Бахшҳо
21 мар 2015 12:12Ҳуқуқи инсон

«БРАК ПО РАСЧЕТУ»

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 25 зан аз шӯъбаи САҲШ-и шаҳри Қӯрғонтеппа хостаанд, ки дар шаҳодатномаи таваллуди тифлони навзодашон онҳоро «модари танҳо» ва тифлашонро расман «кӯдаки бепадар» сабт кунанд. Яъне тақрибан дар ду рӯз як зан даъво пеш меорад, ки «модари танҳо» аст ва намехоҳад исми падари кӯдакро ифшо кунад. Иллатҳои аслии чунин ангеза, ки тадриҷан ба тамоюл табдил меёбад, чист?

пАРҲЕЗИ ЗАНОН АЗ БАСТАНИ НИКОҲ. БА ХОТИРИ «МОДАРИ ТАНҲО» ШУДАН?

Маҳбуба Бобоҷонова, сармутахассиси шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки вақтҳои охир шумораи занҳое, ки намехоҳанд дар санадҳои фарзандонашон номи падарро сабт кунанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Тибқи қонун, занон ҳуқуқ доранд, ки шахсияти падари тифли навзодашонро маҳфуз нигоҳ доранд ва худро ҳамчун модари танҳо ва ягона парастори фарзанд ба қайди давлатӣ бигиранд (албатта, агар падари фарзанд ягон даъвои дигар надошта бошад). М. Бобоҷонова гуфт, ки тақрибан ҳар ду рӯз як зан ба шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа омада, худро ҳамчун «модари танҳо» ба қайд мегирад.
- Имрӯз занҳо ҳуқуқи худро хуб медонистагӣ шудаанд, - идома медиҳад М. Бобоҷонова. - Баъзе занҳо ҳатто худашон намехоҳанд, ки никоҳи худро дар шӯъбаҳои САҲШ расман ба қайд бигиранд. Ҳадафи ин хел занҳо танҳо таваллуди тифл мебошад ва мехоҳанд, ки худашон кӯдакро тарбия кунанд. Масалан, бисёр занон фарзандашонро гирифта ба Русия мераванд. Агар кӯдак танҳо ба номи чунин модарон сабт шуда бошад, барояшон гирифтани иҷозати расмии падари кӯдак лозим нест. Аммо агар зан «модари танҳо» набошад, дар чунин маврид иҷозати падари кӯдакро ҳатман бояд дарёфт кунад, ҳатто агар бо падари тифлаш никоҳ надошта бошаду онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуда бошанд. Ана барои ҳамин хел ҳолатҳо шуда, занҳо ҳам имрӯз аз бастани никоҳ парҳез мекардагӣ шудаанд, бехабар аз он ки бо чунин рафтор дар оянда ба фарзандашон зиёни маънавию равонӣ расонида метавонанд.

«КӮДАКОНРО БА НОМИ ХУДАМ ГУЗАРОНИДАМ…»

Зане, ки худро Манижа ном мебарад, гуфт, ду фарзанд дорад ва ба ҳар яке аз онҳо насаби худро дода, дар шаҳодатномаҳояшон онҳоро «кӯдаки бепадар» сабт кардааст. Зеро, ба иддаои ӯ, падари фарзандонаш аз таъмини иҷтимоии онҳо даст кашида, тарки хонавода намудааст. Ҳамакнун Манижа метавонад бидуни мушкилоти ҳуқуқӣ, фарзандонашро бо худ ба муҳоҷирати корӣ барад, амале, ки то ин замон бе дарёфти иҷозаи расмии падари кӯдаконаш анҷом дода наметавонист. Ҳоло Манижа бо ҳадафи ҷамъоварии маблағ барои харидани манзили зист дар Русия кору зиндагӣ дорад.
- Шавҳарам моро тарк гуфт. Чандин сол мешавад, ки бо ҳадафи ҷамъоварии маблағ барои сохтани хона ба фарзандонам ба Русия меравам. Ба кӯдакон насаби худамро додам, то ки онҳоро бо худ ба Русия бурда тавонам. Бе ин ҳам падарашон дар ҳаёт ва тарбияи онҳо иштирок намекунад, кӯмак намерасонад. Ҳоло танҳо ба умеди худам ҳастам. Дигар шавҳар ҳам накардам, то фарзандонам рӯҳан азоб накашанд. Ҳоло ҳама кору зиндагиам барои онҳост, - мегӯяд Манижа.

