с) онро хайрул-қурун - яке аз беҳтарин асрҳои тиллоии таърихи Ислом номидаанд, шурӯъ мешавад ва то имрӯз идома дорад. Ва имрӯз ҳам зиёда аз 90 дарсади аҳли суннат ва ҷамоъат муқаллид ва пайравӣ мазҳаби яке аз аиммаи арбаъа ҳастанд. Шояд 10 дарсади эшон бе мазҳаб ва ғайри муқаллид бошанд. Бидъати бемазҳабӣ таърихи тулонӣ надорад, балки он падидаи асри 20 аст”.

Руҳонии тоҷик дар идома бо овардани номи баъзе аз донишмандони улуми тафсиру ҳадис ва фиқҳ, аз ҷумла муҳаддис, шайх Фахриддин - шореҳи саҳиҳи Бухорӣ ва Шайх Нурул-ҳаққ соҳиби “Тайсирул-қорӣ”, шарҳи саҳеҳи Бухорӣ афзудааст, ин ашхос бо вуҷуди муаллифи китобҳои зиёд дар риштаи тафсири сураҳои Қуръону аҳодиси паёмбар ва фиқҳ будан, аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекарданд: “Ҷумҳури аимма ва асотиди илми ҳадис - онҳое, ки аҳодиси набавӣ ва илми ҳадисро барои мо ҷамъоварӣ ва тахриҷу тадвин кардаанд ва имрӯз мо бо шайхул - исломҳоямон резахорони дастархони эшон ҳастем - ҳама муқаллиди мазҳабе аз мазоҳиби арбаъа буданд ва ҳеҷ нафаре аз эшон - мисли салафиҳои замони мо бо кибру ғуруре, ки аз илми ноқис барояшон пайдо шудааст, худро имоми Аъзам ва ё имоми Шофиъии сонӣ намехонданд ва бемазҳабу ғайри муқаллид набуданд. Балки эшон бо он дониш ва нубуғе, ки дар илми Қуръону ҳадис доштанд, тақлид ба мазҳаби имоме аз аимма арбаъаро барои худ ифтихор медонистанд”.

Эшони Маҳмудҷон мегӯяд, тарғиб ба бемазҳабӣ дар ҳолест, ки Муҳаммад (с), паёмбари Ислом дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Ибни Моҷа (р) ривоят мешавад, мусалмононро ба пайравӣ аз роҳу равиши ҷумҳур ва аксарияти уммати Ислом амр кардааст: “Аз роҳу равиши ҷумҳур ё аксарияти уммати Ислом пайравӣ намоед!” ва ҷои дигар низ афзудаанд, “ҳамоно шайтон гурги инсон аст, монанди гурги гусфандон. Ҳамонгуна, ки гург гусфанди дур аз гала ва ҷудошударо шикор мекунад, шайтон низ дунболи чунин афроде ҳаст. Пас шумо (ай мусулмонон!) бо ҷамоат ва оммаи уммат ҳамроҳ бошед!”

Ӯ бо овардани иқтибос аз суханони Аллома Абдурраҳими Лоҷпурӣ, донишманд ва муаллифи китоби “Тақлиди шаръӣ ва ҷойгоҳи он дар Ислом” таъкид кардааст, ки тарки мазҳаб кардан маънои гумроҳиро дошта, пайравони Салафия бо пахши иддаои бардурӯғ дар пайи иғво ва фиреби мардуманд: “Гуруҳи ғайри муқаллидин (салафиҳо), ки ба дурӯғ даъвои вобастагӣ ба мазҳаби аҳли ҳадис мекунанд, пайваста талошҳои густарда ва гуногунеро дар ҷиҳати таъйиди мазҳаби хоссашон ба харҷ медиҳанд. Эшон муддаӣ ҳастанд, ки муҳаддисин, аз қабили Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва уламои бузург ба монанди Ибни Таймия, Ибни Қайим, Нававӣ пайрави эшон буда, аз имомҳои чаҳоргона, аз ҷумла Имоми Аъзам ва мазоҳиби эшон пайравӣ намекарданд. Ин гуруҳ бо илқо ва пахши чунин даъвое дар пайи иғво ва фиреби тудаи мардум ҳастанд”.
Мӯҳр
adl
Borakalloh. Ana in suhanhoi donishmandast. Dar somonai ozodi suhanhoi yake az salafihoi dinu mazhabgumkardaro hondam handaam girift. Hoziram nomsha domullo sirojiddin megan sadkai in obu noni in millati musalmon shawad duruya. Hudo nakunad agar dushmane ba mo hujum kunad u az tarafi dushman ba mo sang mezanad. Haminashro fahmidam ki sirojiddini salafi azoi dastai akademikhoi bedini besawod shudast.

Abdulloh
Fabrikai javob va akademikhoi ilmoni va ateist baroi chi xomush boshand?)))

Муслим
Хамду сипос Худоро, ки Эшони Турачон ва фарзандонашро бо дигар воизон ба чомеаи мо Худованд ато кард. Вагарна мардуми моро ин салафихо гумрох мекарданд ва фитнахои зиед барпо мекарданд. Худоро шукр ки ин гурухро экстремисти эълон карданд ва пайравонашро зиндони.

мусалмон
дар амони Худованд боши бобои ешони МАХМУДЧОН

Муҳоҷир
Хатари шиъаҳо аз салафия камтар нест. Онҳо таҳқирҳоеро нисбат ба Имоми Аъзам раво мебинанд, ки ба ёдрасии он забон намегардад.

Абдуллох
Боракаллох устоди азиз. Худованд нигахбонатон

Зарнигор
Бобои Эшон мае як савол дорам Саволи ман хамин,ки шабе ман хоб дидам, ки як Хамсояам, ки алхамдулилох мусалмон аст гуё аз Хач омада хочи шудааст ва хама хамсоягон ба зиёраташ рафтаистодаанд. Хохиш мекунам ба хоби ман ривоят дихед. Боки ба шумо умри дарозу хушбахти таманно дорам.

boi
ALLOh.nigahbonaton.turajonzodaho

Yстод Маҳмyдҷон фикр мекунам салафиҳои Тоҷикистон аслан ақидаи салафиҳори ҳам надоранд. Инҳо дар кадом мактаб ё мадрасаи салафи хонданд ки салафи шаванд. Салафиҳои мо илми кофи аз Қyронy Ҳадис ҳам надоранд чи расад ба yлyми фиқҳи. Инҳо бесавод ҳастанд ва аз бесаводии инҳо базе гуруҳо динситез истифода намyда байни мyсалмонҳо ҷанг меандозанд. Yстод ба сyханҳои инҳо гуш надеҳ инҳо лаганбародори беш нестанд ба кори хyдат идома деҳ ва мардумро аз исломи ноб бохабар намо. Аз инҳо карда барои ояндаи Тоҷикистон шиаҳо хатари бештар доранд чyн Ирон пyшти онҳо истодаст. Мо бо бародарони Ирониамон дуст ҳастем вале намехоҳем мазҳаби худро болои мо ва фарзандони мо таҳмил кyнанд. Дар ҳар ҷое бародарони Иронии мо дохил шyдан мазҳаби хyдро паҳн кардан, суниро шиа карданд.

Ин тӯраҷонҳо барои мазҳаби шиаро паҳн кардан бо кадом роҳ набошад танқиду таъна мекунанд аҳли суннатро бо вуҷуди он ки даъвои пайрави мазҳабро мекунанду дар ҳақиқат пайрав нестанд Аллоҳ худаш бинову шунаво аст ино чи ҷавоб медода бошанд дар назди Аллоҳ рӯзи қиёмат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)