Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 12:58

12 курсии парлумон насиби занҳо шуд. Ҳама аз ҲХДТ

5 март 2015, 11:39

Аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон танҳо 12-тоаш насиби занҳо шудааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, барои курсии вакили Маҷлиси намояндаҳо 57 зан муддаӣ буд. Аз ин теъдод 32 нафар аз руйхати ҳизбӣ ва 25 тан аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ шуда буданд. Ҳамаи даҳ зани роҳёфта ба парлумон номзадҳои пешниҳодшудаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистонанд.

Номзадии 6 нафари онҳо, аз ҷумла Хайринисо Юсуфӣ, Бибидавлат Авзалшоева, Лутфия Раҷабова, Дилрабо Мансурова, Гулбаҳор Ашурова ва Насиба Содиқова аз руйхати умумиҷумҳуриявӣ ва 6 нафари дигар -- Гулнора Бобоева, аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2, Мусаллам Қодирова аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав № 6, Гулбаҳор Турсунова аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд № 13, Мавлуда Қаландарзода аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров № 14, Мавзуна Шарофиддинова аз ҳавзаи интихоботии Исфара № 20 ва Ҳилолбӣ Қурбонзода аз ҳавзаи интихоботии Данғара № 36 пешбарӣ шуда буд.

Дар парлумони гузаштаи Тоҷикистон 9 зан ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон фаъолият мекард.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуданд.

Бар асоси натоиҷи муқаддамотии интихобот, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, ҲХДТ, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, бештари курсиҳоро соҳиб гардидааст. Ин ташкилоти сиёсӣ бо дарёфти аксари оро танҳо аз рӯйхати ҳизбӣ соҳиби 16 курсӣ дар парлумон шуд. Инчунин, номзадҳои ҲХДТ дар бештари ҳавзаҳои якмандатӣ низ баранда шудаанд. КМИРТ ахиран рӯйхати номзадҳои пирӯз дар ҳавзаҳои якмандатиро эълон кард:

ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1 -- Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич

Ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 -- Бобоева Гулнора Исломовна

Ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур № 3 -- Абдуалимов Баҳром Абдулазимович

Ҳавзаи интихоботии Сино № 4 -- Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

Ҳавзаи интихоботии Турсунзода № 5 -- Шарипов Садридин Файзиевич

Ҳавзаи интихоботии Шаҳринав № 6 -- Қодирова Мусаллам Асомидиновна

Ҳавзаи интихоботии Ҳисор № 7 -- Сироҷов Шарофидин

Ҳавзаи интихоботии Сомонӣ № 8 -- Суфиев Хайрулло Сабзаалиевич

Ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ № 9 -- Давлатов Муродулло Исматович

Ҳавзаи интихоботии Ваҳдат №10 -- Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич

Ҳавзаи интихоботии Файзобод № 11 -- Асозода Хайрулло

Ҳавзаи интихоботии Рашт № 12 -- Зуҳуров Шукурҷон

ВИЛОЯТИ СУҒД

Ҳавзаи интихоботии Хуҷанд № 13 -- Турсунова Гулбаҳор Нозирҷоновна

Ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров № 14 -- Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ

Ҳавзаи интихоботии Урунхоҷаев № 15 -- Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович

Ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 -- Салимзода Комил

Ҳавзаи интихоботии Ашт № 17 -- Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад

Ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ № 18 -- Оқилзода Нурулло

Ҳавзаи интихоботии Конибодом № 19 -- Раҷабов Равшан Муҳитдинович

Ҳавзаи интихоботии Исфара № 20 -- Шарофиддинова Мавзуна Шамсиддиновна

Ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21 -- Хисрав Абдуназар

Ҳавзаи интихоботии Айнӣ № 22 -- Салимзода Олим

Ҳавзаи интихоботии Истаравшан № 23 -- Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ

