Бахшҳо
19 мар 2015 17:44Ҳуқуқи инсон

“Ангушти шашум” ва ё ҳоли маъюбони тоҷик

Афзал БОСОЛИЕВ

Имрӯз мувофиқи маълумоти оморӣ 15 дарсади аҳолии рӯи замин аз ҷумла Тоҷикистонро ҳам нафарони имконияти маҳдуддошта ташкил дода, сол аз сол шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Баъзе аз коршиносон сабабҳои афзудани шумораи маъюбон дар кишварро аз нарасидани ғизои лозима дар организми инсон арзёбӣ кунанд, бархеи дигар зиёд шудани ин шумораро дар бисёр шудани никоҳи хешутаборӣ рабт медиҳанд. Ҳарчанд, ки шумораи онҳо ҳамасола дар кишвар зиёд шуда истода бошад ҳам вале ба ин қишри ҷомеа на он қадар таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.


Холаи Баҳринисо дар шаҳри Истаравшан бо ду нафар ҷигарбанди безабон ва шунавоияшон суст зиндагӣ мекунад. Маълумот гирифта натавонистани фарзандҳояш ӯро нигарон кардааст.
"Дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров мактаб барои безабонон ва ношунавоён вуҷуд доштааст. Шароитам имконият намедиҳад, ки ҳар рӯз инҳоро ба он ҷо бурда орам, чунки роҳ дур аст ва танҳо барои роҳкиро ҳар рӯз 35 сомонӣ маблағ лозим аст. Агар онҳо ба хобгоҳи мактаб ҷо кунам дилам намешавад, зеро онҳо ҳоло хурд ҳастанд".

Равоншинос Нигинаи Сафар иброз медорад, ки шахсони имконияти маҳдуд дошта набояд аз ҷамъият ҷудо карда шаванд, зеро ки онҳо худро дар ҷомеа нолозим дониста, дилшикаста мешаванд.
-Дар давлатҳои Аврупо барои ҳама новобаста аз он ки имконияти кӯдак маҳдуд аст ё не дар як мактаб дарс мегузаранд ва ин баробарҳуқуқии онҳоро дар ҷомеа таъмин мекунад. Дар кишвари мо бошад кӯдакони имконияташон маҳдудро дар мактабҳои алоҳида таълим медиҳанд, ки ин боиси ҷудоии онҳо аз ҷомеа гардида, ба рӯҳияи равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Дастнорас будани иншоот

Мушкилии дигари аксар маъюбон ин дастнорас будани иншоотҳо мебошад. Саодатхола қариб 20 сол мешавад, ки маъюб буда, дар яке аз биноҳи 4 ошёнаи шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Ин бино ба монанди дигар биноҳо замони Шӯравӣ сохта шуда, “лифт” надорад ва ҳатто роҳрави махсус дар зинапоя барои бо аробачаи маъюбӣ баромадану фаромадан низ мавҷуд нест.
“Вақте мехоҳам дар кӯча сайругашт намоям, аввалан аз баромадану фаромадан андеша мекунам. Дар зинапояҳо барои баромадану фаромадан бо аробачаи маъюбӣ ягон шароит нест. Маҷбур мешавам, ки дар хона нишинам. Аққалан ин бино лифт надорад, ки бемалол ба кӯча бароям“.

Шарофатхоларо бошад нагирифтани микроавтобусҳо ба ташвиш овардааст. Ӯ дар Исфисор зиндагӣ мекунад ва роҳ то бозори Панҷшанбе, маркази шаҳри Хуҷанд хеле дур аст. Маҷбур аст, ки барои ба кӯчаву бозор рафтан такси киро кунад, вале нархи он барояш “дандоншикан” асту дар ҳеҷ куҷо кор намекунад.
“Соатҳо дар кӯча интизори микроавтобус мешавам, аммо бефоида ягон тои он намедорад. Агар такси киро карда, ба бозор ва ё маркази шаҳр равам гӯям шароитам намебардорад. Танҳо барои он ҷо рафтан 25-30 маблағи роҳкиро лозим. Агар ҳаво гарм бошад як навъ мекунӣ, вале дар ҳавои сард бо зарурат як ҷо рафтан лозим шавад, вазъиятам боз ҳам душвортар мешавад”.
Дар ҳамин ҳол Аъзам як нафар ронандаи хатсайри дохилишаҳрии Хуҷанд мегӯяд мо ҳам кӯшиш мекунем, ки ба маъюбон ёрӣ расонем ва онҳоро ба манзилашон расонем. Дар микроавтобусҳо шароит нест, ки онҳо бемалол савор шаванд. Онҳо хеле азоб мекашанд.

Қонун маъюбонро ҳифз мекунад, аммо….

