Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:08

Ҷавонони Суғдро чӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебарад?

18 март 2015, 17:10

Исфандиёр ҲАИТОВ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муҳокимаи парвандаи 23 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” оғоз кардааст. Гуфта мешавад ин афрод охири соли гузашта ва аввали соли равон дастгир шуда, ҷавонони ноҳияҳои Истаравшану Конибодом, Исфара, Бобоҷон Fафуров ва Ашт мебошанд. Алайҳи ин дастгиршудагон, ки ҳоло додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи онҳоро муҳокима мекунад тибқи 187, қисми 2: “иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ” бандҳои 307, қисми 3: “иштирок дар фаъолияти созмони фаъолияташ манъшуда “-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон иттиҳом пешниҳод шудааст.

Тибқи иттилои Раёсати корҳои дохили дар вилояти Суғд давоми соли 2014 то моҳи марти соли 2015 137 нафар сокинони вилоят бо гумони иртибот ва фаъолият дошта бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастгир карда шудаанд. “Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундгаро буда, аз будани худ соли 2010 дар пайи ба дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Хуҷанд аз ҳастии худ ин гурӯҳ дарак дод. Пайваст шудани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро имрӯз кулли ҷомеаи кишварро ба ташвиш овардааст. Коршиносон сабаби пайвастани ҷавононро ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрав аз чанд зовия баҳо дода барои пешгирии чунин амалҳо қисматҳои гуногуни онро шарҳ медиҳанд.

Рӯзноманигор Набиюллоҳи Суннатӣ сабабҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз набудани ҷойи кор, шароити бади иқтисодӣ, набудани даромади муайяни ҳармоҳа, сармоягузорӣ ва ваъдаи пулҳои ҳангуфти хоҷаҳои хориҷӣ пиндошта ишора мекунад, ки суст будани идеологияи давлат ва аз ҳамин зовия набудани ҳисси ватандӯстиии ҷавонон онҳоро ба чунин ҳолат овардааст. Набиюллоҳи Суннатӣ дар идомаи сӯҳбаташ зикр дошт, ки радикализм дар кишварҳои бюрократӣ ва худкома бештар рушд карда, аз заъфтарин ҷой яъне мазҳаби будани омма истифода мекунад. Ва ҳамзамон дар ин замина бояд масъалаи ҳуқуқи ҷавонон барраси шавад, ки аз ҳимоя наёфтани ҳуқуқ ҷавонон иҷборан ба равияҳои фанатизм мепайванданд,-мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ин рӯзноманигор сатҳи таълиму тарбия ба ҳадде паст аст, ки ҷавонон на фақат Ватанро балки худро низ дӯст намедоранд ва аз ин хотир сарсупрдаи гурӯҳҳои экстрамистӣ шуда ҷонашонро ҳатто дареғ намедоранд. Дар мактабҳои махсуси психологии мазҳабӣ дарси ройгон бо маоши баланд мегиранд, ки барои амнияти на фақат як кишвар, балки як минтақа вуҷуди хатарзо дорад. Назарзода Шариф – сардори Раёсати умури дохилии Суғд, 9 январи соли равон зимни нишасти матбуотие дар шаҳри Хуҷанд аз гуруҳҳои ошкоршудаи экстремистиву террористӣ ном бурда, гуфта буд, 43 нафари боздоштшудаҳо аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, 37 тан узви ҷамоати “Ансоруллоҳ”, 9 нафар аъзои ҷамоати “Ҷундулло” ва 5 нафар аъзои “Ҳизб-ут-таҳрир”-мебошанд.

Дар ҳамин ҳол Шариф Қурбонзода – додситони собиқи вилояти Суғд, дар нишасти хабариии ин ниҳод зикр дошта буд, ки тайи 12 моҳи соли 2014, 173 ҷинояти хусусияти экстремистию террористидошта ошкор гардида, нисбат ба 123 нафар 43 парвандаи ҷиноӣ боз гаштааст. Бино ба қавли ӯ, ин афрод асосан аъзои “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби Исломии Туркистон”, “Давлат-ул-Ислом” ва “Ансоруллоҳ” буда, феълан 102 айбдоршаванда бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Ҳамзамон, Шариф Қурбонзода гуфт, соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 981 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд расидааст, ки ин рақам назар ба соли 2013, 16 адад ё 1,6 дарсад зиёд буда, кушодашавии онҳо 85,8%-ро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дохилаи кишварҳои СНГ аз боздошти 39 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 25 узви гурӯҳҳои тундрави маз-ҳабӣ, бо шумули 18 узви ҷараёни «Салафия», 4 узви «Ҳизб-ут-таҳрир» ва 2 узви «Ҷамоат-ул-таблиғ» хабар дода буд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи мустақим бо хонандагони ҳафтаномаи "Тоҷикистон"-и чопи Душанбе, ки рӯзи 2 октябр анҷом ва 15 октябр нашр шуд, гуфтааст, бар асоси маълумоти охирин, ҳудуди 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд ва то имрӯз аз ин шумор 50 нафари онҳо кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Неъматулло Мирсаидов – коршиноси масоили сиёсӣ ба Озодагон, гаравидани аксар ҷавонони суғдиро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ чунин шарҳ додааст: “Аввалан, мо бояд хеле хуб дарк кунем, ки вилояти Суғд ин қисми водии Фарғона аст ва дар ин ҷо мавқеи дин ҳамеша пурқувват буд. Баъдан, он давраҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, дар ин ҷо бесарусомонӣ ҳам пайдо шуд, ки боиси мавқеъ гирифтани бисёр равияҳои тундрави динӣ гашт. Онҳо бо қувваҳои экстремистии бурунмарзӣ робита пайдо карданд”.

Ахиран, Шариф Қурбонзода – собиқ прокурори вилояти Суғд, дар нишасти солонааш аз ҷавононе, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шудаву пушаймон гаштаанд, даъват карда буд, “ҳар нафаре, ки ба аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шуда бошаду ихтиёран омада, бо мақомот ҳамкорӣ намояд ва нишондод диҳад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад”. Тибқи иттилои охир пас аз эълони ваъдаи бахшиш чанд нафарон бо ариза ба Прократураи вилояти Суғд муроҷиат намудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!