«МОДАРОНИ ТАНҲО АСОСАН ЗАНОНУ ДУВВУМУ СЕЮМАНД…»

Вале ин ягона сабаби афзоиши ба истилоҳ «модарони танҳо» дар Қӯрғонтеппа набудааст. Сумайя Нуруллоева, равоншиноси созмони ҷамъиятии «Бонувони Хатлон», мегӯяд, дар аксар маврид модарони танҳо занони дуввуми ҳамсарони худ ҳастанд ва зери фишори ҳамсар, аз ифшои номи ӯ худдорӣ мекунанд.
- Модарони танҳо дар бисёр маврид занҳои дуввуму сеюм ҳастанд, - иброз медорад С. Нуруллоева. - Чунин мардҳо аз ҳамсарони якуми худ, аз барҳам хӯрдани оилаи якуми худ меҳаросанд. Барои ҳамин ба зани дуюмашон мегӯянд, ки аз кӯдакро ба фамилияи худат гузарон, номи маро дар шаҳодатномааш қайд накун, барои ба камол расониданаш кӯмак мерасонам.
Хонум Нуруллоева афзуд, ки баъзе аз «падарони тарсу» ба хотири ҳифзи мансаби худ ҳам аз масъулияти падарӣ ба кӯдаке, ки аз занони дигар ба дунё омадааст, сарпечӣ мекунанд. Ба иддаои ӯ, бархе мардон, ки мансабдор ҳастанд, намехоҳанд, ки таваллуди тифле (ва он ҳам аз зани дуввуму сеюм, бе никоҳи расмӣ) ба карйераи онҳо таъсири манфӣ расонад. Барои ҳамин ба «шарики ҷинсӣ»-ашон пешниҳод мекунанд: «Ту кӯдакро ба номи худат гузарону номи маро ифшо накун, ман ҳама хароҷоти нигоҳубини кӯдакро ба гардан мегирам…»

АЗ ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНИ ПАДАРНОШИНОС БИТАРСЕМ

Коршиносон мегӯянд, солҳои охир чунин мисолҳо бас зиёд шуда, афзоиши теъдоди кӯдакони бепадар метавонад пайомадҳои начандон хуби иҷтимоӣ дошта бошад. Кӯдакон падарони худро намешиносанд, эҳтимол бародарону хоҳарони худро ҳам, ки падарашон яку модарашон гуногун бошад. Масалан, ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизионии Русия мебинем, ки ҷавонписару ҷавондухтар ҳарду, ё яке аз онҳо падари аслии худро намешиносанд ва дунёбехабар бо ҳам муомилаи ҷинсӣ мекунанд. Худо аз он рӯзҳои наҳс нигаҳ дорад, ки чунин хатар барои ҷомеаи мо ҳам таҳдид мекунад. Тасаввур кунед, агар фарзандон падарро нашиносанд, шумораи «модарони танҳо» афзудан гирад, оё кафолат дода метавонем, ки мо низ бо чунин проблема рӯ ба рӯ нахоҳем шуд?
Падароне, ки солҳо дар муҳоҷирати корӣ ҳастанду кӯдакон дар оилаҳои нокомил ба воя мерасанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз аз замони таваллуд рӯйи падари худро намебинанду танҳо дар тарбияи модари худ боқӣ мемонанд, пеш аз ҳама ин зарбаи сахти равонӣ ба кӯдакон расонида, дар онҳо эҳсоси комплекс ва нобоварӣ ба худро ташаккул медиҳад.
Вале ин мушкили ягонаи ҷомеаи мо нест. Мутаассифона.

НИКОҲҲОИ ОМЕХТА ВА ХАТАРҲОИ ОН БА ГЕНОФОНДИ МИЛЛАТ

Солҳои охир дар шаҳри Қӯрғонтеппа шумори домодҳои чиноӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ва ғолибан ин никоҳҳо ғайрирасмӣ баста шуда, дар идораҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ расман ба қайд гирифта намешаванд. Албатта, никоҳҳои омехтаро қонунгузории кишвари мо манъ намекунад. Агар чунин никоҳҳо дар заминаи ишқу муҳаббати самимӣ баста шаванд, чӣ хуш. Вале…
Сумайя Нуруллоева, намояндаи созмони ҷамъиятии «Бонувони Хатлон», мегӯяд, дар вилояти Хатлон шумораи муҳоҷирони чиноӣ кам набуда, онҳо асосан дар бозор, дар умури кишоварзӣ ва корхонаҳои хурди оҳангудозӣ фаъолият мекунанд. «Аммо дар аксари маврид худи занони тоҷик ва ҳам шаҳрвандони Чин аз бастани никоҳи расмӣ худдорӣ мекунанд. Ин аст, ки бархе аз заноне, ки бо хориҷиён издивоҷ кардаанд, аз мавриди азияту хушунат қарор гирифтан тавассути шавҳарони хориҷиашон ба созмони мо шикоят мекунанд. Ба наздикӣ зане ба назди мо омада дар бораи сарнавишти дугонааш нақл кард. Он зан аз ноилоҷӣ ва мушкилоти иҷтимоияш бо марди чиноие оила барпо кардааст. Аммо баъди чанде ба дугонааш шикоят намудааст, ки шавҳараш ӯро азияти ҷинсӣ медодааст. Бечора зан фикр намекардааст, ки шабҳо дар баробари ҳамсараш дигар чиноиҳо ҳам бо ӯ ҳамхоба мешудаанд. Азбаски зоҳиран чиноиҳо ба ҳам монанданд, ӯ хаёл мекардааст, ки ҳамсари худаш бо баҳонаи сигоркашӣ ҳар дафъа аз хона берун шуда, ба назди ӯ бармегаштааст», - мегӯяд С. Нуруллоева.