Ҳавзаи интихоботии Ғончӣ № 24 -- Исмоилзода Зуфар Муртазохон

Ҳавзаи интихоботии Спитамен № 25 -- Қобилов Аҳмадҷон

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа № 26 -- Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович

Ҳавзаи интихоботии Бохтар № 27 -- Ҷобирзода Тоҳир Гул

Ҳавзаи интихоботии Абдураҳмони Ҷомӣ № 28 -- Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович

Ҳавзаи интихоботии Ёвон № 29 -- Азимзода Толибхон Ситамурод

Ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Румӣ № 30 -- Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич

Ҳавзаи интихоботии Қубодиён № 31 -- Садриддинов Бадриддин Талбакович

Ҳавзаи интихоботии Вахш № 32 -- Сафаров Бахтовар Амиралиевич

Ҳавзаи интихоботии Қумсангир № 33 -- Сабуров Мирзодавлат Абдолиевич

Ҳавзаи интихоботии Фархор № 34 -- Исмонов Саидҷаъфар Исмонович

Ҳавзаи интихоботии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ №35 -- Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович

Ҳавзаи интихоботии Данғара № 36 -- Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон

Ҳавзаи интихоботии Кӯлоб № 37 -- Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз

Ҳавзаи интихоботии Мӯъминобод № 38 -- Маҷидзода Ҷурахон Зоир

Ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 -- Сафаров Зайниддин

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40 -- Рӯзадор Муҳаббатшо

Ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 -- Фелалиев Акрамшо Саидшоевич

Р Ӯ Й Х А Т И
вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ:

Аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон
1. Латифзода Рустам Барот
2. Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич
3. Бухориев Толибек Аҳмадович

Аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
1. Бобоев Олимҷон
2. Қудратов Рустам Раҳматович

Аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Ғаффоров Абдуҳалим

Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
1. Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор
2. Низом Қосим пури Ҷаҳонгир
3. Хайринисо Юсуфӣ
4. Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна
5. Раҷабова Лутфия Нусратовна
6. Сафаров Олимҷон Ҷусупович
7. Амрихудо Дамдор
8. Мансурова Дилрабо Сайдуллоевна
9. Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович
10. Холиқзода Абдураҳим Ғафор
11. Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна
12. Шариф Раҳимзода
13. Содиқова Насиба Нуруллоевна
14. Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин
15. Миралиев Қиёмиддин Абдусаломович
16. Ҳакимов Ориф Маъруфович


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба ин занон бовари надорам. ин занон аз сиесати дохилаю беруна фахмиш надоранд, хамаашон барои пенсияашонро баланд кардан ва барои карсакзани ва фасони депутат шудаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зато занони базебанд, парлумонро оро медиханд. Зато боз 5 соли дигар дар курсии мулоими парлумон кайф мекунанд.
Посух додан
  • TJK jonme

  • 5 март 2015 15:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hamin yak iloji digar kuned hamin BOBOI Faizro ham deputat kuned, eeei ana pas guruhaton perra meshavad.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Шабнами Сурайё хам намерасад. Ана баъд аз як тараф Бобои Файз очата бгу очата бгу ва аз тарафи дигар Шабнамчон ЭЭ вале валелелелеле вале карда мебурояд ана баъд ...Добро пожаловать вакилони "НАВ"
Посух додан
  • Karim

  • 5 март 2015 21:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо ин чи номест " Низом Қосим пури Ҷаҳонгир"! Ачабо ин чи шурест дар даври камар мебинам!!!! То хол хамчунин номе на дар Ирон дидам, ва на дар Афгонистон шунидаам! Хофиз бо ин кудрат, Саъди бо ин шухрат, Камол бо ин маърифат, Турсунзода, Улугзода ва Лоик сарфи назар аз бузургии хеш аз худнамоии сохта дур буданд! Мутмаинам ному шухрат точики боясти бошад, вале на бо рохи тумтарок сохтани аслу насаби худ

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!