Аз рӯи мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки ба маъюбон на он қадар таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Аз рӯи қонун бояд ҳар як корхонаҳо новобаста аз шакли фаъолияташон вазифадоранд, ки то 15% -и кормандонашро аз ҳисоби маъюбон ташкил намоянд. Имрӯз дар шимоли кишвар дар шаҳри Хуҷанд барои бо кор таъмин кардани маъюбон танҳо як коргоҳ “Маркази хуҷандии иҷтимоӣ- эҳёкунии ҷамъияти нобиноёни Тоҷикстион” фаъолият мекунад, ки 423 нафар аъзо дошта, аз ин шумора ҳоло 60 нафар бо ҷои корӣ фаро гирифта шудаанд. Маоши онҳо аз 150 сомонӣ иборат буда, моҳона 12 рӯз кор мекунанд. Имрӯз шумораи коргарон ҳам бо сабаби бӯҳронҳои иқтисодӣ коҳиш дода шудааст. Баъзе аз кормандон мегӯянд моҳҳое мешаванд ки аз сабаби набудани кор ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот аз ин корхона қарздор ҳам мешавем. Ин коргоҳ “пришепка” ё ба истилоҳ “ҷомақаппак” истеҳсол мекунад. Аз сабаби он ки ин корхона худмаблағгузор асту бозори ин гуна маҳсулторо кишварҳои ҳамсоя гирифтааст, маҳсулоти онҳо имрӯз камхаридор аст. Кормандон мегӯянд замони Шӯравӣ дар ин ҷо 500 нафар кор мекарданд ва маоши онҳо барои зиндагиашон низ кифоягӣ мекард. Аммо масъулин коргоҳ мегӯянд ҳадаф аз ташкили кор дар имрӯза шароит ин бекор намондани чунин нафарон мебошанд. Дар ҳамин ҳол коршинос Тилав Расулзода мегӯяд аз рӯи қонун маъюбон аз бисёр имтиёзҳо бархурдоранд, вале дар асл он риоя намешаванд.

Аслан гирем қонуни ҶТ дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон пешбини кардааст, ки ҳар як корхонаҳо муаззафанд, ки новобаста аз шакли моликияташон “квота” барои маъюбон ҷудо кунанд. Имрӯз корхонаҳои давлатӣ ангуштшуморанд ва корхонаҳои хусусӣ бошанд, киро хоҳанд ба кор мегиранд. Аз рӯи мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар корхонаҳои давлатӣ онҳоеро ба кор қабул мекунанд, ки аз наздикони шахсони мансабдор бошанд ва маъюбон наметавонанд бидуни пуштибон ба кор ворид шаванд, ҳарчанд ки донишу малаки хуб дошта бошанд ҳам.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ бояд ба қонун назар афканем. Ҳар як маъюб хохиши онро надорад, ки мӯҳтоҷи касе бошад ва ин бо хости Худованд аст. Рӯзе мерасад, ки шояд ӯ ва наздикони ӯ ба ин ҳолат гирифтор мешаванд. Аз шахси аввал то шахси оддӣ бояд ҳамеша аз паи фаро гирифтани ғамхорӣ ва меҳрубонӣ нисбат ба ин табақаи аҳолӣ бошанд. Мақомоти прокуратура низ бояд ба иҷроиши қонун назорат барад ва он ашхосе, ки нуктаҳои қонунро риоя намекунанд муҷозот шаванд-“ хулоса мекунад ин коршинос

Нафақапулӣ ба маъюбон ва ё...?

Мувофиқи омор дар вилояти Суғд зиёда аз 47 ҳазор нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд ва дар маҷмӯъ маблағи нафақапулӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар 216 сомониро ташкил медиҳад. Ин танҳо омори расмӣ аст ва шояд теъдоди маъюбон аз ин ҳам зиёд бошанд, чун аз рӯи “минталитет” аксар волидайн маъюб будани фарзандони худро пинҳон медорад.

Парлумони кишвар низ ду сол қабл аз ин қарореро ба тавсиб расонид, ки тибқи он ҳамаи маъюбон бори дигар аз санҷиши мунфисона гузаронида шаванд. Ин иқдоми парлумонро аксар коршиносон нек пазируфтанд. Ба андеши Ваҳҳоби Назир як нафар коршиноси маҳаллӣ имрӯз кор то ҷое расидааст, ки аксар шахсони солим бо ҳар гунна роҳу восита худро маъюб элон кардаву нафақаи маъюбӣ мегиранд ва маъюбони воқеӣ аз ин гунна имкониятҳо бенасиб мондаанд. Шояд ин навбат он нафароне, ки воқен ҳам маъюбанд аз имтиёзҳои мавҷуда кам бошад ҳам бархурдор мешаванд. Моҳи гузашта Президенти кишвар ҳам дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таини нафақапулӣ ва сохтакории мақомотҳои дахлдор дар ин самт изҳори нигаронӣ карда ба масъулин супориш дод, ки нисбат ба ин масъала чораҷӯӣ намоянд.

“Қонунҳои кӯҳна”...

Бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки бештари қонунҳои марбут ба маъюбон замони Шeравӣ қабул шудаанд. Он вақт онҳо бо ҷои кор таъмин буданд ва аз тарафи коргоҳашон ба истироҳатгоҳҳо фиристода мешуданд. Имрӯз замона дигар шудаанд ва бояд дар қабули қарору қонунҳо маъюбон низ ҷалб карда шаванд, зеро мушкилоти онҳоро ба ҷуз худашон дигар нафарон хуб дарк карда наметавонанд. Мутаасифона имрӯз қонунҳои қабулшуда бе иштироки маъюбон сурат гирифтааст, ки дастнорасии онҳоро дар ҳамаи самтҳо нишон медиҳад. Хулоса имрӯз ба назар мерасад, ки дар кишвар мушкилоти маъюбон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа боқӣ мемонанд. Дастнорас будани иншоотҳо, роҳ, нақлиёт, хизматрасонии тиббӣ , имконияти кору фаъолият, донишандӯзӣ ва дигару дигарҳо ин ҳама пешорӯи маъюбон қарор доранд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)