Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 13 апрел 2021, 10:23

Боздошти се ноболиғ бо иттиҳоми дуздии мошин

27 март 2015, 14:12

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 6 нафар, бо шумули 3 ноболиғ хабар дод, ки дар дуздии мошин муттаҳам мешаванд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, 25 март кормандони пулис ду ҷинояти ғайриқонунӣ бурдани автомобилро ба қайд гирифтаанд, ки баъди як рӯз, 26 март ошкор гардидааст. Манбаъ мегӯяд, дар рабудани автомашинаи “Мерседес-Бенс”-и сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат, ки дар ҳудуди терминали “Сайёд” қарор доштааст, панҷ нафар аз сокинони шаҳри Ваҳдат гумонбар ҳастанд: “Аз ҷумла се нафарашон ноболиғони 17-сола, 16-сола, 14-сола ва ду нафарашон ҷавонони 19 ва 20-сола мебошанд”.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ВУД як марди 21-солаи Душанбе низ бо иттиҳоми рабудани сабукрави “ВАЗ-21013”-и сокини 18-солаи пойтахт дастгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахли бесаводон (озодагон)! Номи Вазорат, Агенти ва Кумитахоро ба таври дуруст, хамон тавре, ки дасдик шудаанд нависед! Умури дохилb НЕЕ! Корхои дохили! Дар ин давре, ки ба шумо бо ин матлаб мурочиат кардаанд мардум, алакай хамдунахо дар сахнахои сиркхои дунё раксиданро ёд гирифтанд.....
Бо чопш накни, ки уБол шава дар хактон....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!