Бахшҳо
12 мар 2015 08:09Тоҷикистон / Тема дня

Худкушии донишҷӯ ва ду мард дар шимоли Тоҷикистон

10 марти соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се ҳолати худкушии сокинон дар қаламрави вилояти Суғдро ба қайд гирифтаанд.

Манбаи “Озодагон” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мегӯяд, як тан аз афроди ба ҷони худ қасдкарда донишҷӯ будааст: “Ӯ сокини шаҳри Қайроққум буда, дар курси дуюми Донишкадаи куҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов таҳсил мекардааст ва рӯзи 10 март дар манзили иҷорааш дар шаҳри Чкалов худро меовезад”.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло далели худкушии ин ҷавони 20-сола ифшо нашудааст. Дар ду ҳолати дигар мардони соҳиби зану фарзанд ба ҷони худ қасд кардаанд: “Сокини ноҳияи Мастчоҳ -- Р.И., соли таваллудаш 1962, падари панҷ фарзанд ва бошандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов -- М.К.-и 45-сола, падари 3 фарзанд дар манзили иқоматии худ бо роҳи овехтан худкушӣ кардаанд. Ҳоло дар робита ба ҳарсе ҳолат тафтишоти идома дорад”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз худкушии ду сокини дигари Суғд дар рӯзи 8 март хабар расида буд. Як манбаъ аз Раёсати умури дохилии Суғд ба “Озодагон” гуфт, Б.О.-и 31-сола сокини шаҳри Конибодом ва А.К.-и 50-сола, бошандаи шаҳри Панҷакентро дар манзилҳои худ дар ҳолати овехта ёфтаанд.

Охирҳои моҳи феврали соли равон низ се ҳодисаи худкушии сокинон дар шимоли кишвар расонаӣ шуда буд, ки ҳамчунон тавассути ба дор овехтан даргузаштаанд.
Мӯҳр
Дилрабо
Холатхои даст ба худкуши задан тадкикот чидди мехохадо

фишор
Болои мардум фишори макомот зиед шуда аст аз семечка фуруш то сохибкор хамма ба дод омадестан

мумин
Аз хукматдорон хохиш менамоям ки олимони бузурги исломро баминбари Расулулох (с) баргардонда шаванд то ин ки окибати худкуширо дар охират ба мардум фахмонанд.Хусусан Хочи Мирзо ва Эшони Нуриддин-ро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)