Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 11:04

Ҷилавгирӣ аз худкушии як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав

16 март 2015, 13:43

Масъулини Раёсати федеролии назорати маводи нашъадори Русия дар шаҳри Маскав мегӯянд, аз худкушии як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин минтақа ҷилавгирӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар пайи як амалиёти кормандони Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадори Русия дар минтақаи Раменск аз ҳаммоми хонаи ба иҷорагирифтаи ду шаҳрванди Тоҷикистон 16 кило ҳероин ёфт ва мусодира шудааст.

Манбаъ афзудааст, яке аз ин шаҳрвандон бо дидани кормандони хадамот худро бо истифода аз тапончаи тровматикӣ парондааст, аммо дар натиҷаи расонидани ёрии тиббӣ, табибон захми ӯро сабук арзёбӣ карда мегӯянд, ба ҷонаш хатаре эҳсос намешавад.

Масъулини Раёсати федеролии назорати маводи нашъадори Русия гуфтаанд, ҳоло ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, онҳоро барои қочоқи 16 кило ҳероин, ки арзиши он дар бозори сиёҳ 16 миллион рубли русӣ арзёбӣ мешавад, аз 15 то 20 соли зиндон интизор аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!