Бахшҳо

Аз 63 курсии парлумон 51-тоаш насиби Ҳизби Президент шуд

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, дар парлумони нав соҳиби 51 курсӣ хоҳад буд.

Усмони Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ рӯзи 5 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ин теъдод 16 нафар аз рӯйхати ҳизбӣ ва 35 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ вориди парлумон шудаанд.

Ҳизби ҳокими Тоҷикистон дар пайи интихоботи соли 2010, 55 курсии Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони кишварро дар ихтиёр дошт.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи якуми марти соли равон баргузор шуда, барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон 288 номзад, ки аксари онҳо намояндаи яке аз 8 ҳизби сиёсӣ буданд, вориди рақобат шуд.

Бар асоси иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз 4 миллиону 319 ҳазору 395 нафари дорои ҳаққи раъй, 3 миллиону 791 ҳазору 827 танашон пойи сандуқҳо омадаву овоз додаанд, ки 87,8 дарсадро ташкил медиҳанд.

Натиҷаҳои аввалияи эълонкардаи ин ниҳод ба тарафдорӣ аз аҳзоби сиёсӣ чунин аст:

ҲХДТ - 2 миллиону 482 ҳазору 267 нафар ё 65,2 дарсади интихобкунандаҳо;
ҲНИТ - 58 ҳазору 28 ё 1,5 дарсад;
ҲКТ - 87 ҳазору 112 нафар ё 2,3 дарсад;
ҲАТ - 450 ҳазору 275 ё 11,8 дарсад;
ҲИИТ - 288 ҳазору 308 нафар ё 7,6 дарсад;
ҲДТ - 64 ҳазору 547 кас ё 1,7 дарсад;
ҲСД - 18 ҳазору 875 ё 0,5 дарсад;
ҲСТ - 210 ҳазору 328 нафар ё 5,5 дарсад.
Мӯҳр
Истиклол
оооооооо
Аслан бовар надорам ин такалуби махз аст.дилам ба овози халкам мезузад инро хама медонад

Офарин ба ҲХДТ дига рохат шудед, як ракиби вокеъи дар парлумон доштед ва он ҲНИТ буд, ки нагузоштед биёяд, холо худатон конунхоро бе ракиб, ором ва бо осоиши комил кабул кунед имзо кунед. Кайф карда бгарден.

Барои чи кам??? Агар ба интихобот нигох кунем баьзе шахрвандон хатто иштирок накарданду ба чонибдории ХХДТ овоз доданд, ман фикр мекардам, ки такрибан 65 нафар номзад аз ХХДТ бояд депутат мешуданд.
[

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)