Вай афзуд, ин зан, ки мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифтааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷеъ нашуда ва нахостааст, ки ба қавле ангуштнамои мардум гардад. Аммо вай ба кӯмаки ҷиддии равонӣ ниёз дошта, аз машваратҳои равоншиносон истифода мекунад.
Ин зан ҳамчунин аз шавҳари чиноияш чизе ба мерос нагирифтааст, чун бо ӯ никоҳи расмӣ надошта ва аҳдномаи никоҳро ҳам набастааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон, хориҷиёне, ки азми издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистонро доранд, бояд нахуст як сол дар ин кишвар зиндагӣ карда ва барои арӯсони худ манзили истиқоматие муҳайё намоянд.

«БРАК ПО РАСЧЕТУ» Ё МУҲАББАТИ ПОК?

Маърифат Навкарова, коршиноси мустақил, бар ин назар аст, ки занон дар аксар маврид танҳо ба хотири беҳсозии вазъи иҷтимоии худ даъвати хориҷиёнро барои издивоҷ мепазиранд. «Аммо ба андешаи мо, барои аксар чиноиҳои муқимӣ никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон лозим нест, онҳо танҳо мехоҳанд хона дошта бошанду озод гаштугузор кунанд. Хонумҳои мо барояшон мисли як пешхидмат ҳастанд. Мо медонем, ки ҳоло ҳам бисёре аз бонувони тоҷик бо чиноиҳо ҳамзистӣ доранд. Агар бо муҳаббат бошад, боке нест, аммо рӯшан аст, ки онҳо қурбони фиреб ва қурбони вазъи сангини иҷтимоӣ шудаанд ва барои луқмаи ноне ба издивоҷ бо чиноиҳо розӣ мешаванд. Мо чунин никоҳро ҷоиз намедонем…»
Аммо на ҳама таҳлилгарон ба издивоҷҳои омехтаи шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ мухолифат нишон дода, пайомадҳои нохуби иҷтимоиро пешгӯӣ мекунанд. Усмон Билолӣ, сардабири нашрияи «Набзи Қӯрғонтеппа», мегӯяд, дар бастани никоҳи занҳои тоҷик бо мардҳои хориҷӣ мушкилеро намебинад. «Дар мавриди никоҳҳои омехта ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки тифл ҳамеша забони модари худро ёд мегирад. Издивоҷи мардони тоҷик бо хонумҳои хориҷӣ бамаротиб хатарноктар аз издивоҷи занони тоҷик бо мардони хориҷист. Зеро агар занро шавҳараш тарк бикунад ҳам, кӯдак забони модари худ азбар карда, тарбияи модари худро мегирад», - иброз медорад Усмон Билолӣ.

Ҳамин тавр, дар чанд соли охир ба дунболи сарозер шудани шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон занҳои тоҷик, ки мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, розӣ мешаванд, ки бо онҳо издивоҷ кунанд. Агар баъзеҳо кӯшиш кунанд, ки дар бештари маврид шаҳрвандони ғарбиро ба шавҳарӣ бигиранд ва дар хориҷа ба сар баранд, пас гурӯҳе дигар ба хотири таъмини рӯзгору беҳсозии вазъи иҷтимоӣ ба никоҳи омехта розӣ мешаванд.
Дар ин маврид бояд ба ёд дошт, ки Худованд ризқи инсонро ҳамеша медиҳад, танҳо «аз мо ҳаракату аз Ӯ баракат». Яъне заруратҳо ва тангдастӣ баҳонаи издивоҷи маҷбурӣ бо хориҷиён нест. Чунин «брак по расчету» умри тӯлонӣ нахоҳад дошт. Бар ивази 4-5 кило картошкаю 2 кило гӯште, ки хориҷие ба зан меорад, набояд зан худро дар чорсӯи зиндагӣ роҳгумзада дарёбад. Зеро бисёр шуда, ки пас аз ҳомиладоршавии зан шавҳари хориҷияш ӯро зуд тарк карда, ба кишвараш фирор мекунад.

Хеле таассуфовар аст, ки баъзе аз чунин занҳо бо ғаразе ба издивоҷи хориҷиён розӣ шуда, ба фарҳанги бегона ва бе огоҳӣ аз фарҳангу маданияти рӯзгордории онҳо рӯ меоранд. Оқибати аксар никоҳҳои омехта, ки бунёдаш муҳаббат нест, пошхӯрӣ ва азиятҳои равонист. Чанде пеш айни ин масъаларо дидем, ки духтари тоҷике бо ҷавоне аз Туркия издивоҷ карду баъд аз муддате сукунат дар Тоҷикистон қасди сафар ба Туркия намуд. Вале ин як ҳилаи аҷибе буд, ки дар ниҳоят фарзанди он занро шавҳари туркаш гирифта, занро бо дасти холӣ маҷбуран ба Тоҷикистон фиристод.
Орзуи мо ҳам ба зани тоҷике, ки дар рӯ ба рӯйи интихоби ҳамсар, ва он ҳам ҳамсари хориҷӣ, қарор дорад, танҳо ҳамин аст:
Муҳаббати пок, ақли солим, хираду фаросати азалӣ, худшиносию ғурури миллӣ!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)